Пайвандҳои дастрасӣ

Достони ишқи ноком. Чашм барои чашм.


Омина Баҳромӣ бо акси худ, ки пеш аз воқеа бардошта шудааст.

Омина Баҳромӣ бо акси худ, ки пеш аз воқеа бардошта шудааст.

Саргузашти ҷавонзани эронӣ, ки барои радди пешниҳоди издивоҷ маъюб ва зиштрӯ гашт, баҳси ҷаҳонӣ бапо кардааст.

Ин дар ҳолест, ки вай барои гунаҳкори воқеа айни ҷазоро талаб кардааст. Ва додгоҳ низ талаби ӯро ба эътибор гирифту ҳукми “чашм дар баробари чашм”-ро баровард.

ТЕЗОБ БА ЧАШМОН

Ҷавонмарди ошиқ ба Омина барои пошидани тезоб ба рӯи маҳбубааш, ки нахост, ҳамсари ӯ
Ман ҳасрат надоштам, агар бо дастони худам тезобро ба чашмони ӯ мерехтам. Ҳамон гуна ки ҳар рӯз доруро ба чашмони худам мерезам ва фикр мекунам, тезоб аст...
шавад, маҳкум ба рехтани тезоби сулфат ба чашмонаш шуд. Даҳқатраӣ тезоб ба ҳар чашмаш рехта хоҳад шуд ва ин ҷавон, Маҷиди Муваҳҳид, барои бақияи умраш нобино хоҳад гашт.

Омина Баҳромӣ бо тамоми қатъият чунин ҷазоро талаб дорад ва мехоҳад, худаш ин ҳукми қасосро ба иҷро расонад.

Маҷид пас аз он ки дар соли 2004 Омина пешниҳоди ӯро рад кард, аз ғояти хашм ба рӯи духтаре, ки дӯсташ медошт, тезоб ё кислота пошид. Тезоб чашмони Оминаро кӯр кард ва пӯсташро гудохту ӯро зишту маъюб гардонд.

Пас аз чандин даври муҳокима, додгоҳ талаби Оминаро пазируфт ва ҳукм баровард, ки Маҷид аз чашм маҳрум карда шавад. Дар ин байн Омина бо кӯмаки давлати раисиҷумҳур Хотамӣ барои муолиҷа ба Испониё фиристода шуд. Имдод ба Омина дар давраи давлати нав низ идома пайдо кард ва ӯ ба сурати умум 17 бор ҷарроҳӣ шуд, аммо биноияш бознагашт.

Талошҳое ҳам сурат гирифт, ки дили Омина нарм гардад ва ӯ гуноҳи Маҷидро бубахшад. Аммо чунин иттифоқ низ наафтид. Созмонҳои байнулмилалӣ ва эронии ҳуқуқи башар аз мақомоти давлат хостанд, ин ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонӣ ба иҷро нарасад. Вале тарафдорони Омина аз ҳукм ҳимоят карданд ва гуфтанд, танҳо чунин ҷазо хоҳад тавонист, аз ин гуна ҷиноятҳо дар оянда пешгирӣ кунад.

ҚАСОС Ё ҶАЗО?

Худи Омина мегӯяд, аз иҷрои ин ҳукм хушнуд хоҳад гашт: “Ман ҳасрат надоштам, агар бо дастони худам тезобро ба чашмони ӯ мерехтам. Ҳамон гуна ки ҳар рӯз доруро ба чашмони худам мерезам ва фикр мекунам, тезоб аст. Ман чашмони ӯро мепармосидам ва сипас тезобро ба онҳо мерехтам, аммо чашмонам намебинанд ва хато хоҳам карлд. Биноан, пизишкон он ҷо ин корро анҷом хоҳанд дод.”

Созмони Афви Байнулмилал дар номае ба мақомоти давлати Эрон ҳамчунин менависад, “масъул кардани пизишкон барои иҷрои ин ҳукм хилофи қоидаҳои байнулмилалии ахлоқи тиббист.”

Ноиби раиси ин созмон барои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо, Насиба Ҳоҷӣ Саҳрокӯӣ гуфтааст, «ақл бовар намекунад, ки мақомоти эронӣ як чунин ҷазоеро амалӣ хоҳанд кард.»

Вай афзудааст, “бо вуҷуди он ки Омина Баҳромӣ аз ҷинояти сангине ба таври ваҳшатомез азият дид, кӯр кардани муҷрим бо истифода аз тезоб як амали бераҳмона аст ва шиканҷа шумурда шуда, масъулияти он бар дӯши мақомоти давлати Эрон хоҳад буд.”

Ин дар ҳолест, ки шариати исломӣ навъи ҷазои “чашм дар баробари чашм”-ро ҳамчун қасос ё зарбаи ҳамсони ҷабрдида ва ҷаббор дуруст ва роиҷ мешуморад.

Баҳромӣ пойфишорӣ мекунад, ки “ин қасос нест, балки ҷазои ҳамсанг аст.” Вай мегӯяд, хостори ин аст, ки занони дигар ҳадафи чунин ҳамла қарор нагиранд ва мисли ӯ азият набинанд. Омори боварбахше мавҷуд нест, ки чӣ теъдод аз занон дар Эрон ба чунин ҳамлаҳои тезобӣ рӯбарӯ мешаванд.

ВОКУНИШҲОИ ҶАҲОНӢ

Мария Ҳошимӣ, фаъоли ҳуқуқи зан дар Шведсия ва худ як қурбонии ҳамлаи тезобӣ ҳадс мезанад, ки ҳукми ҷаноби Муваҳҳид аз чунин ҷиноятҳо пешгирӣ нахоҳад кард. Вай меафзояд, ин кор боз ҳам бештар густариш додани ваҳшоният ва хушунат дар ҷомеа аст. Худи Ҳошимӣ дар натиҷаи пошида шудани тезоб ба рӯяш аз тарафи шавҳараш аз як чашм маҳрум гаштааст.

Вай мегӯяд: “Ман солҳо дар рӯи тахтаи бемористонҳо фикр кардам, аммо, ба назари ман, қасос роҳи ҳал нест. “

Созмони Афви Байнулмилал гуфтааст, Омина талош кард, барои муолиҷаи худ дар Испониё аз тариқи интернет сармоя ҷамъ оварад ва бархе аз эрониҳо ба ӯ ваъдаи кӯмак кардаанд, аммо хостаанд, аз татбиқи ҳукми Маҷиди Муваҳҳид даст кашад.

Омина мегӯяд: “Имрӯз ба ман пешниҳод доданд, чӣ қадар пул даркор аст, то аз ин ҳукм бигзарӣ. Ман гуфтам 2 миллион евро. Гуфтанд, шумо ба мо вақт диҳед. Ман ду сол вақт додам ба ҳама. Дар рӯзномаҳо ҳам гуфтам, ки ҳар кас ба ман ин пулро диҳад, аз ҳукм мегузарам, чун ояндаи ман бояд тазмин бишавад.”

Қиссаи Баҳромӣ ҳамоно дар байни эрониҳо сару садои зиёде дорад ва бисёриҳо тарафдори қасосанду мегӯянд, сазои Муваҳҳидӣ ҳамин аст.

Сокини Теҳрон бо номи Маъсума мегӯяд: “Ҳар зане ҳам дар ҷои Омина мебуд, ҳамин гуна тасмим мегирифт. Зеро бори аввал нест, ки чунин ҳамлаҳо дар кишвар ба амал меояд. Ин ҷазо бояд барои дигарон дарс шавад.”

Аммо дигарон аз Баҳромӣ даъват мекунанд, аз гуноҳи Маҷид гузарад ва ӯро ба Худо ҳавола кунад, зеро интиқом танҳо бадиҳои наверо ба дунбол хоҳад дошт.

Шумо ба ин воқеа чӣ назар доред?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG