Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии ду рақиби Лукашенка


Аляксандр Лукашенка, раисҷумҳури Беларус
Аляксандр Лукашенка, раисҷумҳури Беларус

Ду рақиби Аляксандр Лукашенка дар интихоботи моҳи декабри раёсатҷумҳурии Беларус -Владзимир Някляев ва Витал Римашевскӣ ба додгоҳ ҳозир шуданд.

Някляев ва Рамешавскӣ ҳамроҳ бо се номзади дигар дар интихоботи рӯзи 19-уми декабри соли гузашта дар пайи эътирозҳое, ки баъд аз эълони пирӯзии Лукашенка Минск, пойтахти Беларусро фаро гирифт, дастгир шуданд.
Аляксандр Лукашенка аз соли 1994 ба ин сӯ, инак 17 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар Беларус ҳукм меронад...


Аммо баъдан Някляев таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт ва Римашевскӣ то оғози мурофиаш мамнӯъулсафар буд ва ҳаққи тарки кишварро надошт.

Мурофиаи парвандаи Владзимир Някляев ва Витал Римашевскӣ дар ҳавлии додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Минск издиҳоми бузурги тамошобинонро гирд овард, ки на ҳамааш дар толори додгоҳ ҷои нишаст пайдо карданд. Дар мурофиа сафирони Лаҳистону Литва ва кордори муваққати Амрико дар Минск, Майкл Сканлан, низ ҳузур доштанд.

"МАН ГУНОҲ НАДОРАМ"

Някляев ва Римашевскӣ, аз рақибони раисҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар интихоботи рӯзи 19-уми декабри соли 2010, ба ташкили беназмиҳо ва ширкат дар эътирозҳое, ки билофосила дар пайи эълони пирӯзии Лукашенка Минскро фаро гирифт, айбдор мешаванд.



Дар сурати дайн шудани ин иттиҳомот додгоҳ метавонад ҳарду номзадҳои собиқро то 3 сол равонаи зиндон кунад.

Владзимир Някляеви 64-сола қабл аз шурӯи мурофиа ба хабарнигорон гуфт, ки гуноҳе надорад. Ӯ иғвогарон аз берунро ба ҳамлаҳо алайҳи иншооти давлатӣ дар ҷараёни эътирозҳои шаби 19 ба 20-уми декабр айбдор кард.

Мақомоти Беларус тазоҳуроти пасоинтихоботиро дар моҳи декабр ба гунае хеле бераҳмона саркӯб ва беш аз 600 тан аз эътирозгаронро боздошт карданд. Ин шеваи саркӯбии тазоҳурот боис шуд, ки мақомоти Ғарб бо эъмоли таҳримот алайҳи Беларус Лукашенка ва беш аз 100 тан аз ёрони ӯро аз ҳаққи раводиди сафар маҳрум кунанд.

АЗ ШЕЪР ТО СИЁСАТ

Някляев, ки аз шоирони маъруфи беларусист, дар ҷараёни тазоҳуроти шаби 19-уми декабр чунон латукӯб шуд, ки аз ҳуш рафт ва ӯро рӯзи баъдаш аз бистари бемористон дастгир карданд. Пас аз як муддати кӯтоҳи боздошт Някляев таҳти ҳабси хонагӣ қарор дода шуд.

Витал Римашевскиро низ баъд аз боздошт раҳо карданд, вале бо ин шарт, ки мамнӯъулсафар боқӣ монда, тарки Беларус нахоҳад кард.

Ҳарду рақиби собиқи Лукашенкаро дар оғоз ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ айбдор мекарданд, ки то 15 соли зиндон муҷозотро дар пай дошт. Аммо дар моҳи март мақомоти Беларус эълон карданд, ки ташкили ошӯбҳо аз феҳрасти иттиҳомоти алайҳи Някляев ва Римашевскӣ ботил шуда, ҳарду акнун танҳо ба аъмоли муташаккилонае, ки мунҷар ба нақзи тартиботи ҷамъиятӣ шудааст, айбдор мешаванд. Ин иттиҳом, тибқи қонунгузории ҷиноии Беларус, ҳадди аксар 3 соли зиндон муҷозот дорад.

МАВҶИ МУРОФИАИ МУХОЛИФИН

Мурофиаи рӯзи панҷшанбе, панҷуми майи соли ҷорӣ, дар пасманзари мавҷи чунин мурофиаҳо алайҳи раҳбарон ва тарафдорони мухолифини Беларус оғоз ёфт. Онҳое ба додгоҳ кашонида шудаанд, ки дар эътирозҳо алайҳи эълони пирӯзии Аляксандр Лукашенка дар интихоботи рӯзи 19-уми декабр нақши муҳим бозӣ кардаанд. Интихоботе, ки нозирони хориҷӣ “пуртақаллуб” баҳояш медиҳанд.

То кунун шумори бузурге аз мухолифини Беларус, бо шумули Андрей Санникав, яке дигар аз номзадҳои интихоботӣ, ки дар раъйгирии рӯзи 19 декабр баъд аз Лукашенка дуввум шуда буд, дар боздошт қарор доранд.

Додгоҳи Санникав, ки ба ҳангоми боздошт ҷиддан латукӯб шуда буд, феълан идома дорад ва бар асоси иттиҳоми ворида, ӯ метавонад то 15 сол ҳукми зиндон бигирад.

ПАНҶАИ ОҲАНИНИ ЛУКАШЕНКА

Ҳамсари ӯ хабарнигор Ирина Халип ҳам, ки қаблан таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт, акнун ба ҳабс гирифта шудааст. Бо иттиҳоми ширкат дар ошӯбҳои пасоинтихоботии Беларус алакай 7 нафар ба мӯҳлати аз 2 то 4 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

Лукашенка аз соли 1994 ба ин сӯ, инак 17 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар Беларус ҳукм меронад.

Тайи ин ҳама муддати раҳбарии ӯ дар Беларус ягон интихоботе доир нашудааст, ки аз сӯи нозирони байналмилалӣ озоду одилона баҳогузорӣ шуда бошад. Лукашенкаро дар Ғарб ҳатто “охирин диктатори Аврупо” ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG