Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Федератсияи футболи Афғонистон ба ФФТ


Бозии тими миллии Афғонистон бо тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Фрунзе, моҳи ноябри соли 2010 (Акс аз бойгонӣ)()

Бозии тими миллии Афғонистон бо тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Фрунзе, моҳи ноябри соли 2010 (Акс аз бойгонӣ)()

Федератсияи футболи Афғонистон дар як номаи худ ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба иллати нооромӣ дар ин кишвар барои баргузории бозии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 миёни тимҳои мунтахаби миллии Афғонистон ва Фаластин дар Тоҷикистон иҷоза бидиҳад.

Ба гуфтаи Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии тимҳои Афғонистон ва Фаластин рӯзи 29-уми июн дар варзишгоҳҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Ба ҷуз аз ин бозӣ, дар нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё, тимҳои Малайзия – Тайван, Бангладеш – Покистон, Камбоҷа – Лаос, Шри-Ланка – Филиппин, Вйетнам – Макао, Непал – Тимори Шарқӣ ва Муғулистон – Мянмар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои ҷавобӣ 3-юми июл баргузор мешаванд. Вале дар бораи макони баргузории бозии ҷавобии Фаластин – Афғонистон хабаре нест. Фаластин низ ба мисли рақибаш имкони дар хона бозӣ карданро надорад. Аз эҳтимол дур нест, ки бозии ҷавобии ин дастаҳо дар Тоҷикистон доир шавад.

Ғолиби ҷуфти Афғонистон - Фаластин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври дуввум рӯзҳои 23-юм ва 28-уми июл бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон бошад, дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад. Нахустин бозии дастаи Тоҷикистон 23-юми июл дар сафар ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG