Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташрифов озод шуд. 61 ҳазор сомонӣ ба ивази маҳбас


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ раиси бахши тиҷорати Кумитаи давлатии радио ва телевизони Тоҷикистон, Ҳабибулло Ташрифовро дар ришватситонӣ бо ҳаҷми бузург ва тақалуби санадҳо айбдор дониста, аммо ба ивази ҷаримаи 61 ҳазор сомонӣ дар толори мурофиа озод кард.

Раиси мурофиаи ин парванда, Бахтиёр Искандаров, бо таъйиди ин хабар гуфт, ки дар доираи ҳамин мурофиа корманди дигари Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, Олим Раҳимов низ бо пардохти 3,5 ҳазор сомонӣ аз маҳбас раҳо шудааст.
Камбизоатон, ки маблағи зарари расонида ва ҷаримаро пардохта наметавонанд дар паси панҷара мемонанд, аз ин лиҳоз одилона шумурдани ин ислоҳ нодуруст аст...


Ҳабибулло Ташрифов дар моҳи сентябри соли гузашта аз тарафи кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, ҳангоми ришваситонӣ ба маблағи 30 ҳазор доллар боздошт шуда буд. Ба дунболи боздошти ӯ ва бо ишора ба равобити хубаш бо мақомоти баландпоя, пешгӯӣ мешуд, ки ин қазия бо хисороти андаки ҷаноби Ташрифов анҷом хоҳад шуд.

Аммо аз толори мурофиа ба ин осонӣ раҳо шудани як нафар, ки сӣ ҳазор доллар ришва ситонидааст ва маблағи камтар аз нисфи онро пардохт
Вакилони парлумони Тоҷикистон зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мурофиаҳои додгоҳӣ, иҷозат додаанд, ки ҷинояткорони ҷурмҳои иқтисодӣ бо пардохти ҷарима аз маҳбас озод шаванд.

кардааст, суолҳоеро ба миён овард, ки оё одилона аст, вақте мансабдорон ва ё наздикони онҳо бо даст задан ба ришваситонӣ дар ҳаҷми бузург ба курсии айбдорӣ нишаста, вале бо ҷаримаи андак аз толори додгоҳ раҳо мешаванд?

Ба иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, аз сад 70 дарсади парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ба кормандони идораҳои давлатӣ рабт мегирад, ки бо истифода аз мансабу имконот ба буҷаи давлат даст мезананд.
Аз сӯи дигар ҳар нафар, хоҳ доро ва ё нодор, қабл аз он ки ба кисаи давлат даст мебарад, огоҳона даст мебарад ва медонад ки муртакиби чӣ муҷозоте хоҳад шуд...



Ҳуқуқдони тоҷик, Шуҳрат Қудратов, мегӯяд, раҳоии муттаҳамҳо хилофи қонун нест, зеро соли гузашта вакилони парлумони кишвар зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мурофиаҳои додгоҳӣ, иҷозат доданд, ки ҷинояткорони ҷурмҳои иқтисодӣ, ба монанди ришватситонӣ, фасодкорӣ ва тақаллуби аснод бо пардохти ҷарима аз маҳбас озод шаванд. Ба қавли ӯ як рӯзи зиндон барои ин афрод ба беш аз 17 сомонӣ баробар будааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00
Линки мустақим



Ислоҳи қонунро вакилони парлумон як амали башардӯстона шарҳ медиҳанд, вале азбаски умдатан ришвахорону фасодкорон кормандони ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд, хоҳ нохоҳ суоле дар зеҳни шаҳрвандон халқ мешавад, ки мақомот ба истилоҳ “илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ андешидаанд.”

Мо аз коршиноси соҳаи ҳуқуқ, Шӯҳрат Қудратов пурсидем, ки оё сарнавишти афроде, ки бар асоси ин банди қонун муттаҳам шудаанд, вале тавонмандии молӣ надоранд ва наметавонанд ҷаримаро пардохт кунанд, чӣ мешавад? Ӯ гуфт: "Камбизоатон, ки маблағи зарари расонида ва ҷаримаро пардохта наметавонанд дар паси панҷара мемонанд, аз ин лиҳоз одилона шумурдани ин ислоҳ нодуруст аст. Зеро ин танҳо ба ба шахсони мансабдору пулдор мувофиқ аст."

Аммо ба назари вакилони парлумони Тоҷикистон, ин ислоҳ имкон медиҳад шахси гунаҳкор вақти худро сарфи зиндон накунад ва хисороти молиро бо ҷубронпулӣ дар озодӣ бипардозад.

Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон
Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон, ки ҳангоми ворид намудани ин ислоҳ раъйи мусбат додааст, мегӯяд: "Аввалан, шахсе, ки буҷаи давлатро хӯрдааст, вақте ба маҳбас кашида мешавад, фарзандонаш сарсон мемонанд, худаш дар маҳбас аз ҳамаи имконот маҳрум карда мешавад ва ҳамин тавр наметавонад зарари ба давлат расонидаашоро пас гардонад. Ҳатто ин нафар агар аз маҳбас ҳам раҳо шавад, дигар маҷоли кор кардани худро гум мекунад. Ин ҳама паҳлуҳоро бар кашида мо ин иловаро ворид кардем."

Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеъ, ки дар мурофиаҳои марбут ба ҷиноёти иҷтисодӣ ширкат кардааст мегӯяд, "албатта, ин қонун барои онҳое, ки тавони пардохти ҷаримаро надоранд то андозае ноодилона мебошад. Вале аз сӯи дигар ҳар нафар, хоҳ доро ва ё нодор, қабл аз он ки ба кисаи давлат даст мебарад, огоҳона даст мебарад ва медонад ки муртакиби чӣ муҷозоте хоҳад шуд."
XS
SM
MD
LG