Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба раҳбари Сурия: "Ё демократия ё истеъфо!"


Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия
Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия

Барои нахустин бор ҳукумати Амрико бо дастури раисҷумҳур, Барак Обама, алайҳи Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ва шаш дастёри ӯ таҳрим эъмол кард.

Барак Обама, ҳамчунин аз Башшор Асад хостааст, ё роҳи демократияро пеш бигирад ва ё аз мақомаш биравад.
Амрико алайҳи ду фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон низ таҳрим эъмол кард, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА, дар саркӯбии тазоҳурот дар Сурия даст доранд...


Раисҷумҳури Амрико бо имзои як фармон, ҷӯёи "афзоиши фишор ба ҳукумати Сурия" шудааст, "то ба хушунатҳо хотима диҳад ва гузор ба низоми демократиро шурӯъ кунад, ки ҳуқуқи бунёдии мардуми Сурияро тазмин медиҳад."

Акнун ҳамроҳ бо Башшор Асад, муовини ӯ Форуқ ал-Шаро, нахуствазир Одил Сафар, вазири умури дохилӣ Муҳаммад Иброҳим ал-
Тазоҳуроти мардум алайҳи раҳбари Сурия

Шаър, вазири дифоъ Алӣ Ҳабиб Маҳмуд, раиси бахши иттилоотии вазорати дифоъ Абдул Фаттоҳ Қудсия ва Муҳаммад Зайтун, мудири дафтари амнияти сиёсии Сурия мавриди таҳрими ИМА қарор гирифтанд.

Бар асоси дастур, тамоми моликияти ин афрод ва ҳар дороие, ки ба ин афрод дар Амрико тааллуқ мегирад, масдуд мешавад. Дар дастури Обама омадааст, Амрико мухолифи чунин рафтори Башшор Асад аст ва ӯ бояд ба сиёсати табъизу саркӯбгарӣ ва боздоштҳои оммавӣ хотима диҳад ва сиёсати гузореро шурӯъ кунад, ки ба мардуми Сурия ҳуқуқи демократии интихобу намояндагӣ диҳад.

Дар ин санад ҳамчунин ҳукумати Амрико мегӯяд, Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия бо амалкардҳои фоҳишаш худро аз ҷомеаи байналмилалӣ дар инзивоъ мегузорад. Бо гузашти ду моҳ аз тазоҳуроти пайвастаи зиддидавлатӣ дар Сурия, ки бо илҳом аз қиёмҳои мардумӣ дар Тунису Миср сурат гирифт ва аз тарафи ҳукумати Сурия бераҳмона саркӯб шуд, Башшор Асад то кунун аз таҳримот эмин монда буд.

Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия бо ҳамроҳии бародараш Моҳир

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ин муддат, дар тазоҳурот, бештар аз 850 нафар кушта ва 8 ҳазор нафари дигар боздошт шуданд. Ҳукумати Амрико моҳи апрел ҳисобҳои Моҳир ал-Асад, бародари нерӯманди Башшор Асадро масдуд кард, ки фармондеҳи як дивизияи тарсноки нерӯҳои мусаллаҳи Сурия аст ва дар саркӯбии тазоҳурот нақш доштааст.

Дар як иқдоми дигар, вазорати хазонадории Амрико, алайҳи ду фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон низ таҳрим эъмол кард, ки ба гуфтаи мақомоти Амрико, дар саркӯбии тазоҳурот дар Сурия даст доранд. Чаҳор вакили бонуфузи сенати Амрико, Барак Обамаро барои иқдомаш алайҳи давлати Сурия аҳсан гуфтаанд.

Ҷон Маккейн, Линдсӣ Граҳам, Марко Рубио аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, вакили мустақил Ҷо Либерман, зимни як баёнияи расмӣ гуфтаанд, "иқдоми усулӣ ва қавии Барак Обама бояд паёми возеҳе бифристад, ки Амрико бо тазоҳургарони далери Сурия ҳамраъй аст ва режими Башшор Асад, дар чашми мо машрӯъияташро аз даст додааст."

Онҳо аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, дар мавзеъгирӣ дар қиболи режими Башшор Асад ба Амрико пайравӣ кунад.
XS
SM
MD
LG