Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама хостааст, то мурофиаи гумонбарони терроризм дар Гуантанаморо аз сар бигиранд.

Вай дар як эъломия гуфта, ки иҷоза медиҳад мурофиаҳои нави додгоҳӣ оғоз шавад ва ҳадаф аз он таҳкими тавоноии Амрико барои ба муҷозот кашондани террористҳо мебошад.

Обама афзудааст, “ман боварии комил дорам, ки низоми додгоҳии Амрико яке аз қисматҳои калидии нерӯву тавоноии мо дар ҷанг бар зидди “Ал-Қоида ва бахшҳои он аст.”

ШАРТИ НАВИ АМРИКО

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико
Ин тасмими Обама мамнӯияти мурофиаҳои додгоҳии Гуантанаморо, ки моҳи январи соли 2009 ҷорӣ шуда буд, беэътибор мекунад.

Тасмими Барак Обама дар бораи ба таъхир андохтани мурофиаҳои додгоҳии Гуантанамо яке аз тасмимҳои нахустини вай баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ буд.

Он вақт дар бораи ин мурофиаҳо ва шиканҷаи зиндониён хабарҳои зидду нақиз ба нашр мерасид. Дар боздоштгоҳи Гуантанамо тақрибан 170 зиндонӣ ба сар мебарад ва дар миёни онҳо гумонбарони аслии ҳамлаи 11-уми сентябри соли 2001 ва зиндониён аз Афғонистону кишварҳои дигар ҳастанд.

Ҳоло Кохи Сафед мегӯяд, ба мурофиаҳо иҷоза медиҳад, вале барои идомаи он шартҳои нав ҷорӣ мекунад. Шарт ин аст, ки дар ҷараёни мурофиа барои ба даст овардани “эътирофот” аз азияту озор ва шиканҷа кор нагиранд.

Ба назар мерасад, ки то ҳол гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз оғози мурофиаҳо розӣ нестанд. Дар дастури Обама омадааст, мунназам ба парвандаи боздоштшудагон расидагӣ сурат мегирад. Дар дастур гуфта шудааст, ки ин боздоштгоҳ саранҷом баста хоҳад шуд.

ГУАНТАНАМО БАСТА МЕШАВАД?


Барак Обама қавл дода буд, ки ин кор то оғози соли 2010 анҷом мегирад. Вале мухолифон дар Конгресс пофишорӣ мекарданд, ки ашхоси машкук ба терроризм бояд ба қаламрави Амрико интиқол дода шаванд. Ба ҳамин далел, иҷрои ин дастур ба таъхир афтод.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин мехост кишварҳоеро пайдо кунад, ки афроди раҳошуда аз боздоштгоҳи Гуантанаморо қабул кунанд.

То ҳол Вазорати корҳои хориҷии Амрико 67 нафар аз чунин боздоштшудагонро ба кишварҳои севум, аз ҷумла ба Албанияву Булғористон, Фаронсаву Гурҷистон ва Олмону Латвия фиристодааст.

Чунин ба назар мерасад, ки дар сурати аз сар гирифтани мурофиаҳои додгоҳии боздоштшудагони Гуантанамо нахустин шахс Абдураҳим ал-Ноширӣ хоҳад буд, ки ба мурофиа мекашанд. Вай барои бамгузорӣ дар киштии ҷангии Амрико муттаҳам дониста мешавад.

Ал-Ноширӣ норозии сиёсии Саудии яманитабор аст, ки соли 2006 ба боздоштгоҳи Гуантанамо интиқол дода шудааст.

ОХИРИН ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУАНТАНАМО

Умар Абдуллоев
Ин дар ҳолест, ки як шаҳрванди Тоҷикистон Умар Абдуллоев низ дар боздоштгоҳи Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавад.

Вай яке аз 12 шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон боздошт ва ба зиндони Гуантанамо фиристода шудааст.

То кунун 11 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин боздоштгоҳ раҳо ва ба ватан оварда шуда, се нафари онҳо дубора дар кишвар муҳокима ва ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.

Вале Умар Абдуллоев, охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар Гуантанамо гуфта, ки дар сурати раҳоияш низ намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Вай хоста, ки Амрико ӯро ба кишвари севум интиқол бидиҳад.

Аҳли хонаводаи ин маҳбуси тоҷик дар ноҳияи Панҷ, минтақаи ҷанубии кишвар зиндагӣ мекунанд, ки акси Умар Абдуллоевро дар нашрияҳо дида ва ӯро шинохтаанд.

Модари ӯ, ду соли пеш дар сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки номи ӯ на Умар Абдуллоев, балки Муҳаммадӣ Давлатов аст. Вай аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки фарзанди ӯро ба кишвар биёранд.

Умар Абдуллоев дар пайи нооромиҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, то замони боздошташ аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ, дар он ҷо зиндагӣ ихитёр карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG