Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи гурӯҳи хашмгин ба додгоҳи Бадахшон


Як гурӯҳи номаълум бо ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон кормандони додгоҳи вилоятро лату кӯб кардааст.

Мақомоти интизомии вилояти Бадахшон мегӯянд, 10-уми июн соатҳои 16:30 дақиқа гурӯҳи номаълум ба бинои Додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамла овард. Онҳо вориди утоқҳои корӣ шуда, чизу чора ва таҷҳизоти дохили утоқҳо, аз ҷумла мизу курсӣ ва комютерҳоро шикастанд ва зарари умумӣ ба гуфтаи мақомот, 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон вазъ дар шаҳри Хоруғ мӯътадил аст ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пайи дастгир намудани шахсони дар ҷиноят гумонбаршуда ҳастанд...


Ҳамлаварон ҳамчунин Холиқ Халилов, муовини раиси додгоҳи Бадахшон, Акбар Сафаров, додгустар ва як шаҳрвандро, ки дар дохили бино қарор доштааст, латукӯб намудаанд, ки дар натиҷа ҳарсеи онҳо ба беморхона афтоданд. Гурӯҳи ҳамлагарон ҳамчунин шишаҳои пеши додситонии шаҳрро шикаста, ба бино зараре расондаанд, ки 3 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.

Ба иттилои Мизроб Доробов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон, айни ҳол ҳувияти 20 нафар аз ҳамлаврон маълум шуда, барои боздошти гумонбаршудагон гурӯҳи фаврӣ таъсис ёфтааст:

"Дар раёсати корҳои дохилӣ, аз ҳисоби кормандони варзидаи раёсат ва шӯъбаҳои корҳои дохилии вилоят, як гурӯҳи муташаккили фаврӣ таъсис ёфтааст. Айни замон вазъ дар шаҳри Хоруғ мӯътадил аст ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар пайи дастгир намудани шахсони дар ҷиноят гумонбаршуда ҳастанд.“

Мақомоти интизомии вилоят аз додани иттилоъ доир ба теъдоди афроди боздоштшуда худдорӣ карданд, вале чун аз шиносоӣ шудани 20 нафар сӯҳбат мекунанд, эҳтимол меравад, дар ҳамла издиҳоми мардум ширкат кардааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ дар ин ҳамла наздик ба 30 нафар ширкат доштаанд.

Ҳамла ба биноҳои додгоҳ ва додситонӣ бо анҷоми мурофиаи додгоҳии Қаюм Раҳмихудоев сурат гирифт. Номбурда дар куштор муттаҳам шудааст. Додгоҳ ӯро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард ва аммо ҷонибдорони маҳкумшуда, ҳукмро ноодилона хондаанд, зеро ба фикри онҳо, маҳкумшуда шахси дигарро, ки ба манзилаш даромадааст, дар ҳолати дифоъ аз худ куштааст ва додгоҳ ин ҳолатро ба назар нагирифтааст.

Тибқи овозаҳо, нафаре аз кормандони додгоҳӣ ба ивази маблағи муайян, ҷазои сабуктарро барои айдоршаванда ваъда дода будааст. Аммо иҷро нагардидани ваъда ва эълони ҳукм, сабаби сар задани ҳодиса шудааст. Манбаъҳое, ки хабарнигори Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, мавҷудияти чунин овозаҳоро дар шаҳр таъйид карданд. Аммо бархе аз афрод ба ин овозаҳо бовар надоранд ва онҳоро ғаразнок мешуморанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ин воқеа ҳеҷ гуна изҳороти расмӣ пахш накардааст.
XS
SM
MD
LG