Пайвандҳои дастрасӣ

99 соли матбуоти тоҷик: Аз “Бухорои шариф” то имрӯз


"Бухорои шариф", нахустин рӯзномаи тоҷикӣ

"Бухорои шариф", нахустин рӯзномаи тоҷикӣ

11-уми март ба шарафи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар тақвимҳои кишвар ҳамчун Рӯзи матбуот дарҷ шудааст.

Аммо хабарнигорони тоҷик имсол бо кадом рӯҳияе аз иди касбии худ, ки бар пояи нашри нахустин шумораи "Бухорои шариф" дар аморати Бухоро асос ёфтааст, таҷлил мекунанд?

СОЯҲОИ БОЛОИ ИД

Аз сӯи мансабдорони аршад ба додгоҳ кашонида шудани нашрияҳои мустақил, барои чанд моҳ масдуд шудани дастрасӣ ба 4 сомонаи интернетӣ ва бо баҳонаҳои фаннӣ барои низ чанд муддат аз нашр бозмондани се нашрия, эъмоли молиёти баландтар рӯи фурӯши рӯзномаҳо ва латукӯби сардабири “Наҷот” Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода дар моҳи феврал - ин ҳама болои рӯҳияи иди имсолаи матбуоти тоҷик ва солгарди 99-уми таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф” - соя андохтааст.
"Бухорои шариф", ба истилоҳи имрӯза, “ҷамъиятиву сиёсӣ” буд, ки ҳадафаш бо як забони фаҳмо барои аксари мардуми Бухоро, яъне ба тоҷикӣ, гуфтани аҳволи он замон буд...


Бино ба омори расмии Вазорати фарҳанг, масъули муҳосибаи ҳарсолаи расонаҳои Тоҷикистон, феълан дар майдони матбуоти тоҷик беш аз 400 расона, бо шумули 268 рӯзнома, 136 маҷалла ва 8 хабаргузорӣ расман амал мекунанд. Албатта, аксари онҳо ба сурати моҳномаву гоҳнома ва дар беҳтарин сурат ҳафтаӣ нашр мешаванд.

Ҳамагӣ дар ним соли пеш “Имрӯз Нюс” - нахустин нашрияи ҳаррӯза дар 20 соли истиқлоли Тоҷикистон ба ин майдон омад, вале ба маҳзи имконоти маҳдуди шабакаҳои фурӯши матбуот ин рӯзнома асосан дар пойтахт, Душанбе ба фурӯш меравад.

ЧАРО 11 МАРТ?

Нашрияҳои тоҷикӣ
Рӯзи матбуот дар замони Шӯравӣ 5-уми май, рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии “Правда” буд. Дар соли 1994 парлумони Тоҷикистон 11-уми мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон кард.

Аммо чаро 11 март? Қироншоҳи Шарифзода, устоди бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик, мегӯяд: “То аз ҷониби давлат қабул шуданаш, ду пешниҳод баҳс мешуд. Як пешниҳод 11 март – зодрӯзи “Бухорои шариф”-ро Рӯзи матбуоти тоҷик бипазирем. Ва дуввум пешниҳод зодрӯзи “Бедории тоҷик”(“Ҷумҳурият”-и имрӯза)-ро, ки 15 марти соли 1924 аст. Ва дар ниҳоят, соли 1994 парлумони Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба Қонуни рӯзҳои ид 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфт.”

Нахустшумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад.

Ҷаноби Шарифзода мегӯяд, муҳаққиқони тоҷик аз 153 шумораи “Бухорои шариф” танҳо ду шумораи аввалашро ба истилоҳ “бо даст палмосида” ва мутолиаву таҳқиқ кардаанд. Ӯ мегӯяд, ин як нашрияи, ба истилоҳи имрӯза, “ҷамъиятиву сиёсӣ” буд, ки ҳадафаш бо як забони фаҳмо барои аксари мардуми Бухоро, яъне ба тоҷикӣ, гуфтани аҳволи он замон буд. Албатта, дар чаҳорчӯбе, ки шароити он аҳд имкон медод.

МУБТАКИР МИРЗОМУҲИДДИН БУДААСТ

Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд, яке аз асосгузорони “Бухорои шариф” Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.
Солҳои 1989-1992-ро мо як давраи эҳёи матбуоти миллӣ мешуморем. Чун дар ин давра матбуоти тоҷик як рӯҳияи миллӣ ба худ гирифт ва ҳам бо қабули қонуни матбуот аз соли 1990 нашрияҳои хусусиву ҳизбӣ рӯи кор омаданд...


Мирзомуҳиддин дар аҳди аморат ба тиҷорати пахта ва пӯсти қароқул машғул буд ва ҳатто аз лиҳози дороӣ, ба гуфтаи Садриддини Айнӣ, танҳо амир Олимхон бар ӯ пешдаст будааст. Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, азбаски амири Бухоро бидуни ризоияти элчихона ё сафорати Русия ҳаққи даст задан ба умури сиёсиро надошт, муҷаввизи “Бухорои шариф”-ро бо ваъдаи мусоидат ба равобити тиҷории Русияву аморати Бухоро аз ҳамин сафоратхона дарёфт карданд.

Муҳаққиқи тоҷик меафзояд, аммо дар ҳар сурат, дар "Бухорои шариф" ҷанбаи сиёсӣ бештар буд, то тиҷорӣ: “Ва азбаски матбаа дар Когон буд ва мудираш Левини яҳудӣ, ӯро бо ваъдаи даромади фаровон ба чопи “Бухорои шариф розӣ карданд. Рӯзнома чизи катбист ва аз ин рӯ онҳо ҳадафҳои сиёсӣ доштанд, вале азбаски замона аҳдофи сиёсиро намебардошт, он равшанфикрони Бухорон зери чунин баҳонаҳо рӯзнома сохтанд. Вале шумораҳои баъдӣ собит сохт, ки аҳдофи сиёсӣ дар “Бухорои шариф” назар ба аҳдофи тиҷорӣ бештар аст, зеро аз 4 саҳифааш дар формати А3 фақат якеаш эълону рекала буд, ки ба забони русӣ чоп мешуд.”

Аммо “Бухорои шариф” умри зиёд надид ва аллакай дар 1-уми январи соли 1913 аз байн рафт. Фақат дар соли 1918 як гурӯҳи коммунистони Бухоро нашри маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб”-ро ба тоҷикӣ ба роҳ андохтанд, ки низ баъд аз чанд шумора мутаваққиф шуд, то дар соли 1924 “Овози тоҷик”, ки феълан ҳам дар Тошканд бо ҳамин ном нашр мешавад, ва “Иди тоҷик”“Бедории тоҷик”, пешгузаштаҳои “Ҷумҳурият”-и кунунӣ, вориди майдон шаванд.

ДАВРАҲОИ ТИЛОИИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Нашрияи "Рӯзи нав"
Дар ин 99 соле ки аз нашри нахустшумораи “Бухорои шариф” мегузарад, матбуоти тоҷик як роҳи пур аз шебу фарозеро тай карда, шоҳиди чандин давраҳои тилоӣ шудааст. Намои Бӯринисо Бердиева ва “Маориф ва маданият”-и ӯ дар солҳои 70, ки баъдан ҳокимони вақти коммунист барқасд ба ду нашрияи каммӯҳтаво таҷзияаш карданд, аз саҳифаҳои дурахшони ин таърих аст.

Аммо ба ақидаи Қироншоҳи Шарифзода, аз муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик, тиллоитарин давраи ин таърих дар поёни солҳои 80 оғоз ёфт ва то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ давом кард: “Солҳои 1989-1992-ро мо як давраи эҳёи матбуоти миллӣ мешуморем. Чун дар ин давра матбуоти тоҷик як рӯҳияи миллӣ ба худ гирифт ва ҳам бо қабули қонуни матбуот аз соли 1990 нашрияҳои хусусиву ҳизбӣ рӯи кор омаданд. Ин як давраи хеле пуравҷ буд. Аммо баъди соли 1992 давраи рукуди матбуот оғоз ёфт.”

Танҳо сар аз нимаи дуввуми солҳои 90, бо фурӯ нишастани оташи низоъҳои мусаллаҳона, матбуоти тоҷик дубора ҷон даровард ва аз соли 2003 шоҳиди боз як авҷи дигар шуд, ки дар соли 2005 бо баста шудани нашрияҳои “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан” ва “Одаму олам” фурӯ нишаст. Охирин авҷ дар таърихи матбуот тақрибан се сол ба ин сӯ идома дошта, дигар ҳама вазиру кабир, албатта, ба истиснои нафари аввал ва атрофиёни ӯро дар дастраси интиқодоти матбуот қарор дод.

Аммо чолишҳои ҷиддие, чун масдуд шудани 4 сомона ва аз нашр бозмондани 3 ҳафтаномаи мустақил дар тирамоҳи гузашта, ки аксар ба нооромиҳои водии Рашт рабташ медиҳанд, ва ҳам қазияҳои пайдарпайи додгоҳӣ алайҳи расонаҳо - дар ин миён буд, ки ба бовари маҳофили хабарнигорӣ, баёнгари осебпазир боқӣ мондани худи асли озодии матбуот дар Тоҷикистон аст.

РАСОНАҲО ДАР НАҚШИ ОППОЗИТСИЮН

Давлати Усмон
Бо ин ҳама, бисёре аз хонандагон ва таҳлилгарон нақши расонаҳои мустақилро дар Тоҷикистони имрӯз ҳатто болотар аз аҳзоби сиёсӣ медонанд ва мегӯянд, ҳукумат дар амал бештар аз ин матбуот тарс дорад, то аз аҳзоби мухолифе, ки аз хатти дар саҳнаи сиёсӣ барояшон кашидаи давлат тақрибан пой ба берун намегузоранд.

Раҳпаймоиҳои мардуми Варзоб алайҳи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, эътирози занони рустои тахрибшудаи Қӯштеппа ва нооромиҳои водии Рашт танҳо чанд масъалаест, ки расонаҳо дар пайгирии он нисбат ба аҳзоби сиёсӣ пешдаст будаанд.

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, як иллат заъфи худи аҳзоби мухолиф аст, ки дигар дар баробари ҳукумат майдондорӣ карда наметавонанд: “Оппозитсиюни сиёсӣ ҳамавақт бояд кӯшиш кунад, то аз иштибоҳҳову аз амал накардани ҳукумат у бефаъолияш барои таҳкими мавқеъи худ истифода барад. Аммо дар Тоҷикистон фаъолияти аҳзоби сиёсӣ заъифтар аст нисбат ба матбуоти мустақил, ки тайи 5-6 соли охир хеле рушд карда, хеле аз дардҳову камбудиҳои ҷомиаро матраҳ кардааст, гуфтааст ва мушкилкушои дарди мардум шудааст. Қазияҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳои мустақил ҳам исбот мекунад, ки нигаронии ҳукумат бештар аз матбуоти мустақил аст, то аз аҳзоби мухолиф.”

Зафари Сӯфӣ
Аммо Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” мегӯяд, рисолати расонаҳо мухолифат ба ҳукуматҳо нест, балки заъфу камҷуръатии аҳзоби мухолиф аст, ки нашрияҳои дар қиболи масоили доғи рӯз боҷуръаттарро чунин таъриф медиҳад: “Намехоҳам, ки “Озодагон” рисолати мухолифинро адо кунад. Ҳадафи мо интиқоди иштибоҳҳои роҳёфта дар амалкардҳои ҳам давлат ва ҳам аҳзоби сиёсист ва он ҳам фақат ба хотири ислоҳи ин иштибоҳҳо. Ва рисолати аслии расонаҳо расондани иттилоъи ҳирфаӣ, беғараз ва объективист. Чунин бошад, беҳтар аст.”

АҚИБНИШИНИИ ТАКТИКӢ?

Бархе мегӯянд, мушкилоти ахири омада бар сари расонаҳо боис шуд, ки матбуот ба истилоҳ аз шеваи ақибнишинии тактикӣ кор бигирад ва забони танқидашро як каме мулоимтар кунад.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
, аз хабарнигорони фаъоли тоҷик, ки имсол хабаргузории “Авесто”-яшро супурд ва аз журналистика канор рафт, мегӯяд, фикр намекунад, ки қалами расонаҳо ҳолиё кундтар шуда бошад: “Дар асл мавзеъи матбуот тағйир наёфтааст, ки як далелаш даъвоҳои нави додгоҳӣ дар қиболи матлабҳои дар воқеъ тунду доғи ин нашрияҳост. Аммо сабаби онки садои бархе нашрияҳо ба гунаи қаблӣ баланд нест, бештар натиҷаи оромиест, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Фақат 2 ило 3 мавриде буд, чун тахриби манзилҳо ва бадрафтории милиса, ки матбуот дар борааш навишт. Дигар фазои сиёсии кишвар ором ба назар меомад. Ва бо расидани баҳор, ки саҳнаи сиёсӣ фаъолтар шуд, садои матбуот низ ҳатман баландтар ба гӯш хоҳад расид. Ман фикр намекунам, ки хабарнигорони тоҷик тарсида бошанд.”

ЭҲТИЁТ БЕШТАР ШУД, ВАЛЕ НА СОНСУР

Хабарнигори ҷавони тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, ки дар пайгирии мавзӯъҳое, ки интихоб мекунад, мушкиле то ҳол барояш пеш наовардаанд, вале ба дунболи силсилаи қазияҳои додгоҳӣ эҳтиёти сардабирон, бахусус дар қиболи матлабҳои сиёсӣ, бештар шудааст.

"Онҳо зиёд таъкид мекунанд, ки хеле ҷиддӣ бояд буд, бахусус агар мавзӯъ сиёсӣ бошад, то иштибоҳе роҳ наёбад ва барои расона дардисари навбатӣ эҷод кунад. Сабабаш афзудани даъвоҳои додгоҳӣ бо нашрияҳост. Албатта, онҳо намегӯянд, ки нанавис, вале аз мо бештар талаб мекунанд, то барои ҳар факте ки мо менависем, ё назаре ки меорем, бояд қабл аз ҳама мусоҳиби мо худ ба он андешааш мутмаин бошад ва худи мо низ, ҳатто агар 100 дарсад набошад, ақалан 80-90 дарсад боварӣ дошта бошем. Танҳо баъд дар ҳафтанома чоп мешавад он матлаб”,-афзуд ӯ.

Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” низ аз эҳтиёти бештар кор гирифтани расонаҳо дар пайи пеш омадани қазияҳои додгоҳиро радд намекунад ва мегӯяд, ин, албатта, ҳанӯз ба маънои сонсур нест, вале ба маҳзи адами боварӣ ба мустақилияти низоми додгоҳӣ мулоҳизоту нигарониҳоеро дар зеҳни масъулини нашрияҳои тоҷикӣ эҷод кардааст: “Чизе ки ҳаст, мо ҳамон тавре ки буд, нигоҳ доштем. Инки баъзе мавзӯъҳо пардохта намешаванд, сабабҳо дорад. Мо ҳамеша гуфтем, ки агар ягон мавзӯъе пеш биояд ва мо далел дошта бошем барои исбот карданаш, мо ба он мепардозем, ҳатто сарфи назар аз онки пушти саҳна ҳар касе - ниҳоде ё шахсияте - истода бошад. Аммо аз инки ба баъзе далелҳову баъзе манобеъ дастрасӣ надорем, аз ин ҷиҳат ба баъзе мавзӯъҳо намепардозем.”

“ХАТҲОИ СУРХ”-И МАТБУОТ


Ҳумайрои Бахтиёр
Аммо оё “хатҳои сурх”-е ҳанӯз ҳаст, ки матбуоти тоҷик аз он парҳез кунад? Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, “сурхтарин хат” барои матбуоти Тоҷикистон ҳамчунон масоили марбут ба хонаводаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонад: “Ҳар ҳафтанома вобаста ба хусусият ва шахси раҳбараш баъзе мавзӯъҳои мамнӯъро дорад. Ва боз ҳамон “хаттҳои қирмизӣ”-е, ки дар борааш мегӯянд, роҷеъ ба хонаводаи раисиҷумҳур аст. Бисёриҳо имрӯз дар ҷомеа мегӯянд, ки баъзе тиҷоратҳо ва фаъолиятҳо дар кишвар монополия шудааст. Вале ҳеҷ кас-на ягон расона ва на ягон хабарнигор - пушти ин мавзӯъ намеравад. Худаш намехоҳад, вале агар бинависад ҳам, шояд ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шавад.”

Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ба фарқ аз бархе кишварҳои дигари минтақа, матбуоти тоҷик аз танқиди аъзои ҳукумати Тоҷикистон дигар парҳез намекунад, вале камбуди иттилоъ ва манобеъ далели аслиест, ки матбуот аз пайгирии масоили марбут ба раҳбари аввали кишвар ва атрофиёни ӯ то ҳол даст нигоҳ доштааст: “Дар мо танҳо чизе ки “хатти қирмиз” аст, манъшуда неву худи расонаҳо намепардозанд, мавзӯъҳоест, ки ба шахси аввал ва хонаводаи ӯ иртибот дорад ва ҳам ба онҳое, ки дар атрофи шахси аввал ҳастанд. Дигар тамоми мавзӯъҳо пардохта мешавад. Шояд начандон амиқ, вале ба ҳар сурат, дар бораашон менависанд. Аммо шахси аввал ва атрофи ӯ дар воқеъ як “хати қирмиз” аст, ки то ҳол касе то ин ҳадд ё ҷуръат накарда, ё дастрасӣ ба иттилоъ надоштааст. Агар дастрасӣ ба чунин иттилоъ мебуд, фикр мекунам, ба ин мавзӯъ низ ҳатман пардохта мешуд.”

ДАСТИ ХАБАРНИГОРРО КӢ МЕГИРАД?

Мушкили дигари матбуоти тоҷик камбуди сармоягузорист. Маоши хабарнигорони маҳаллӣ дар муқоиса бо Ғарб, барои мисол, бакарат камтар буда, бино ба эътирофи худи онҳо, аз 400 сомонӣ сар шуда, ҳадди аксараш чизе дар ҳудуди 300 доллар аст.
Кам касе ба сохтани сандуқи ҳимоят аз озодии матбуот, ки ифшои камбудиҳои онҳоро низ метавонад дар пай дошта бошад, манфиатдор аст...


Моликони нашрияҳо низ мегӯянд, аз ин тиҷорат фоидаи чандоне ба даст намеоранд ва камидарками онҳо тавон ва имкони молии андешидан ба барномаҳои баландмуддатро дорад. Имконоти молии аксари онҳо дар чорчӯби формулаи оддии “нашр-фурӯш-нашр” маҳдуд буда, бурузи мушкил дар яке аз ин зинаҳо боис ба тиҳӣ шудани ҷайби нашрия мешавад, ки як намунаи барҷастааш ба мушкилоти ҷиддии молӣ ва коҳиши теъдоди нашр мувоҷеҳ шудани ҳафтаномаи “Фараж” дар пайи тавқифи чопаш барои қариб 3 моҳ дар тирамоҳи гузашта буд.

Хабарнигори ҷавони тоҷик Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, аксари хабарнигорон барои таъмини эҳтиёҷи рӯзгори худ мулзаманд якбора барои чанд хоҷа кор кунанд: “Маош дар Тоҷикистон, албатта, ба ҳадде нест, ки хабарнигор умед танҳо ба як нашрия бандад ва тамоми нирӯи худро барои як расона сарф кунад. Ба ҳамин далел, хабарнигорони мо ба иловаи нашрияи худ кӯшиш мекунанд, бо дигар созмонҳои байналмилалии расонаӣ ва нашрияҳои дигар низ ҳамкорӣ кунанд ва ҳаққи қалам бигиранд. Иллат то кунун дар Тоҷикистон дуруст дарк нашудани зарфиятҳои касби хабарнигорист.”

Зафар Абдуллоев мегӯяд, бозори матбуоти Тоҷикистон дигар наметавонад аз ҳисоби танҳо имконоти дохилиаш рушд кунад. Аммо дар ҳоле ки аксари расонаҳои Тоҷикистон пуштибонии молиро асосан аз созмонҳои байналмилалӣ меҷӯянд, Зафар Абдуллоев таъсиси як Сандуқи пуштибонии озодии матбуот аз ҳисоби ширкатҳои бузурги дохилиро шарт ва лозим медонад.

Аммо оё чунин шеваи таъмини молии матбуот боис ба афзоиши “хатҳои сурх” аз ҳисоби ин ширкатҳои маблағгузор, барои мисол ТАЛКО, нахоҳад шуд?

Ҷаноби Абдуллоев, ки бо матлабҳои тундаш дар бораи ТАЛКО маъруф аст, дар посух гуфт: “Дар ин шароит матбуот интихоби дигаре ҳам надорад. Матбуот амалан тифлест, ки ҳукумат аз баҳраш гузаштааст ва онҳо маҷбуранд, аз дасти кадом як “амакҳои бегона” нон хӯрда, манфиатҳои онҳоро муроот кунанд. Пуштибонии матбуоти миллӣ пеш аз ҳама ба нафъи худи давлати Тоҷикистон аст. Аммо набояд касе баъдан ба расонаҳо миннат гузошта, нишон диҳад, ки чиро бинависанду чиро не. Сабаби то ҳол таъсис нашудани чунин Сандуқ низ ҳамин аст. Кам касе ба сохтани сандуқи ҳимоят аз озодии матбуот, ки ифшои камбудиҳои онҳоро низ метавонад дар пай дошта бошад, манфиатдор аст.”

Ҳамин тавр, бо як ҷайби тиҳӣ, зери фишорҳо аз чапу аз рост, вале бо саре ҳамчунон баланду пурифтихор ва бо забоне сурх ва бараҳнагӯ матбуоти тоҷик рӯзи 11-уми март 99-сола мешавад.

Ид муборак, ҳампешагони азиз!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG