Пайвандҳои дастрасӣ

Интизор меравад, соли оянда Тоҷикистон дар СММ доир ба мубориза бо шиканҷа дар боздоштгоҳҳо гузориш диҳад.

Чун Тоҷикистон узви Конвенсиюни алайҳи шиканҷаи Созмони Милал аст, бар асоси муқаррарот, ҳар панҷ сол як бор дар назди як кумитаи махсуси ин созмон доир ба талошҳояш барои маҳви шиканҷа ва ё роҳ надодан ба ин зуҳурот гузориш медиҳад.

Гурӯҳе аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ҳоло гузоришеро дар ин замин таҳия мекунанд ва диди худро доир ба вазъи истифода аз шиканҷа дар Тоҷикистон ба Созмони Милал хоҳанд гуфт. Таҳмина Ҷӯраева, муовини раиси Бюрои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Тоҷикистон, доир ба ҷараёни таҳияи гузориши алтернативӣ гуфт:

Ҷавоб: Охири соли 2010, Бюрои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Тоҷикистон пешниҳод кард, то барои таҳияи Гузориши алтернавтивӣ дар бораи иҷрои Конвенсиюни Созмони Милал алайҳи шиканҷа эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис шавад. Ба ин эътилоф ҳамроҳи созмони мо, ҳафт созмони ғайриҳукуматии дигар шомил ҳастанд, аз ҷумла, Иттиҳодияи ҳуқуқдонони шаҳри Хуҷанд “Ампаро”, Иттиҳодияи занҳои ҳуқуқдон, Иттиҳодияи ҷумҳурии вакилони дифоъ, "Сипар", Иттиҳодияи вакилони дифоъи Суғд, созмони ҷамъиятии “Имконоти баробар” ва созмони ҷамъиятии "Эр Ди Ай". Дар чаҳорчӯби ҳамин эътилоф мо, Гузориши алтернативии иҷрои Конвенсиюни Созмони Милал алайҳи шиканҷаро таҳия мекунем ва рӯзи 6-уми июн тамоми намояндагони ин созмонҳо дар як нишаст ҷамъ омада ва роҳҳои таҳияи гузоришро баррасӣ кардем.

Суол: Шумо барои таҳияи ин гузориш, иттилооти лозимиро чӣ гуна ҷамъ мекунед, аз худи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон ва ё мақомоти расмӣ?

Ҷавоб: Дар ҳамон нишаст мо қарор кардем, ки аз ҳайъати эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ ду гурӯҳ таъсис дода шавад, як гурӯҳ барои ҷамъоварии иттилоот ва гурӯҳи таҳлилӣ. Иттилоъро аз вакилони дифоъе ҷамъ мекунем, ки дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа кор мекунанд ва ҳам аз ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳое, ки ба масоили мубориза бо шиканҷа сару кор доранд. Гурӯҳи таҳлилӣ баъди ҷамъоварӣ, иттилоотро хулоса карда ва бо таҳлил гузориши алтернативӣ дар бораи иҷрои Конвенсиюни Созмони Милал алайҳи шиканҷаро таҳия мекунад.

Суол: Оё қазияи пурсарусадои марги Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки ба гуфтаи хешовандонаш бар асари латукӯби кормандони милиса ҷон дод, дар гузориши шумо зикр хоҳад шуд?

Ҷавоб: Бале. Парвандаи Сафаралӣ Сангов ба гузориши алтернативӣ шомил карда мешавад ва ҳам қазияҳои дигари марбут ба шиканҷа, ки созмони мо сари онҳо кор мекунад.

Суол: Зимнан, чунин қазияҳои шиканҷаи боздоштшудагон зиёданд, оё оморе ҳаст, ки имсол назар ба соли гузашта кам шудааст ва ё зиёд?

Ҷавоб: Умуман чунин омор вуҷуд надорад, вале агар зиёд ҳам набошад, вале ҳаст. Яъне ҳар рӯз чунин ҳодисаҳо мушоҳида намешавад, вале мавридҳои алоҳида ва ҷиддӣ ҳаст, ки ба онҳо бояд фавран расидагӣ кард ва ё чорае андешид. Ҳодисаҳое ҳаст, ки ба онҳо чашм пӯшида ва ё онҳоро нодида гирифта намешавад. Аз ҷумла, латукӯб ва ё сӯистифода аз вазифа аз тарафи мақомоти давлатӣ.

Суол: Аммо гузориши алтернативии созмонҳои ғайридавлатӣ дар бораи иҷрои Конвенсиюни Созмони Милал алайҳи шиканҷа аз тарафи Тоҷикистон кай такмил ва ба ин созмон пешниҳод мешавад.

Ҷавоб: Гузориши миллии Тоҷикистон дар бораи иҷрои конвенсиюн моҳи октябри соли гузашта такмил шуда ва ба Кумитаи маҳви шиканҷа дар Созмони Милал пешниҳод шудааст. Нусхаи пешакии гузориши мо то охири моҳи августи ҳамин сол омода мешавад ва қасд дорем, онро то охири моҳи декабри соли 2011 ё каме дертар ба кумитаи Созмони Милал пешниҳод кунем. Санаҳо метавонанд, тағйир ёбанд ва замони баррасии гузоришҳои Тоҷикистон дар Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал ҳам мушаххас нест, вале ба асоси иттилооти муқаддамотӣ, барасии гузоришҳо баҳори соли 2012 дар назар дошта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG