Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нерӯгоҳи Фукушима инфиҷори дигаре ба вуқӯъ пайваст ва коргарон маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд.

Дар ду реактори ҳамин нерӯгоҳ, ки бар асари заминларза ва сунамии вайронгар осеб дид, рӯзи шанбе, 12-уми март, инфиҷор ба амал омада буд.

Мақомоти Ҷопон мегӯянд, дар маҳалли инфиҷор мизони ташшашӯъ ва ё радиатсия аз меъёр бештар шудааст, вале на ба андозае, ки барои сиҳатии инсон хатарзо бошад.
Маъмурони наҷот ва сарбозон ба ҷустуҷӯи бозмондаҳо ва ҳам аҷсоди қурбониён идома медиҳанд ва то кунун тақрибан 2 ҳазор ҷасад пайдо кардаанд...


Муҳандисони ҷопонӣ саъй доранд, бо оби дарё реакторҳои нерӯгоҳро сард нигаҳ доранд. Аммо айни замон, ба гуфтаи мақомот, зоҳиран милаҳои сӯхти атомӣ дар реакторҳои нерӯгоҳ гудохта мешаванд, ки паёмадҳои он метавонад фалокатбор бошад.

ИНФИҶОРИ БОЛОПӮШҲО

То кунун болопӯшҳои реакторҳои якум ва севуми нерӯгоҳ низ мунфаҷир шуданд, вале олудагиҳои ҳастаӣ ба ҳаво хориҷ нашудааст. Ҳукумати Ҷопон ҳамчунин гуфт, болопӯши муҳофизатии реактори севум, ки дар он плутониум ва ураниум месӯзад, осеб дидааст, вале маълум нест, ки садама бар асари ҳамин инфиҷор будааст ё иллати дигар.

Юкиа Эдано, раиси девони вазирони Ҷопон гуфт, ҳавзи сардкунии реактори дувум аз зераш осеб дидааст, вале мизони ташашшӯъ ва ё радиатсия дар наздикии маҳалли нерӯгоҳ мушоҳида нашудааст. Аммо бино ба гузоришҳо мизони ташашшӯъ дар ин маҳал чаҳор маротиба бештар аз меъёри муқаррарист, агарчӣ ин меъёр ҳам барои сиҳатии инсон хатарнок маҳсуб намешавад.

Ҳамчунин, баъд аз инфиҷор дар реактори дувум, ки онро таркиши гидроген гуфтанд, амр додаанд, то кормандони нерӯгоҳ аз маҳалли ҳодиса хориҷ шаванд. Нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, бар асари заминларзаи қавии 9 дараҷаӣ ва сунамии вайронгари рӯзи ҷумъа, 11-уми март, дар Ҷопон осеб дид ва давлати ин кишвар бошитоб саъй дорад, то аз фалокати бузург дар ин нерӯгоҳ ҷилавгирӣ кунад.

"ФУКУШИМА ЧОРНОБИЛ НАХОҲАД ШУД"

Сунамии вайронгар, хати интиқоли нерӯи барқ ба нерӯгоҳро вайрон кард ва системаи хунуккунии реакторҳои нерӯгоҳро аз кор баровард. Мутахассисон маҷбур шуданд, барои сард кардани реакторҳо ва монеъ шудан ба инфиҷори онҳо аз оби дарё истифода баранд.

Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи душанбе, 14-уми март, гуфт, давлати Ҷопон расман аз ин созмон хостааст, дар амри муқобила бо бӯҳрони ҳастаӣ дар кишвар кӯмак кунад. Юкиа Амано, мудири кулли оҷонс рӯзи душанбе дар шаҳри Вена гуфт, ниҳоди мазкур ва давлати Токио масъалаи ирсоли тими коршиносон ба Ҷопонро баррасӣ мекунанд.

Амано ҳамчунин гуфт, фалокат дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ, ки дар 250-километрии шимоли Токио воқеъ аст, мисли фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар соли 1986 нахоҳад шуд, ки бар асари ин фалокат, абрҳои бузурги маводи ҳастаӣ дар қаламрави бузурге паҳн шуда ва даҳҳо ҳазор нафарро бемор ва қаламравҳои бузургеро олуда кард.

ЯК ЗАМИНЛАРЗАВУ 150 ПАСЛАРЗА

Айни замон мутахассисони ҷопонӣ саъй доранд, то реактори севуми нерӯгоҳи Фукушимаро сард кунанд, ки дар он низ инфиҷор ба амал омад. Инфиҷори гази гидроген дар воҳиди севуми нерӯгоҳ 11 нафарро маҷрӯҳ кард ва мутахассисон барои роҳ надодан ба инфиҷори реактор онро бо оби баҳр сард мекунанд.

Ҷопон аз сӯи дигар саъй дорад, ба кӯмаки миллионҳо нафари дигар бирасад, ки рӯзҳои худро бидуни нерӯи барқ, обу ғизо ва дар ҳавои сард пушти сар мекунанд. Баъд аз заминларзаи рӯзи ҷумъа то кунун 150 пасларзаи дигар дар Ҷопон ба вуқӯъ пайваст.

Маъмурони наҷот ва сарбозон ба ҷустуҷӯи бозмондаҳо ва ҳам аҷсоди қурбониён идома медиҳанд ва то кунун тақрибан 2 ҳазор ҷасад пайдо кардаанд. Аммо теъдоди воқеии қурбониён, ба гуфтаи пулис, танҳо дар минтақаи Миягӣ шояд аз 10 ҳазор нафар бештар бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG