Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии донишҷӯён


Рӯзи 20-уми май дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Спартакиада ё Бозиҳои варзишии кушодаи донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи ҷавонон” баргузор шуд.

Ширкаткунандагони Бозиҳои варзишии донишҷӯёнро Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар табрик гуфт ва барояшон комёбиҳо орзу кард.

Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи варзиши Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт : “Спартакиадаи донишҷӯён ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 40-солагии таъсисёбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бахшида шудааст. Ба барномаи бозиҳо 12 навъи варзиш – баскетболу волейбол, варзиши сабук, гуштии миллӣ, камонварӣ, каратэ-до, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, футболи хурд, чавгонбозӣ, шиноварӣ ва шоҳмот шомил аст. Ба ғайр аз донишҷӯёни донишкадаи варзиш, инчунин дар мусобиқот варзишгарони донишгоҳҳои миллӣ, аграрӣ, забонҳо, молия ва коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ширкат доранд.”

Ҷаноби Сафаров афзуд, ғолибони Бозиҳои варзишии донишҷӯён дар маросими пӯшидашавии мусобиқот, ки 23-юми май дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад, бо нишону ифтихорнома ва тӯҳфаҳо мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG