Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се куштаи боронгариҳо дар манотиқи Тоҷикистон


Бар асари боронгариҳои чанд рӯзи ахир, ду нафар дар ҷануб ва як нафар дар шимоли Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд.

Ба иттилои Дӯстмурод Забиров, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари боронгариҳои 3 ва 4-уми май дар деҳаи Майдапаттаи ноҳияи Фархор, истиқоматкунандагони ҳамин деҳа бародарон Мирзоев Фазлиддин ва Мирзоев Фахриддин дар қабати селроҳа монда ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Забиров, дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯи нерӯҳои ғайринизомӣ ва Ситоди оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа, ҷасади Фазлиддин Мирзоев пайдо шуд ва ва ҷустуҷӯи ҷасади дуввум идома дорад.

Инчунин, дар ҳодисаи мушобеҳи селхезӣ, ба заминҳои кишоварзӣ, наздиҳавлигӣ ва иншоотҳои ёрирасон дар ноҳияи Панҷ ба хисорот ворид шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Забиров, дар айни ҳол намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ барои муайян намудани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани он коммиссияи махсус таъйин намудаанд.

Ҳамзамон рӯзи 5-уми май бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Шингаки шаҳри Панҷакент як ҷавондухтари 16- сола ҷон додааст, ки ҷасадаш то ба ҳол пайдо нашудааст. Инчунин ду кӯпрук, ҳамзамон мактаби деҳа ва дигар иншоотҳои ёрирасон зарар дидаанд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикисто гуфт, хисорот аз боронгариҳои чанд рӯзи ахир дар ноҳияҳои тобеи марказ низ мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, сел дар деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат ба баъзе аз хонаҳои сокинон хисорот ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG