Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрасти нави "FIFA" 7 зина поин рафта ва дар ҷои 148-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст. Русия, ки миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал мебошад, як зина поин, ба зинаи 13-ум фуромад.

Мавқеи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 33-юм (34-ум буд) Укроин; 37 (36) Белорус; 54 (55) Литва; 65 (62) Арманистон; 72 (71) Гурҷистон; 75 (76) Латвия; 77 (77) Узбакистон; 82 (87) Эстония; 87 (81) Молдова; 100 (99) Озарбойҷон; 132 (137) Қазоқистон; 148 (141) Тоҷикистон; 154 (133) Туркманистон; 174 (175) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони ҷаҳон, дар феҳрасти нави FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, дар ҷои дуввум ва Олмон, барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ, дар ҷои саввум мебошанд.

Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Аргентина, Бразил, Инглистон, Уругвай, Хорватия, Португол ва Юнон ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 25-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳрасти ҷаҳонӣ 15-ум), Австралия (21), Кореяи Ҷанубӣ (29), Эрон (43), Чин (76), Узбакистон (77), Арабистони Саудӣ (79), Урдун (81), Ироқ (89) ва Қатар (90).

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG