Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври 13-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон


Шоми ҷумъаи 3-юми июн бозиҳои даври 13-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон ба анҷом расиданд.

Натоиҷи бозиҳои чунин аст: «Равшан»(Кӯлоб) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 5:0, «Вахш» ( Қӯрғонтеппа)- «Хуҷанд» (Хуҷанд)- 2:0, ССКА “Помир” (Душанбе) - «Энергетик»(Душанбе) 1:3, «Хайр»(Ваҳдат)- Регар -ТадАЗ" (Турсунзода) 0:3, «Гвардия»(Душанбе – «Истиқлол»(Душанбе) 2:5.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 26 имтиёз дар ҷои аввал мебошад.Тими «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 25 имтиёз дар ҷои дуввум аст. Дастаи «Регар-ТадАЗ» низ 25 имтиёз ба даст овардааст. Ва бо дар назардошти таносуби тӯпҳо, дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар бораи натоиҷи бозиҳои даври 13-ум дар гузориши оянда муфассал маълумот хоҳем дод.
XS
SM
MD
LG