Пайвандҳои дастрасӣ

То се соли пеш Афғонистон ягон зиндони занона надошт ва маҳбусони занро дар зиндонҳои мардона нигоҳ медоштанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, занон дар чунин зиндонҳо ба бадрафториву ҳатто хатари таҷовуз ба номус рӯбарӯ буданд. Аммо акнун, ки дар Афғонистон дастикам 3 зиндони вижа барои занон сохтаанд, вазъи маҳбусони зан то куҷо беҳтар шудааст?

"ОЗОДИРО МЕХОҲАМ"

Лидо, амсоли аксари занони маҳбус дар зиндони Бодомбоғи Кобул, мӯътақид аст, ки ӯро бегуноҳ зиндонӣ кардаанд: “Ҳафт сол мешавад, ки зиндониам ва озодиро мехоҳам. Дар ин 6-7 сол ҳар қадар, ки лозим буд, ислоҳ шудам. Аз ин зиёдаш кас уқдаманд мешавад.”

Занони зиндонии маҳбаси Ҳирот
Лидо бо ҷурми куштор ба 16 соли зиндон маҳкум шуда, то 3 соли пеш дар зиндони Пуличархӣ адои ҳукм мекард. Ин зиндон бо шароити сахти маҳбусонаш ном баровардааст ва Лидо низ эътироф мекунад, ки дар Пуличархӣ то замони таҳвил ба ин маҳбаси ҷадиди занона дар минтақаи Таҳиямаскани пойтахти Афғонистон, рӯзи сиёҳе дошт.

ВАЗЪИ ЗАНОНИ ЗИНДОНӢ БЕҲТАР ШУДААСТ

Занони маҳбус шароит дар Бодомбоғро қобили таҳаммул ва худи ин зиндонро тозатар медонанд, вале муҳимтар аз ҳама, дар инҷо хатари рӯбарӯ шудан ба таҷовуз ба номус, ки дар зиндонҳои дигари Афғонистон фаровон мушоҳида мешавад, камтар будааст.

Сохтмони муосири сеқабатаи зиндони Бодомбоғ ҳудуди 160 маҳбуси занро, ки баъзеаш кӯдак ҳам доранд, мегунҷонад. Ин маҳбас дар пайи нашри хабарҳо ва шикоёт пиромуни ба истеъмори ҷинсӣ дучор шудани маҳбусони зан дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои мавҷуд дар вилоёти Бодғису Ғур ва Лугар бо кӯмаки молии Ғарб сохта шуд. Афғонистон то соли 2008 ягон зиндони занона надошт ва маҳбусони зан дар ҳуҷраҳои алоҳидаи зиндонҳои мардона дар канори садҳо ҷинояткор ва зери назари зиндонбонҳои мард нигоҳдорӣ мешуданд.

Як зани зиндонӣ бо фарзандонаш дар зиндони Шибирғон

Маҳбусони Бодомбоғ таҳти назари зиндонбонҳои зан қарор дошта, метавонанд либоси миллии афғонӣ бар тан озодона дар дохили маҳбас гаштугузор кунанд. Онҳо дар зиндон саводу компутар ва касбҳои дигаре, чун дӯзандагиву дарздӯзӣ меомӯзанд. Ҳар ҳуҷраи зиндони Бодомбоғ телевизор дорад. Имтиёзе, ки дар дигар зиндонҳои Афғонистон тасаввурнопазир аст.

ИСТИҚБОЛ АЗ ЭҲДОСИ МАҲБАСҲОИ ЗАНОНА

Ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла Куммиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон аз талошҳо барои эҳдоси маҳбасҳои алоҳидаи занона дар Кобул ва манотиқи дигар, аз ҷумла дар Ҳироту Хуст истиқбол мекунанд. Ғуломнабӣ
Занон дар маҳбаси Кобул савод меомӯзанд

Ҳаккок, масъули ин куммиссиюн аммо мегӯяд, боз ҳам то ҳол дар аксари вилоёти кишвар чунин зиндонҳо сохта нашудаанд.

Ӯ афзуд, дар Панҷшеру Майдону Вардак, Каписову Лугар ва чандин минтақаи дигар маҳбусони занонро ҳамчунон дар маҳбасҳои мардона нигоҳ медоранд ва дар ин зиндонҳо ҳатто шустушӯи бадан барои як зан чандон соддаву осон нест.

Ба далели камбуди маҳбасҳову боздоштгоҳҳои махсус, муттаҳамини зан тайи муддати таҳқиқот таҳти васояти мақомоти вижаи мавсум ба “амин” гузошта мешаванд, ки аксар мардонанд ва ба гуфтаи Ғуломнабии Ҳаккок, занон таҳти васояти аминҳо дар як шароити хеле осебпазиру беҳимоят қарор гирифта, дар бисёр маворид аз сӯи амин ба бадрафториву истеъмор гирифтор мешуданд: “Вақте баъзе занонро дастгир мекарданд, ӯро ба дасти як нафари мутанаффизу мӯсафеди ҳамон маҳал месупурданд. Баъди дахолати кумиссиюни мо, чунин маворид хеле коҳиш ёфт.”

НАҚЗИ ҲУҚУҚИ ЗАНОНИ ЗИНДОНӢ

Ба гуфтаи оқои Ҳаккок, бунёди маҳбасҳои сирф занона танҳо ними ҳалли мушкил буда, масъалаи сахти дигар, нақзи ҳуқуқи занони маҳбус дар зиндонҳои Афғонистон аст.

Занон дар маҳбаси марказии Кобул

Дар миёни тақрибан 500 зани маҳбус дар ин кишвар даҳҳо тан бо ҷароими куштор ё дуздӣ зиндонӣ шудаанд. Вале шумори онҳое низ зиёд аст, ки бо ҷароими ахлоқие, чун фирор аз шавҳари бадрафтор ё муошират бо марди номаҳрам, равонаи маҳбас шудаанд. Ҳукми зиндони ин тоифа одатан тибқи қавонини шариат содир мешавад, на бар пояи қонуни ҷиноии Афғонистон.

НИГОҲИ ҶОМЕА БА ЗАНИ ЗИНДОНӢ

Ғуломнабии Ҳаккок мегӯяд, имкони чунин маҳбусон барои бозгашт ба ҳаёти қаблӣ дар шароити ҷомиаи аз нигоҳи
Занҳои зиндони қолинбофӣ мекунанд

мазҳабӣ муҳофизакори Афғонистон хеле сахт аст: “Вақте чунин як хонум зиндонӣ мешавад, ҷомеа нисбат ба ӯ диди хуб надорад. Ҳатто хонаводааш нисбат ба ӯ як диди хуб надорад. Ва вақте ӯ ҳатто агар аз зиндон берун шуд, кам касе ҳаст, ки ӯро қабул кунад. Касе нест дигар, ки дасти ӯро бигирад. “

Масъалаи обрӯ дар Афғонистон хеле ҳассос аст. Марям, як духтараки 9-сола, ки дар зиндони Бодомбоғ дар канори модараш ба сар мебарад, мегӯяд: “Дар зиндон кулли чизаш хуб аст, вале як бадномӣ ба худ дорад, ки мардум шояд ба модари ману дигарон бигӯянд, инҳо ҳатман занони бад будаанд, ки бандӣ шуданд. “

Қайси 10-сола, яке дигар аз тақрибан 50 кӯдаке, ки ҳамроҳ бо модарони худ дар Бодомбоғ қарор доранд, мегӯяд, панде ки инҷо гирифт, барояш барои як умр кофист: “Ман аз зиндон панд гирифтам. Ман ҳеҷ гоҳ ҷурм намекунам. Мехоҳам аз зиндон бароем.”

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, дар миёни бандиёни зан дар зиндонҳои Афғонистон, нафарони бегуноҳ ҳам кам нестанд, ки намедонистанд бо чӣ роҳе дар додгоҳҳо аз худ дифоъ кунанд ва акнун баҳои сангини кирдореро, ки шояд содир накардаанд, мепардозанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG