Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоде аз ҳунармандони тоҷики муқими хориҷа барои як ҳунарнамоии муштарак ба ватан баргаштанд.

Дар миёни онҳо афроди саршиносе, монанди Рустам Дулоев ва Рухшона Муборакшоева буданд, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ё ҷанги дохилии Тоҷикистон ба ин сӯ боре ҳам аз ватани хеш дидан накардаанд.

Сабаби ҳиҷрати онҳо низ маҳз ҳамин ду омил буд, ҳарчанд бархе онҳо бо ҳадафи идомаи таҳсил ва тавсеаи донишҳои касбии худ ба хориҷа рафтаанду он ҷо мондаанд. Солҳои ахир шуморе аз онҳо ба Тоҷикистон баргаштанд, аммо танҳо бо ҳадафи дидори кӯтоҳ аз зодгоҳу дӯстону наздикон.

Аксари онҳо, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон мақому макон пайдо карданд, ҳадафи кору зиндагӣ дар Тоҷикистонро надоранд ва Тоҷикистон низ наметавонад барои онҳи шароити мусоиди кору зиндагӣ фароҳам орад.

Вале ба ҳар сурат ҳеҷ гоҳ ватанро аз хотир набурдаанд ва ҳар ҷо, ки ба чизе ва дастоварде муваффақ мешаванд, дар паҳлуи ҳунарашон номи Тоҷикистон пайванд мегирад.

Ҳунарнамоии муштараки онҳо дар ватан бо мусоидати бунёди Сорос, дафтари ҳамкории Швейтсария ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҷашнвораи «Баҳористон» баргузор гашт. Лаҳзаҳое аз ин намоишро дар видеои зер бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG