Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилаҳо аз Созмони Шонгҳой дар Остона


Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона эъломияи муштаракеро ба тасвиб расонданд.

Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки 10 сол пеш таъсис шуд ва Тоҷикистон ҳам яке аз муассисони он аст, бештар доир ба масоили амниятӣ ва иқтисодӣ ҳарф заданд.

Русия бо истифода аз минбари он Амрикоро интиқод кард, ки мехоҳад дар Аврупо сипари
Барои расидани Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба ҳадафҳои худ дар минтақа бахусус дар ташкили як созмони байналмилалии иқтисодӣ, ҳанӯз роҳи дарозе дар пеш аст...

дифоъи мушакиашро таъсис диҳад ва Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон аз он гилоя кард, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ин созмон кофӣ нест ва бояд ба ин масъала расидагӣ шавад. Ӯ ҳамчунин масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ ва баҳрабардорӣ аз захираҳои об дар минтақаро ба миён кашид, ки ба гуфтаи ӯ доғу доғтар мешавад. Ӯ ҳамчунин аз заъфи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар расидагӣ ба нооромиҳои соли гузашта дар Қирғизистон як узви дигари созмон интиқод кард ва гуфт, бояд кишварҳои узв дар расидагӣ ба ин бӯҳронҳо фаъолтар бошанд.

Аммо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия муболиға кард, ки Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, тайи 10 соли гузашта, кори хуберо ба анҷом расондааст: “Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мураттаб кор мекунад, то низоми муассири вокуниш ба таҳдидҳои амниятӣ барои сулҳу субот дар минтақаро таъсис диҳад. Ва ғолибан ин муҳимтарин вазифае буд, ки мо тайи даҳ соли ахир иҷро кардем, ки он ҳам барои фароҳам кардани шароит барои устувортар кардани эътимоди байниҳамдигарӣ, шарокат ва рушди озоди фарҳангҳои гуногун буд.“

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст, аз сустии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи созмон интиқод карда ва гуфтааст, барои расидан ба ин ҳадаф, бояд монеаҳои сунъӣ ва мушкилоти сарҳадию нақлиётӣ, бартараф шавад, ки зоҳиран ишорае ба Узбакистон аст, ки давлати Тоҷикистон аз амалкардҳои он то ба Созмони Милал шикоят бурдааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз талоши Афғонистон барои гирифтани мақоми нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳимоят кардааст. Ин созмон дар заминаи созмоне таъсис шуд, ки Тоҷикистону Қазоқистон Қирғизистону Русияву Чин соли 1996 ба хотири ҳалли баҳсҳои марзӣ ташкил дода буданд.

Баъдан Русиву Чин бозигарони аслии созмон, онро соли 2001 ба ҳайси рақибе НАТО таъсис доданд ва ҳоло ба он ба ғайр аз панҷ кишвари ёдшуда Узбакистон ҳам шомил аст ва Покистону, Ҳинду Эрон низ чашм дӯхтаанд, ки бинобар ихтилофоти назари кишварҳои узв зоҳиран онҳоро ба зудӣ ба ин созмон намепазиранд.

Ба гуфтаи Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси Маркази мутолиоти стротежии тобеъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо вуҷуди гузашти як даҳа, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳанӯз ба як созмони комили тавоно табдил нашудааст:
“Барои расидани Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба ҳадафҳои худ дар минтақа бахусус дар ташкили як созмони байналмилалии иқтисодӣ, ҳанӯз роҳи дарозе дар пеш аст. Чунки ин созмон як давраи ташаккулёбии худро аз сар мегузаронад, дуввум, ки дар созмон ду кишвари бузургтарини минтақа Русия ва Чин ҳузур доранд ва самти асосии он созмонро ҳардуи онҳо муаяйн мекунанд ва возеҳ аст, ки ин ду кишвар дар баробари фаъолият дар самти рушди ҳамгироии минтақа, наметавонд, манофеъи амнияти миллии худро низ сарфи назар кунанд. Ба фикри ман яке аз сабабҳои сустфаъолиятии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳамин аст.”

Тоҷикистон агарчӣ бо узвият дар созмон тавонист, як баҳси марзии худ бо Чинпро ба таври баҳсбарангез ва додани як ҳазор километри мураббаъи қаламраваш ҳал кунад ва ҳам аз Чин садҳо миллион доллар сармоя ба даст орад, аммо ба ҳадафи дигараш, яъне узвияти Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ноил нашудааст.

Бо вуҷуди ташвиқи Тоҷикистон, ки шарики наздикаш Эронро ба узвияти созмон бипазиранд, Русияву Чин ва ҳамчунин Ӯзбакистон хоҳони дидани Эрон дар созмон нестанд, зеро Русияву Чин метарсанд, ки Эрон бо барномаҳои баҳсбарангези атомӣ ва гирифтор бо таҳримоти байналмилалӣ метавонад, барои созмон мушкил эҷод кунад. Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари созмони “Диалог” дар ин бора мегӯяд:
“Чин ва Русия наметавонанд, ки дар сурати пазируфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой масоили берун аз созмонро ба инобат нагиранд. Маҳз ҳамин масъала аст, ки онҳо худдорӣ мекунанд. “

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, ки дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой нутқи оташине дошт, ба таъсиси низоми наве дар ҷаҳон даъват кард ва гуфт, “ҳеҷ яке аз миллатҳо ва давлатҳои минтақа дар ин зиштиҳои таърихӣ нақш надоштаанд ва омили аслии ҳами ин нобасомониҳо, мудирияти ҳамон бардадорон ва истеъморгарони гузаштаи ҷаҳон аст. “
XS
SM
MD
LG