Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи Исмоилов дар Ашт. Пас аз гузашти 6 моҳ


Додгоҳи ноҳияи Ашт ба бозбинии парвандаи хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” шурӯъ кардааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ" дар пайи нашри матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти ҳукумати Ашт, шаш моҳ қабл аз сӯи додситонии ин ноҳия боздошт шуда ва ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд интиқол
Хабарнигори маҳаллии “Нури зиндагӣ” дар додгоҳ гуфтааст, ҳар навиштаи ӯ дар асоси далелу арқом иншо шудаву ҳозир аст, ки дар назди додгоҳ инро исбот бикунад...

ёфта буд.

Додситонӣ хабарнигори маҳалии “Нури зиндагӣ”-ро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- тамаъҷӯӣ, барангехтани кинаву хусумати миллӣ ва мазҳабӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат аз тариқи васоити ахбори умум айбдор мешуморад.

Аммо ҷаноби Исмоилов ва вакили мудофеи ӯ, Муҳаббат Ҷӯраева, ин даъвои додситониро бепоя хонда, мегӯянд, мақомот бо роҳи ҷазо мехоҳанд, ки даҳони ин рӯзноманигори фошнависро бубанданд.

Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи "Нури зиндагӣ"
Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи “Нури зиндагӣ”, ки дар мурофиаи додгоҳӣ дар ноҳияи Ашт иштирок доштааст, мегӯяд: "Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ ин нуқтаи назарро, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов дар пайи фаъолияти рӯзноманигориаш мавриди боздошту иттиҳомот қарор гирифтааст, собит сохт. Чунки се иттиҳом алайҳи вай дар пайи се мақолааш, ки дар нашрияи «Нури зиндагӣ» дар давоми соли 2010 ба табъ расида буд, яъне «Худкушӣ дар Ашт», «Хазони умри Наргис» ва муҳимтар аз ҳама «Ашт валангор мегардад» эълон шудааст.."

Ҷаноби Мирзо афзуд, хабарнигори маҳалии “Нури зиндагӣ” дар додгоҳ гуфтааст, ҳар навиштаи ӯ дар асоси далелу арқом иншо шудаву ҳозир аст дар назди додгоҳ инро исбот бикунад. Исмоилов афзудааст, мақомот ба ҷои посух додан ба мақолаҳои интиқодии ӯ ва ислоҳи вазъ, ҳоло мехоҳанд ӯро зиндонӣ бикунанд.

Боздошти хабарнигори "Нури зиндагӣ" вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол доштааст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Амрико, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ва НАНСМИТ ё Анҷумани милли расонаҳои мустақили Тоҷикистон боздошти хабарнигор -- Муҳаммадюсуф Исмоиловро посухи мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номидаанд ва ба раҳоии ӯ даъват кардаанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, Муҳаббат Ҷӯраева, рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар "фазои хуб" ҷараён гирифт. Додгоҳ эълон кардаст, ки мурофиа рӯзи паҷшанбеи 2-юми июни соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG