Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Юнон ба хушунат кашида шуд


Бархӯрди тазоҳургарони юнонӣ бо маъмурои интизомӣ дар рӯбарӯӣ парлумони ин кишвар
Бархӯрди тазоҳургарони юнонӣ бо маъмурои интизомӣ дар рӯбарӯӣ парлумони ин кишвар

Музокироти ҳизби ҳокими сотсиалисти Юнон бо аҳзоби мухолиф ба хотири ташкили эътилоф натиҷа дод.

Сарвазири Юнон Георг Папандреу ба дунбол гуфт, дар кобинааш таҷдиди назар карда, дар ҳамин ҳафта масъалаи эътимод ба ҳукумати навро ба маърази раъйгирии парлумон хоҳад гузошт.

Ин иқдом дар пайи боз як рӯзи эътирозҳои оммавӣ дар кӯчаҳои Юнон ва хашми мардум аз барномаи коҳиши масрафот аст, ки давлат ба хотири аз вартаи бӯҳрони қарзҳояш берун кашидани ин кишвар рӯи даст гирифтааст.

Даргирии полис ва норозиён дар Юнон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
Линки мустақим



Ҳизби мухолифе, ки музокироти чандинсоатаи дирӯзааш бо ҳизби ҳокими сотсиалист натиҷа надод, истеъфои Папандреуро як шарти аслӣ барои ташкили ҳар навъ эътилоф хондааст. Телевизиони давлатии Юнон ва манобеъи расмии дигар, ки бидуни бурдани ном сӯҳбат кардаанд, мегӯянд, Папандреу рӯзи чоршанбе бо раҳбари ҳизби демократияи ҷадид Антонис Самарис вориди гуфтугӯ шуд ва Самарис метавонад ба хотири
Сарвазири Юнон Георг Папандреу

таъмини ҳимоят аз силсилаи тадобири шадиде, ки дар ивази бастаи нави кӯмакҳои молии ИА ва Сандуқи байналмилалии пул аз давлати Юнон тақозо мешавад, ба суфуфи кобина ҷалб шавад. Аммо манобеъи мухолифин мегӯянд, онҳо танҳо дар сурати бозбинии шароити дарёфти ин кӯмакҳои беруна, ба эътилофи ҳоким шомил хоҳанд шуд.

Ин ҳама раддубадалҳо дар ҳолест, ки Афина, пойтахти Юнон, дирӯз шоҳиди боз як рӯзи дигари эътирозҳои густурда алайҳи тадобири шадиде шуд, ки давлат мехоҳад дар парлумон тасвиб кунад. Ин тадобир аз ҷумла барномаи ҷадиди афзоиши андозҳо, коҳиши масрафот ва фурӯши моликияти давлатӣ то соли 2015-ро дар бар гирифта, бахше аз тақозоҳоест, ки Юнон бояд барои дарёфти бастаи навбатии кӯмакҳои ИА ва СБП иҷро кунад.

Ҷамъи кӯмакҳои ваъдагии ин ду ниҳод барои Юнон 110 миллиард еврост ва тасвиби ин барномаи ҷадид, пешшарти иттихози бастаи навбатии ин ёриҳост. Аммо нақшаҳои давлат ба мавҷи фазояндаи қаҳру хашми мардум ҳам рӯбарӯ буда, бисёриҳо мӯътақиданд, ки давлат ғайриодилона мехоҳад бори гуноҳи ноқобилии худ ва фасодро ба дӯши мардуми оддӣ бор кунад. Рӯзи чоршанбе тақрибан 20 000 нафар ба хиёбонҳои маркази Афина рехтанд ва аксар дар ин раҳпаймоӣ сардамдорони давлатро дузду хоин хитоб мезаданд.



Пулис алайҳи тазоҳургароне, ки дар рӯбарӯи бинои парлумон сангандозӣ доштанд, аз гази ашковар истифода бурд ва раҳпаймоӣ ба даргирӣ низ печид. Ҷавонони хашмгин ба сохтмони вазорати молияи Юнон “коктейлҳои Молотов” низ андохтанд.

Бино ба хабарҳо, дар ин даргириҳо дастикам 10 нафар, бо шумули як пулис, ҷароҳат бардошта, даҳҳо тан боздошт шудаанд.

Маритина Эфидакӣ, яке аз эътирозгарон дар Афина гуфт, ӯро ҳисси тарс аз ояндааш ба хиёбон овардааст: "Ман 25 сол дорам. Ман намедонам, ки ояндаам чӣ хоҳад шуд. Ман аз вазъи кунунӣ хеле дар хашмам ва агар ман ба эътироз напайвандам, пас кӣ бояд эътироз кунад?”

Мақомот мегӯянд, 20 000 тани дигар дирӯз дар Салоникӣ, бузургтарин шаҳр дар шимоли Юнон низ раҳпаймоии эътирозӣ доир кардаанд.

Георг Папандреу ҳатто дар дохили ҳизби худ ба фишор рӯбарӯст. Ду рӯз пеш як вакили парлумон аз ҳизби сотсиалист ба нишони эътироз кобинаи Папандреуро тарк гуфт. Ҳарчанд ҳизби ҳоким боз ҳам бо 155 курсӣ аксарияти парлумони 300-нафарии Юнонро дар назорат дорад, ин бартарӣ хеле андак ва осебпазир менамояд, чунки дастикам як вакили дигари сотсиалист низ таҳдид кардааст, ки алайҳи барномаи ҷадиди коҳиши бештари масрафот раъй хоҳад дод.

Бо ин ҳама, чунин ба назар меояд, ки Юнон ҳамвора пой ба сӯи вартаи хатарноки расвоии молӣ мегузорад. Ба расвоӣ расидани бӯҳрони қарзҳои Юнон метавонад ба сурати силсилаӣ, кулли минтақаи евроро таккон диҳад ва Аврупо ҳам дар чунин шароит ночор аст, дасти ин шарики пой дар вартаашро муҳкам бидорад ва ба ҳеҷ сурат ба “парвози озод” сараш надиҳад. Аммо суол ҳам ин аст, ки то кай?
XS
SM
MD
LG