Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ва тавсеаи таҳримҳои зидди Сурияву Эрон


Иттиҳоди Аврупо раҳбари Сурия ва наздикони ӯро дар пайи саркӯби хунини норозиён мавриди таҳрим қарор дод.

Дипломатҳои аврупоӣ ҳамчунон дар андешаи тақвияти таҳримҳои зидди Эронанд, ки гуфта мешавад аз иҷрои дастурҳои Созмони Милал дар робита ба барномаи ҳастаияш саркашӣ мекунад.

Таҳримҳои нави зидди Сурия дар ҳоле ҷорӣ
Ин як хитоби нерӯмандест ба хотири таъкид рӯи инзивое, ки режимро таҳдид мекунад...

мешаванд, ки ду ҳафта пеш Бруссел ҳисобҳои бонкии 13 мақоми баландпояи Сурияро баста ва вуруди онҳоро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо манъ кард. Он замон Кипр ва ё Қибрис, Юнон ва Олмон изҳор намуданд, ки Башор ал-Асад набояд дар рӯйхати афроди таҳримшуда қарор гирад. Ба қавли ин кишварҳо, ин амал Асадро ба ислоҳот ташвиқ хоҳад кард.

Вале рӯзи душанбе се кишвари ёдшуда мувофиқат карданд, ки раисҷумҳури Сурия низ ҳаадфи ин барнома қарор бигирад.

Бино бар хабарҳо, бозбинӣ ва густариши таҳримҳо бар пояи ду таҳаввул ба вуқӯъ пайвастааст:
  1. Тамоюли шиддат дар мавзеъгири Иёлоти Муттаҳида
  2. Идомаи саркӯби мухолифони режим дар Сурия
Охири ҳафтаи гузашта нерӯҳои амнияти Сурия ба маросими дафни норозиёне, ки як рӯз пеш кушта шудаанд, ҳамла карда, боз 5 нафари дигарро ба қатл расонданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар тахмин мекунанд, ки дар давоми ду моҳи эътирозҳои Сурия нерӯҳои амниятии ин кишвар камаш 850 мухолифи режимро ба ҳалокат расондаанд.

Дар арафаи нишаст вазири корҳои хориҷии Италия, Франко Фраттинӣ, гуфт, ки иқдомҳои Иттиҳоди Аврупо ишора ба инзивои зимомдорони Сурия аст:
“Ин як хитоби нерӯмандест ба хотири таъкид рӯи инзивое, ки режимро таҳдид мекунад.”

Аммо ҳанӯз ҳам баъзе аъзои Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ин созмон болои Сурия таъсири бузурге надорад ва иқдоми шадид имкон дорад, ки мухолифати президент Асад ба ислоҳотро бештар кунад.

Вазири корҳои хориҷии Шветсия, Карл Билдт, иброз дошт, ки таҳрими сафар ва ҳабси суратҳисобҳои бонкӣ натиҷаи ғайри қобили пешбинӣ дошта метавонад: “Ин суоли душвор аст. Ин ҳамон василаест, ки мо дар даст дорем ва тадриҷан истифода мебарем. Аммо оё он таъсире дорад? Умедворем, ки бале. Вале феълан ин ягона васила аст.”

Дар баробари таҳрими Сурия дипломатҳои аврупоӣ 100 ширкати эрониро дар рӯйхати таҳримшудаҳо ҷой дода, вуруди панҷ фарди марбут бо ин ширкатҳоро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо манъ намуданд.

Ҳадаф аз он ташвиқи Ҷумҳурии Исломӣ ба иҷрои қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал аст, ки лағви баъзе аз бахшҳои шубҳаангези барномаи ҳастаии Эронро дар миён гузоштааст. Чанде пеш Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ибрози ташвиш кард, ки хадамоти иктишофии Эрон саъй дорад, ба иттилои компютерҳо ва телефонии дастии ходимони ин бунгоҳи СММ роҳ ёбад.
XS
SM
MD
LG