Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман дар гирдоби ҷанги ногузири шаҳрвандӣ


Яман, фақиртарин кишвари нимқораи Араб, рӯзторӯз ба гирдоби ҷанги ногузири шаҳрвандӣ фурӯтар меравад.

Эътирозҳо бо талаби истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз поёни солҳои 70, инак 32 сол боз бар Яман ҳукумат меронд, дар пайи даст кашидани Солеҳ аз роҳкори Шӯрои ҳамкории Халиҷ ба
Дар Яман 47 табиби тоҷик кор мекунанд, ки асосан тавассути 3 ширкати русии "Техностройэкспорт", “Здравэкспорт” ва “Экспортстрой” истихдом шудаанд...

хушунатҳо ва охируламр ба набардҳо байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангиёни қабоил мунҷар шуд ва ин даргириҳо алакай ба марзи Санъо, пойтахти Яман расидаанд.

Бино ба хабарҳо, имрӯз ҳазорон афроди мусаллаҳ ба хотири пуштибонӣ аз раҳбари қабилаи Ҳашид Содиқ Аҳмар роҳии Санъо шуданд. Нирӯҳои Аҳмар чанд рӯз боз дар шимоли Санъо алайҳи нирӯҳои давлатӣ меҷанганд ва танҳо шаби гузашта дар ин задухӯрдҳо дастикам 15 нафар кушта шудаанд.

Авзоъ дар ин шабурӯз дар Санъо ба суратест, ки дар бархе гӯшаҳои пойтахт даргириҳо ва дар гӯшаҳои дигараш тазоҳуроти эътирозӣ бо талаби истеъфои Солеҳ мушоҳида мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00
Линки мустақим



Дирӯз низ дар ҷараёни задухӯрдҳо дар Санъо ҳудуди 40 нафар ҷон бохта, ҳамин шумори дигар аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар Таиз, як гӯшаи дигари ошӯбзада дар ҷануби Санъо кушта шудаанд. Бурузи дигарбораи даргириҳо байни мухолифин ва нирӯҳои содиқ ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Таиз ба дунболи нақзи оташбасест, ки қаблан дар инҷо имзо шуда буд.

Ин оташбас маҳз ба далели аз имзои роҳкори пешниҳодии Шӯрои ҳамкориҳои халиҷ даст кашидани Солеҳ лағв шуд. Тибқи ин роҳкор, Солеҳ метавонист дар сурати истеъфояш дар зарфи 30 рӯзи оянда аз ҳар навъ таъқибу муҷозот масуният касб кунад.



Банди дигари ин роҳкор ташкили давлати интиқолӣ таҳти раёсати намояндаи мухолифин буд, ки бояд Яманро барои баргузории як интихоботи ҷадиди демократӣ омода мекард, вале Солеҳ дар ниҳоят ин роҳи ҳалли буҳрони Яманро напазируфт.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ гуфт, яқин шуда, ки ҳузури Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба як манбаъи низоъи бузург ва дар ин рӯзҳои охир ба манбаъи ҳатто иқдомоти низомиву хушунат табдил ёфтааст: "Мо наметавонем то замони аз роҳ канор рафтани раисиҷумҳур Солеҳ ва давлати ӯ ва ба мухолифин ва ҷомиаи шаҳрвандӣ додани имкони шурӯъи гузариш ба ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ чашмбароҳи поёни ин низоъ бошем."

Дар Яман 47 табиби тоҷик кор мекунанд, ки асосан тавассути 3 ширкати русии “Техностройэкспорт”, “Здравэкспорт” ва “Экспортстрой” истихдом шудаанд. Ҷамъи шаҳрвандони тоҷик дар Яман, бо шумули аҳли
Абдулло Юлдошев

хонаводаҳои табибон, беш аз 200 нафар баровард мешуд. Вале бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Арабистони саудӣ, ки Яман низ таҳти пӯшиши ҳамин сафорат қарор дорад, ба муҷарради анҷоми соли таҳсил аксари табибони тоҷик аҳли хонаводаҳои худро аз Яман ба Тоҷикистон фиристодаанд ва феълан дар ин кишвари ошӯбзада ҳудуди 135 тан аз атбои Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Абдуллоҳ Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат хеле бодиққат таҳаввули вазъ дар Яманро пайгирӣ дорад, вале ҳанӯз кадом барномаи хуруҷи изтирории шаҳрвандони тоҷик аз ин кишварро рӯи даст нагирифтааст. Оқои Юлдошев аммо гуфт, дар сурати вахимтар шудани вазъи Яман онҳо ночор хоҳанд шуд, дар ҳамроҳӣ бо ширкатҳои русии корфармои табибони тоҷик дар фикри изтироран берун кашидани онҳо шаванд.
XS
SM
MD
LG