Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон дар пасманзари болоравии нархҳо, аз афзоиши маоши ҳадди миёнаи мардум иттилоъ додаанд.

Дар ҳоле ки аксари таҳлилгарони масоили иқтисодӣ ба ин рақами Оҷонсии давлатии омор бо шубҳа назар мекунанд, муовини раиси ин ниҳод Гурез Аминов мегӯяд: ”Оҷонсӣ пайваста ҳар моҳ гузориш пахш мекунад ва маълумотро дар расонаҳои давлатӣ интишор медиҳад. Яъне маоши номиналӣ маънои онро дорад, ки дар он сармуҳосиб маошу мукофотпуливу даромадҳоро ҳам ба назар мегирад. Ва аз рӯи ҳаҷми умумӣ, маоши ҳадди миёна ҷамъу тарҳ карда мешавад. Дар Тоҷикистон дар моҳи март ба ин тараф маоши ҳадди миёна аз 100 доллар гузаштааст ва дар моҳи март назар ба моҳи феврал 12 дарсад афзуда, ҳудуди 472 сомонӣ-муодили 103 доллар шудааст.»

Дар Тоҷикистон ҳанӯз қонун дар бораи ташхиси маоши ҳадди миёна ва ё мушаххас кардани ҳадди аксари зиндагии мардум нест, ки пайваста сабади истеъмолиро таъйин кунад.

РАҚАМҲОИ ШУБҲАОВАР?

Иқтисоддони тоҷик Давлатназар Ҷумъаев мегӯяд, ки модоме чунин қонунҳо нестанд, идораҳои давлатӣ дар ташхиси ҳадди миёнаи маош ва ё ҳадди ақаллу аксар, рақамҳои шубҳаоварро пешниҳод мекунанд. «Агар Қонун дар бораи ҳадди аксари мардум амал мекард, он вақт вобаста ба баланд шудани дигар навъҳои маошҳо мисли ҳадди ақаллу аксар, ҳадди миёна боло мерафт, аз ин рӯ як низоми муайян кардани шохиси ҳадди миёнаи маош вуҷуд надорад. Идораҳои давлатӣ маълумот пешниҳод мекунанд ба таври худмонӣ ва ғайримуташаккилона маълумот медиҳанд. Аз ин рӯ ин оморҳоро дақиқан дуруст шуморидан ба ҳақиқат наздикӣ надорад.»

"МО ГӮШТРО МОҲҲОИ ДАРОЗ НАМЕБИНЕМ"

Ва бо вуҷуди ин, сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ки имрӯзҳо дар баробари сангинии нархҳои бозор, 100 доллар ва ё бештар аз 100 доллар чизе нест.

Руқия Мавлонова, омӯзгори яке аз мактабҳои Тоҷикистон мегӯяд: «Бо сад доллар фақат орду картошкаву пиёзу сабзию равған мехарӣ, агар он ҳам ба сар расад. Ман дар моҳ 380-400 сомонӣ мегирам. Мо гӯштро моҳҳои дароз намебинем. Охир чизи дигар ҳам хӯрдан даркор ку, агар хоҳӣ, ки меваву ин меваҳои баҳориро хурӣ, аслан маоши ҳади миёна намерасад.»

ДАР ҚИЁС БО ҲАМСОЯҲО ДАР КУҶОЕМ?

Ҳарчанд Оҷонсии омори кишвар мегӯяд, ки дар зарфи 20 соли истиқлолият, ин хабари хушҳолкунанда мебошад, вале дар қиёс бо ҳамсояҳои фақиртарини худ, Тоҷикистон дар сутуни маоши ҳадди миёнаи кишварҳои собиқ шӯравӣ дар ҷои охир буда пас аз Қирғизистон қарор дорад. Масалан дар Қирғизистон ин нишондиҳанда ба 158 доллар, дар Узбакистон муодили 326 доллар ва дар Қазоқистон баробар ба 595 доллар будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG