Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” - ғолиби сабқати гурӯҳи “В”


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи 17-уми май бозии охирини сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиёро дар шаҳри Янгон бо тими мизбон - "Яданарбон"-и Мянмар бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Нахуст Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар нимаи дуввум, дар дақиқаи 57-уми дидор, бо зарбаи сахт аз масофаи дур ҳисобро боз кард.

Вале дар замони изофӣ мизбонон аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуданд.

Ҳамин тариқ, "Истиқлол" ва “Яданарбон” 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (11-1) “Истиқлол” дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд. "Яданарбон" (таносуби тӯбҳояш 11-4), барандаи феълии Ҷоми раиси AFC, мақоми дуввумро касб кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, дастаҳои “Истиқлол” ва “Яданарбон” барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедаратсияи футболи Осиё, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.

Дастаҳои “Тайван Пауэр Компани”-и Тайван ва “Балкан”-и Туркманистон низ дар сабқати гурӯҳи “С” 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо, тайваниҳо ҷои аввал ва туркманҳо ҷои дуввумро касб карда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Боз чаҳор дастаи гурӯҳи “А” - “Пномпен Краун”-и Камбоҷа, “Нефтчӣ”-и Қирғизистон, “Абахан”-и Бангладеш ва “Дон Боско”-и Шри-Ланка барои ду роҳхати охирин ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC талош хоҳанд кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ аз 21-ум то 25-уми май дар Камбоҷа баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG