Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарту шароити кӯч додани сокинони атрофи Роғун


Ҳудуди 30 000 нафар сокини ноҳияи Нуробод ва Роғун аз маҳалли бунёди обанбори Роғун бояд кӯч дода шаванд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, бояд меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал дар кӯч додани ин сокинон муроот шавад. Хадамоти мониторинги созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, як силсила мушкилоти ин сокинонро ба баррасӣ гирифта ва пешниҳодоти худро барои рафъи он ба ниҳодҳои зидахл ироъа кардааст.

"ҲУҚУҚИ СОКИНОН РИОЯТ ШАВАД"

Масъалаи риояи ҳуқуқи сокинони минтақаи обанбори Роғун, ки бояд бикӯчанд, мавриди гуфтугӯи ширкаткунандагони як нишаст бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буд. Ҳудуди 30 ҳазор сокини 63 деҳкадаи Нуробод ва Роғун, ки зери обанбори Роғун хоҳанд монд, бояд ин минтақа кӯч дода шаванд. Корҳои муқаддамотӣ ба ин манзур анҷом мегирад ва ҳатто як мудирияти давлатии танзими ин кор низ таъсис шудааст. Созмонҳои нозири ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон талош доранд мавридҳои нақзи ҳуқуқи сокинон зимни кӯч доданро ошкор ва дар ҷилавгирӣ аз он муосидат кунанд.

СОКИНОН ШИКОЯТ ДОРАНД

Таҳмина Ҷӯраева, ҳамоҳангсози барномаи мониторинги кӯчонидани сокинон аз минтақаи обанбори Роғун дар Бюрои ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯяд, сокинони ин минтақа, ки бояд кӯч дода шаванд, аз чанд маврид шикоят доранд, аз ҷумла онҳо мехоҳанд, ки хона ва амволи онҳо дубора ҳисоб ва қиматгузорӣ шавад. Зеро қимати амволи онҳо чандин сол пеш муайян шудааст, ки дар сурати дарёфти ҷуброн ба он ҳисоби қаблӣ сокинон зиён хоҳанд дид.

Ӯ мегӯяд: «Дар мулоқотҳое, ки бо сокинони минтақаи обанбори Роғун доштем, онҳо мегуфтанд, ки арзёбӣ ва қиматгузории хона ва амволи онҳо чандин сол пеш анҷом шудааст ва дар он замон қиматҳо дигар буд ва дар ин муддат қиматҳо боло рафта ва таваррум низ афзудааст. Ва агар қимати чандин соли пеш ба онҳо пардохт шавад, имкони сохтмони хонаҳои навро нахоҳанд дошт. Мушкили дигаре, ки сокинон аз он шикоят доранд, ин аст, ки ҷубронпулии сохтмони хона дар чор марҳила дода мешавад, ки барои анҷоми кори сохтмони хонаҳо кифоят нахоҳад кард. Ҳамчунин бархе сокинон мегӯяд, ки кормандони МБТИ бидуни ҳисобу китоби аниқ, бо мушоҳидаи чашм, ба хона ва амвол нарх мегузоранд.»

Ин сокинон хостори баррасии мушкилот ва шикоятҳои худ ҳастанд. Масъулони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ин мушкилот ҳоло дар ҳоли шакл гирифтан ҳаст ва ба марҳилаи бӯҳронии худ нарасидааст. Ва аз он бояд ҷилавгирӣ кард. Аммо посухи мақомот чист? Зоҳиран мақомоти марбута ҳоло посухе ба ин суолҳои матраҳнамудаи созмонҳои ҳуқуқи башар надоранд.



Манучеҳр Ҷамилов, як масъули Муассисаи давлатии мудирияти минтақаи зери обшавандаи Роғун, ки масъулияти расидагӣ ба мушкили мазкурро дорад ва дар нишасти бахшида ба ин масъала ҳузур дошт, аз ҳар гуна посухи мушаххас ба чунин суоле худдорӣ намуд. Ӯ гуфт: «Мо нав ташкил шудем, аз моҳи январ ба ин сӯ фаъолият дорем, се соли пешашро намедонам.»

Аммо ба ҳар ҳол, сокинон дар фикр ва ҳоли кӯч бастан ҳастанд. 30 ҳазор нафар ё 7164 хонавода аз ин минтақаи обанбори Роғун бояд кӯч бандад. То кунун 186 хонавода аз ин минтақа ба Данғара ва Турсунзода муҳоҷир шудаанд.

ИДДАЕ РАФТАНД МЕХОҲАНД, ИДДАЕ МУХОЛИФАНД

Масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ мегӯянд, фикри сокинони ин минтақа ба ду гуна шудааст, яке ҷавононанд, ки дар фикри рафтан ва сохтмони зиндагии хубтар ва дигаре солмандон, ки дар фикри мондананд ва ба рафтан ба ҳар қимате мухолифанд.

Вале суоли дигаре, ки матраҳ шуд ин аст, ки агар Бонки Ҷаҳонӣ то кунун тарҳи Роғуро тайид накардааст, чаро барномаи кӯч додани сокинон рӯи даст омада ва агар фарз бар ин бошад, ки БҶ ин тарҳро таъйид накунад, ин сокинон дубора ба ҷойҳои зисти минтақаи обанбор боз хоҳанд гашт?
XS
SM
MD
LG