Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия ҳамчунон дар гирдоби хушунатҳо


Набардҳо барои назорати шаҳри Зовия байни нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ ва мухолифини ӯ ҳамчунон идома дорад.

Даргириҳо барои Зовия рӯзи шанбе низ идома дошт ва ҳарду ҷониб аз пешрафти худ дар ин набардҳо иддао мекунад. ББС мегӯяд, нирӯҳои Қаззофӣ Зовияро таҳти ҳамлаи тӯпхонаҳо ва мушакҳои зиддиҳавоӣ қарор дода, қасд доранд, ба майдони марказии шаҳр тасаллут кунанд. ББС аз кушта шудани дастикам 18 нафар хабар дод ва ин дар ҳолест ки сокинони маҳаллӣ дар бораи ҳалокати дастикам 30 нафар сӯҳбат мекунанд.

Дар миёни ин ҳама хабару даъвоҳои зиддунақиз раҳбарони чирикиҳо исрор меварзанд, ки нирӯҳои Қаззофиро ақиб андохта, назорати худ бар Зовияро барқарор кардаанд. Юсуф Шағон, сухангӯи фармондеҳи чирикиҳои Зовия ба Ройтерс гуфт, ки нирӯҳои Қаззофӣ субҳи шанбе бо тонкҳову силоҳҳои вазнин вориди шаҳр шуданд, вале «акнун онҳоро берун андохтаанд ва дар майдони марказии Зовия мардум гирди ҳам меоянд.» Бино ба иддаои ин сухангӯ, чирикиҳо дар пайи якуним соати задухӯрд се зиреҳпӯшро ба даст оварданд, вале снайперҳои Қаззофӣ то ҳол дар Зовия боқӣ мемонанд.



Вале ҷониби режим назари дигар дорад. Холид Қоим, муовини вазири хориҷаи Либия рӯзи ҷумъа тасвирҳои нашршуда дар бораи саҳнаҳои ваҳшоният дар Зовияро бебунёд номид ва ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо худ рӯзи шанбе Зовияро тамошо хоҳанд кард: «Зовия дар ҳоли ҳозир ором шуда, таҳти назорати сокинони маҳаллӣ ва артиш қарор дорад ва ҳамачиз хуб аст. Дар онҷо чанд террорист буд, ки бо чанд силоҳи Калашников ва чанд туфангча фирор карданд ва феълан онҳоро таъқиб мекунанд.»

Холид Қоим ҳалокати танҳо як нафарро дар даргириҳои Зовия эътироф кард. Ин дар ҳолест, ки манобеъи дигар дар бораи қурбониёни бештар дар Зовия ва манотиқи дигари Либия хабар медиҳанд.

Ҳамин тавр, рӯзи ҷумъа дар Бенғозӣ, бузургтарин шаҳри таҳти назорати чирикиҳо дар шарқи Либия, бар асари таркишҳо дар як амбори силоҳ 27 нафар ҷон бохта, дар ҷараёни даргириҳо барои Раслануф, як мақари аслии тасфияи нафт дар соҳили баҳри Миёназамин, дастикам 8 нафар куштаву беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ин бандари воқеъ дар 600-километрии шарқи Троблус таҳти назорати чирикиҳост.

Дар Брега, як шаҳри дигари мақари корхонаҳои нафтӣ дар шарқи Либия дар ҷараёни задухӯрдҳо миёни чирикиҳо ва нирӯҳои содиқ ба ҳокими худхоҳи Либия Муаммар Қаззофӣ дастикам 4 нафар ҷон дода, 24 тан маҷрӯҳ шудаанд. Як табиби бемористони Брега мегӯяд: “4 нафар кушта ва 24 тан захмӣ шудаанд. Ман танҳо мавридҳои санадшударо дар назар дорам. Мо ҳамчунон мунтазири ҷанозаҳои онҳое ҳастем, ки дар Раъсул Ануф ҷон бохтаанд.”

Бо ин ҳол, Муаммар Қаззофӣ дар ивази сафироне, ки аз ҳимояти режими ӯ даст бардоштанд, сафири ҷадиди Либияро дар СММ таъйин кард. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки оё Амрико ба Алӣ Абдусалом Тараққӣ раводиди сафар хоҳад дод, то ӯ битавонад ба ин мақоми сафорат дар Ню-Йорк бирасад.

Ва бино ба охирин хабарҳои расида аз Зовия, нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ ба дунболи нокомии ҳамлаи рӯзи шанбе ин шаҳрро дубора дар иҳота гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG