Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хайр" дар майдони худ бозиро мусовӣ анҷом дод


Tajikistan,Dushanbe -- from the football team Khair (Vahdat), 12May2011
Tajikistan,Dushanbe -- from the football team Khair (Vahdat), 12May2011

Бозии охирини даври ҳафтуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Шодмон”-и Ҳисор шоми чоршанбеи 11-уми май бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Хайр”-и Ваҳдат баргузор шуд, нахуст меҳмонон ҳисобро боз карданд. Голро Худойдод Нусратов дар дақиқаи 30-
Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Комил Саидов (ССКА “Помир”) дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо панҷголӣ пешқадаманд...
юми нимаи аввали дидор ба самар расонд. Голи ҷавобиро Ҷамолиддин Оев дар нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаи 61-ум зад.

Дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”-и Душанбе бо 16 имтиёз аз шаш бозӣ дар ҷои аввал мебошад.

“Равшан”-и Кӯлоб низ 16 имтиёз ба даст овардааст, вале як бозӣ зиёд кардааст. Инчунин бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Равшан”дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки аз 6 бозӣ 14 имтиёз гирифтааст, дар ҷои севум аст.

Зимнан, дастаҳои “Истиқлол”-у “Хайр” бохт надоранд. Инчунин, тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ягона дастаест, ки имтиёз ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Комил Саидов (ССКА “Помир”) дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо панҷголӣ пешқадаманд. Габриэл Донто ("Энергетик") ва Фозил Сатторов ("Равшан") ҳар кадом чорголӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Дастаҳо:

Б

Ғ

М

Б

Т

И


1. "Истиқлол"

6

5

1

0

13-1

16

2. "Равшан"

7

5

1

1

12-4

16

3. "Хайр"

6

4

2

0

10-2

14

4. ССКА “Помир”

5

4

0

1

12-6

12

5. "Энергетик"

6

3

1

2

9-8

10

6. "Регар-ТадАЗ"

6

3

0

3

13-10

9

7. "Хуҷанд"

7

2

2

3

5-10

8

8. "Гвардия"

6

1

2

3

4-11

5

9. "Шодмон"

7

1

1

5

9-14

4

10. "Вахш"

6

1

0

5

6-9

3

11. "Парвоз"

6

0

0

6

2-20

0


Бозиҳои даври 8-ум

13-уми май (ҷумъа)

“Равшан” - “Энергетик”
“Вахш” - “Регар-ТадАЗ”
“Гвардия” - “Парвоз”

14-уми май (шанбе)

ССКА “Помир” - “Шодмон”
XS
SM
MD
LG