Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар Остона. Терроризм ё тасодуф?


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, инфиҷори як худрав дар назди боздоштгоҳи хадамоти амният дар Остона ду кушта ба ҷой гузошт.

Ин таркиш як ҳафта баъд аз бомбгузории интиҳорӣ дар назди бинои хадамоти амнияти шаҳри Оқтеппа сурат гирифт.

Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати дохилии Қазоқистон мегӯянд, ки ҳарду воқеа рабте ба терроризм надоранд.

САДОИ БАЛАНДИ ТАРКИШ

Сокинони маҳаллӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки нимашаб аз садои таркиши баланд ва рехтани шишаи тирезаҳол бедор шудаанд.

Таркиш соати 3.40 дақиқаи субҳ ба вуқӯъ пайваст ва дар он касе аз бошандагони биноҳои атроф осеб надидаст. Шоҳидони айнӣ ба хабарнигори мо гуфтаанд, ки ба дунболи таркиш пораҳои бадани инсонро дар атроф мушоҳида карданд. Вала баъдан мақомот шаҳодати таркишро аз саҳнаи ҳодиса тоза карданд.

Инфиҷор дар Остона
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00
Линки мустақим


Сомонаи Вазорати дохилии Қазоқистон навишт, ки дар саҳнаи таркиш ҷасади ду марди зоҳиран аврупоӣ пайдо шуд ва худи инфиҷор, ба этимоли қавӣ, дар натиҷаи нохудогоҳ ба кор даромадани дастгоҳ рух додааст. Дар изҳороти ин вазорат ҳамчунин дар бораи кушташудаҳо маълумот пахш шудааст. Гуфта мешавад, ки асноди дарёфтшуда ба сокини 48-солаи Қирғизистон, Дмитрий Келпер ва шаҳрванди 26,солаи Қазоқистон Иван Черемухин тааллуқ доштаанд.

Бар пояи иттилоъи сомонаи Вазорати умури дохилӣ, Келпер ва Черемухин дар шаҳри Экибастузи Қазоқистон зиста, яке аз онҳо гузаштаи ҷиноӣ дорад.

ВОКУНИШИ МАҚОМОТ

Гурӯҳи пажӯҳишии Вазорати умури дохилии Қазоқистон ҳама гуна рабти ин ҳодисаро бо терроризм рад мекунад. Сухангӯи вазорат, Кежболот Бекназаров низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса набояд амали террористӣ арзёбӣ шавад.

Таркиши ахир ба дунболи бомгузории интиҳорӣ дар шаҳри Оқтеппа рух дод, ки худи бомбгузорро кушта ва се тани дигарро захмӣ карда буд. Ин нахустин амали интиҳорӣ дар Қазоқистон низ дар назди бинои хадамоти амният ба вуқӯъ пайваст.

Мақомот имкони амали террористӣ будани ҳодисаи 17-уми май дар Оқтеппаро низ рад мекунанд. Ҳувияти бомбгузори интиҳорӣ аз тарафи додситонии кулли ин кишвар мушаххас шуд. Додситонӣ гуфтааст, ки ин мард Раҳимҷон Махатов буда, ба гурӯҳи ҷиноӣ марбут будааст. Ҳамзамон бо ин мақомот ба мансубияти Махатов ба гурӯҳҳои пинҳонкори мазҳабӣ ишора кардаанд.

Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шумурда мешуд, ки вазъ дар он нисбатан мӯътадил буд ва то ҳол аз хушунату нооромиҳои шабеҳи Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон эмин мондааст.
XS
SM
MD
LG