Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия даргири ҷанги дохилӣ шудааст?


Сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел роҳҳои ҳалли бӯҳрони Либияро баррасӣ мекунанд.

Дирӯз вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои ин кишварҳо имкони амалиёти низомӣ дар ин кишварро баррасӣ карданд.

Дар соатҳое, ки ин баррасиҳо дар Брюссел идома дошт, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия аз танку тӯп ба мавозеи мухолифони худ оташ кушоданд, то онҳоро аз бандари стратегии нафтӣ дар Рас Лануф биронанд.



Бо вуҷуди ин ҳамлаҳо, намояндагони мухолифон дар ҷабҳаи дипломатӣ чанд пирӯзӣ ба даст оварданд.

ҚАЗЗОФӢ ДАР БАЙНИ ОБУ ОТАШ


Дар саросари Аврупо низ талошҳои дипломатӣ бар зидди Муаммар Қаззофӣ идома дорад. Фаронса Шӯрои Миллии мухолифонро чун намояндаи қонунии мардуми Либия ба расмият шинохт. Бо назардошти чунин вазъ метавон гуфт, ки мубориза ҳам дар ҷабҳаи дипломатия ва ҳам дар ҷабҳаи низомӣ ҷараён дорад.

Кумитаи Салиби Сурхи Байналмиллалӣ мегӯяд, нерӯҳои ҳукуматии Либия бар зидди шӯришиён амалиёти густардаи ҷангиро оғоз кардаанд. Ба ин сабаб метавон гуфт, ки Либия дар ҳолати ҷанги дохилӣ қарор дорад. Якоб Келленбергер, раиси ин кумита дар Женева гуфт, интизор меравад, ки ин ҷанг дар оянда ташдид ёбад. “Фаҳмиши ман ин аст, ки мо ҳоло дар рӯ ба рӯи як муноқишаи мусаллаҳонаи ғайри байналмиллалӣ ё он гуна, ки шумо мегӯед, ҷанги дохилӣ қарор дорем”.

"ПИРӮЗИ"- И ДИПЛОМАТИИ МУХОЛИФОН

Дар ҷабҳаи дипломатӣ ин нукта ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ки намояндагони мухолифони давлати Либия аз шаҳри Бенғозӣ ошкоро ва муваффақиятомез мавзеъгирии мухолифонро ба Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса тавзеҳ доданд ва Фаронса ба таври расмӣ “Шӯрои Миллӣ”-ро чун намояндаи расмии мардуми Либия эътироф кард. Дафтари Никола Саркозӣ гуфт, ки омода аст сафири худро ба Бенғозӣ бифиристад ва намояндаи мухолифони Либияро чун сафир дар Порис бипазирад.

Ҳамзамон хонум Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико изҳор дошт, ки дар ҷараёни боздиди ҳафтаи ояндаи худ аз Ховари Миёна, бо намояндагони мухолифони Либия мулоқот анҷом медиҳад. Ин мулоқот бахше аз стратегияи Вашингтон барои кӯмак ба нерӯҳои ҷонибдори демократия аст, то Муаммар Қаззофиро аз мақом барканор кунанд.

ЭҲТИМОЛИ МУДОХИЛАИ ХОРИҶӢ


Имкони мудохилаи низомии нерӯҳои хориҷӣ дирӯз дар мусоҳибаи писари Муаммар Қаззофӣ бо рӯзноманигорон дар Троблус-пойтахти Либия маввзӯи аслӣ ба шумор мерафт. Сайфулислом гуфт, ҳукумати падараш ҳеҷ гоҳ “ба террористҳо таслим нахоҳад шуд”. Вай афзуд, “ҳоло мардуми Либия ба ҳам муттаҳид шудаанд ва онҳо қавӣ ҳастанд”.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия аз пешниҳоди СММ-ро дар бораи минтақаи мамнӯи парвоз эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия рад кард, вале Русия аз талошҳои дигари байналмиллалӣ барои ҳалли бӯҳрони Либия пуштибонӣ намуд. Аз ҷумла Русия розист, ки режими Қаззофиро барои ҳамлаҳояш ба мардум дар муҳосираи иқтисодӣ бигирад ва дар чаҳорчӯбаи таҳримҳои зидди Либия ба ин кишвар аз фурӯш ё интиқоли аслиҳа худдорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG