Пайвандҳои дастрасӣ

Бозтоби натоиҷи интихоботи миёндаврӣ дар шаҳри Душанбе ва мушкилоти ҷавонон дар ҳошияи баргузории ҳафтаи ҷавонон, дар меҳвари матолиби аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.

"Имрӯз-нюс" дар матлабе зери сарлавҳаи "Натиҷаи интихобот ва эълони "рӯзи мотами умеду эътимод..." ба баррасии натоиҷи интихоботи ахири миёндавӣ дар ҳавзаи "Сино"-и Душанбе пардохта ва навиштаст, "дар мӯҳлати се рӯз ваколати
Замон замони содда нест, ман аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегирам, ки бисёр нерӯҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд. Плонҳо доранд, ки ин кишвар ноором бошад, зеро роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як фарди истиқлолталаб аст, фикри тобеъият надорад...

вакилии Амирқул Азимов тасдиқ шуда, баранда гардидани ӯро КМИРТ расман таъйид кард. Аммо Толибшоҳи Сайидзода, муҳарири нашрияи "Миллат", номзад аз ин ҳавза эълони натиҷаи интихоботро "рӯзи мотами умеду эътимод ва бовариҳо" номид. Ба ин хотир дар дасти ӯ ва ҷонибдоронаш бо рамзи мотам латтаи сиёҳро бастаанд."

"Озодагон" дар ин мавзӯъ мақолаи «Интихоботи эътирозӣ»-ро нашр карда ва муаллифи матлаб Раҷаби Мирзо ин суолро матраҳ кардааст, ки «Агар ба ҷои Азимов имиҷи Тоҷикистонро интихоб мекарданд, чӣ манфиате медидем?» Ба навиштаи муаллифи ин матлаб, «Генерал Амирқул Азимов, ки то ин замон бештар дар курсиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ менишаст, ҳамон тавре ки қаблан тахмин зада мешуд, аз ин ба баъд «таъм»-и курсии парлумониро бичашад ва эҳтимолан пас аз ин ба нафақаи сазовор роҳӣ гардад.» Раҷаби Мирзо мӯътақид ба он аст, ки ин маъракаи сиёсӣ бо тахаллуфот ва тақаллубот сурат гирифтааст. Ин аст, ки навиштаашро чунин хулоса кардааст: «Оё барои ҳукумат ваколати Азимов муҳимтар аст ё имиҷи давлат, ки як бор дар ин шабу рӯзи ноороми ҷаҳон садоқати худро ба ормонҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон нишон бидиҳад?»



"Миллат" матлаби драмавинамоеро бо номи «Мазҳакаи сиёсии театри ду генерал: Шоҳиён ва Ҳабибов» ба интихоботи миёндавраии ахир дар ҳавзаи «Сино» ихтисос додааст. Муаллифи матлаб гуфтааст, «натиҷаи аввалин интихоботи пуртақаллуб доиркардаи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси навтаъини КМИР, он ҳама умед ва бовариҳоро барои баргузории интихоботҳои шаффофу демократӣ дар оянда зери суол бурд.» Ба навиштаи муаллиф «генерал Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи «Сино» умеди демократияро кушт, аммо Шермуҳаммади Шоҳиён онро гӯр кард.»

НОМАИ БУРҲОНИДДИНИ РАББОНӢ

Бурҳониддини Раббонӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон

Ин нашрия ҳамчунин паёми Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раисҷумҳури Афғонистон ба мардуми Тоҷикистонро низ чоп кардааст, ки дар он омадааст: «Паёми ман ба мардум, нерӯҳои сиёсӣ ва давлати Тоҷикистон ин аст, ки ҳама дар гирди ҳам ҷамъ шаванд, сухани ман ба ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ҳамаро дар гирди худ дошта бошад...» Ба таъкиди устод Раббонӣ мардуми Тоҷикистон бояд амниятро ҳамчун як вазифаи шаръии худ донанд. «Замон замони содда нест, ман аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегирам, ки бисёр нерӯҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд. Плонҳо доранд, ки ин кишвар ноором бошад, зеро роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як фарди истиқлолталаб аст, фикри тобеъият надорад...Ҷаноби Раббонӣ бар ин назар аст, ки «мо набояд фиреб хӯрем, ки агар исломро ва наҳзати исломиро ҳар чӣ фишор диҳем, Ғарб аз мо хуштар мешавад. Ғарб манфиати ҷории худро мешиносанд, ҳамин ки кораш бароварда шавад, барояш кофист.»

ЯК РӮЗИ ҶАВОНОН
Вале онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки шунидани ин мафҳум ва усули мубориза барои қишри ҷомеа ваҳмангез аст...


"Озодагон" ба муносибати ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон пурсиши «Чаро дар Тоҷикистон ба кадрҳои ҷавон эътимод надоранд?»-ро матраҳ кардааст, ки дар посухи он Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди перзиденти Тоҷикистон гуфтааст, «ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби масъулин дастгирӣ меёбанд ва ҳукумат ба онҳо эътимод дорад. Ҳар вазифаи калидӣ таҷриба, таҳлил ва масъулиятро мехоҳад. Албатта ҷавонон дар вазифаҳои расмӣ ҳастанд, барои мисол Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.»

"Фараж" дар мавриди таърихи 23-уми май эълон шудани рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон навиштаи Хуршеди Атовуллоро интишор додааст, ки менависад, «аслан барои ҷавонон як рӯзро махсус ҷудо кардан, ба сари худ маъно надорад. Агар ин маъние дошта бошад, магар пиронсолон наметавонанд, даъво пеш оранд, ки барои мо ҳам рӯзе ҷудо кунед? Чаро кадуву асалу харбузаю ҷавонон рӯзи худро доранду мо не?

Ба андешаи муаллифи матлаб «муроди пешниҳодкунандагони ин ҷашн ба гирифтани номаи камолу «занги охирин» рабт дошт, ки ба рӯзи 25-уми май рост меомад. Аммо ягона ҷиҳати мусбати ин масъала ин аст, ки ба баҳонаи ин рӯз корҳое барои ҷавонон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон анҷом дода мешавад ва танҳо 23-уми май аз мушкилоти онҳо меандешанду мегӯянд ва барои ҳалли он даъват менамоянд.»

"ФРОНТИ ХАЛҚӢ" ДАР ТОҶИКИСТОН Ё РУСИЯ?

"Наҷот" ба таҳлили мавзӯи таъсиси «Ҷабҳаи мардумӣ» ва ё ба истилоҳи нашрия «Фронти халқӣ», ки дар Русия созмон ёфт ва ҳадафи он омодагӣ барои интихоботҳо, бахусус интихоботи президентӣ дар ин кишвар аст, пардохтааст. Нашрия навиштааст, ки «ҳоло ҳам дар зеҳнияти шаҳрвандони кишвар (манзур Тоҷикистон) ибораи «фронти халқӣ ба ҳар шакле ҷилва мекунад ва ҷонибдорони ин гуна мафҳум ва усули мубориза дар ҷомеа боқӣ монда бошанд. Вале онҳо набояд фаромӯш кунанд, ки шунидани ин мафҳум ва усули мубориза барои қишри ҷомеа ваҳмангез аст.» Ба навиштаи нашрия «дигар ошкор аст, ки ин гуна бархӯрдҳо ба хотири расидани қудрати сиёсӣ ё боқӣ мондан дар он миёни Путин ва Медведев аст. Ба ҳар ҳол, то ба имрӯз ҳарду барои ширкат дар интихоботи президентӣ ба ҳар тарзе изҳори ақида кардаанд. Саволи матраҳ ин аст, ки оё Тоҷикистони мо ҳам барои интихоботи президентӣ ҳамин гуна роҳро пеш мегирад ё хайр?»

ТАШХИСИ МУҲИМ

"Азия-Плюс" зимни пайгирии нишасти Алмаато, ки ба мавзӯи тарҳи Роғун ихтисос дорад, навиштааст, ки «бо вуҷуди баҳсу мухолифатҳо сари бунёди ин нерӯгоҳ, ташхиси байналмилалии он барои Тоҷикистон аз лиҳози амнияти фаннии он хеле муҳим аст. Зеро ин ташхис, ки тавассути Бонки Ҷаҳонӣ анҷом мешавад, метавонад ба суолҳои зиёде дар заминаи амнияти нерӯгоҳ посух гӯяд.»
XS
SM
MD
LG