Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуруснанишинӣ"-ро маҳдуд карданд


Тазоҳуроти хиёбонӣ дар моҳи феврали соли 1990( акс аз бойгонӣ)
Тазоҳуроти хиёбонӣ дар моҳи феврали соли 1990( акс аз бойгонӣ)

«Гуруснанишинӣ»- ҳамчун як шакли эътирози иҷтимоӣ, нахустин бор дар қонунгузории Тоҷикистон ба расмият даромад.

Сайид Ҷӯрахонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ислоҳоти ворида ба Қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоиштаро шарҳу тавзеҳ медод гуфт, ба фарқ аз қонуни ҷорӣ, ин ислоҳот ҳар кадоме аз шеваҳои эътирози иҷтимоӣ, аз ҷумла маҷлис, гирдиҳамоӣ, раҳпаймоии осоишта ва гуруснанишинӣ мушаххас ва шароиту зарурат ва тарзи иҷрои онро муайян кардааст.

МАҲДУДИЯТ ДАР БАРГУЗОРИИ ЭЪТИРОЗҲО

Вай афзуд, мафҳуми гуруснашинӣ барои аввалин бор дар қонунгузории Тоҷикистон ворид карда шуд, ки бар пояи ин муқаррарот шахс ҳақ надорад дар маконҳои ҷамъиятӣ ва дар назди идора даст ба чунин амал занад: «Дар қонуни пештара дар бораи гирдиҳамоӣ буд, аммо дар бораи иштирокчии фаъол, нафаре, ки бештар аз дигарон дар гирдиҳамоӣ фаъолият дорад, одамонро ташвиқу тарғиб мекунад набуд. Барои чунин шахс қонун ҷарима муқаррар кардааст аз 15 то 30 фоизи ҳадди ақали маош.”

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ
Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз вакилони парлумон аз ҷумла Исмоил Талбаков, вакил аз ҲКТ, ҷой додани калимаи «маҷлис»- ро дар як радиф бо мафҳумҳои гирдиҳамоӣ, раҳпаймоӣ нодуруст шуморид. Зеро гуфт ӯ, барои масалан баргузории ҷаласаи ҳизбӣ ва ё як созмони иҷтимоӣ, дарёфти иҷозаи мақомот шарт нест: «Аз ин пешниҳод калимаи «маҷлисҳо» бардошта шавад. Чунки ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳастанд, ки онҳо дар доираи ойинномаҳои худашон маҷлису ҷамъомадҳо мегузаронанд. Ва барои маҷлисро ҳамчун қонунӣ ғайриқонунӣ ҳисоб кардан ин аз рӯи мантиқ ҳам дуруст намеояд.»

Аммо ин пешниҳодро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагон рад кард ва гуфт, ки бисёре аз гирдиҳамоиҳои солҳои пеш аз ҳамин маҷлисҳои бидуни иҷозат шурӯъ шуда буданд: «Ман фикр мекунам, ки бисёр вақт ҳамон гирдиҳамоиҳову намоишҳо ҳам аз маҷлисҳо сар мешавад. Бисёр чизҳо дар маҷлисҳо сар мешавад: даъватҳо, баъди як соат биёед бароем. Фалонҷо равем. Дар бисёр ҷойҳо дида истодаем ку. Лекин агар, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар маҷлис вайрон шавад онро албатта пешгирӣ кардан даркор. Бо силоҳ не, бо воситаҳои махсус.»

МАҲДУДИЯТИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДӢ

Дар ҳоле, ки мақомот тағйироти ворида ба ин қонунро бар хотири таъмини риояти ҳуқуқи инсон арзёбӣ мекунанд аммо бархе аз фаъолони сиёсӣ мегӯянд, ки ҷилавгирӣ аз гуруснанишинии як нафар дар назди муассиса ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баракс маҳдудияти ҳуқуқи шаҳрванд аст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, аз ҲНИТ

Мирҳусейн Назриев, як коршиноси сиёсӣ мегӯяд, бо чунин тарзи изҳори эътироз, шахс мехоҳад таваҷҷӯҳро ба мушкилии худ ҷалб кунад ва ӯ наметавонад дар хона даст ба ин амал занад.

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, ки новобаста ба ворид кардани тағйирот дар қонуни танзимкунандаи эътирозҳои иҷтимоии оммавӣ, мақомот шароит барои баргузории онҳоро намедиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки баргузории эътирозҳои осоишта як рукни низоми мардумсолорист.

ТАЪРИХИ ГИРДИҲАМОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Зимнан аввалин гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон дар авохири солҳои 80 барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ сурат гирифта буд. Сипас дар ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 ва баъдан дар баҳору тирамоҳи соли 1991, гирдиҳамоиҳои васеъ пойтахти Тоҷикистон ва бақияи манотиқи кишварро фаро гирифт.

Бо ин ҳол Сайид Ҷӯрахонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ҳамзамон вобаста ба ислоҳоти ин қонун тағйирот ба қонуни милисаро низ шарҳ медод гуфт, ҳаводиси ахири кишвари ҳамсояи Қирғизистон, ки боиси кушта шудани чандин ходими милиса низ шуд водор мекунад, ки милисаи тоҷик барои пешгирии ҳаракатҳои хафвноки шаҳрвандон аз тирҳои резинӣ ва дар сурати зарурат аз силоҳи оташфишон низ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG