Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон "пайомади фалокатбор"-и Фукушимаро рад кард


Мақомоти Ҷопон саъй доранд, то аз ихроҷи бештари олудагиҳои атомӣ ҷилавгирӣ бишавад.

Оҷонси амнияти ҳастаии Ҷопон ва Ширкати нерӯи барқи Токио баёнияи як мақоми аршади ҳастаии Амрикоро рад карданд, ки гуфт, оби як ҳавзи сардкунии милаҳои сӯхти истифодашудаи атомӣ бухор шудааст, ки паёмадҳои он фалокатбор буда метавонад.
Дар ин рӯзҳои сахт, императори Ҷопон Акиҳито дар як муроҷиати нодири телевизионӣ ба миллати Ҷопон гуфт, ки дар ҳаққи онҳо дуо мекунад ва аз онҳо хост умедро аз даст надиҳанд...


НИГАРОНИИ АВРИКОВУ РАДДИ ҶОПОН

Грегор Ҷезко, раиси Кумисюни амнияти атомии Амрико, ба вакилони мардумӣ гуфт, оби ҳавзи реактори чаҳорум хушк шуда, дар реактори севум рахна пайдо шудааст ва оби ҳавзи сардкунии реактори дуввум кам мешавад.

Аммо Ҳайиме Мотоюку, як сухангӯи ширкати нерӯи барқи Токио, гуфт, вазъ дар ҳавзи чаҳорум мӯътадил аст.

Рӯзи чаҳоршанбе, 16-уми март, ҳангоми корҳо барои роҳ надодан ба гудохта шудани милаҳои сӯхт, мизони радиатсия дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ боло рафт ва мақомоти Ҷопон ба коргарон амр доданд, маҳалли ҳодисаро тарк кунанд.

Юкиа Эдано, муовини нахуствазири Ҷопон дирӯз дар ин бора гуфт: "Мизони радиатсия дар вурудгоҳ ва ё дарвозаи аслии нерӯгоҳ баъди соати 10 ногаҳон башиддат боло рафт... ва барои ҳамин мо амр додем, то коргарон ба ҷойи амн интиқол дода шаванд."

Реакторҳо се сарпӯши муҳофизатӣ доранд ва сарпӯши дохилии он намегузорад, то олудагии атомӣ ба берун хориҷ шавад. Юкиа Эдано гуфт, доир ба сипари дохилии реактор маълумоти дақиқ надоранд, вале бухори радиоактив метавонад аз рахнаҳои он берун шуда бошад.

"ДУО"-И ИМПЕРАТОР

Императори Ҷопон Акиҳито
Бадтар шудани вазъ дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ, ки дар 240 километрии шимоли Токио воқеъ аст, ин нигарониҳоро барангехт, ки фалокати бузургтаре метавонад сар бизанад.

Амрико дар як иқдоми ғайримуқаррарӣ ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки 80 километр дуртар аз маҳалли нерӯгоҳ бираванд. Худи мақомоти Ҷопон аз мардуми минтақаҳои то 20 километр наздик ба нерӯгоҳ амр додаанд, ки маҳалҳои зисти худро тарк кунанд.

Заминларза ва сунамӣ, ки боис ба бӯҳрони ҳастаӣ дар Ҷопон шуд, ҳамчунин ҳазорон нафарро куштаву бенишон кард. Миллионҳо нафар дар манотиқи наздисоҳилии Ҷопон ҳанӯз ҳам обу ғизои кофӣ надоранд ва дар ҳавои сард бидуни гармӣ ва нерӯи барқ мондаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Ҷопон, заминларзаву сунамӣ ба эҳтимоли ғолиб бештар аз 10 ҳазор нафарро куштааст. Дар ин рӯзҳои сахт, императори Ҷопон Акиҳито дар як муроҷиати нодири телевизионӣ ба миллати Ҷопон гуфт, дар ҳаққи онҳо дуо мекунад ва аз онҳо хост умедро аз даст надиҳанд.

XS
SM
MD
LG