Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили фурӯши нашрияҳо дар хиёбонҳои Душанбе


Ҳудуди 1000-1500 нусхаи ҳафтаномаҳои мустақили чопи Душанбе дар ин ҳафта ба фурӯш нарафта ба идораи рӯзномаҳо бозгаштааст.

Панҷшанбеи ҳар ҳафта охирин рӯзи ба фурӯш гузоштани нашрияҳо мебошад.

Ахиран шаҳрдори Душанбе бо судури як дастур, ниҳодҳои зидахлро муваззаф намуд, ки фурӯши рӯзномаҳо дар хиёбони марказии пойтахт, ки ҷодаи протоколӣ ба шумор меояд, ҷилавгирӣ кунанд. Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иқдом, фарҳанги рӯзномафурӯширо ба танзим овардан аст.

Вале тавре сардабирони ҳафтаномаҳо мегӯянд, кормандони интизомии шаҳр чуноне, ки ба носфурӯшони кӯчаҳо дар меафтанд, ба рӯзномафурӯшон, ки аслан занону мардони солхӯрда ҳастанд низ чунин муносибат намуда дар ҳамаи маҳаллаҳои пойтахт онҳоро таъқиб мекунанд.

Сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки дар ин ҳафта теъдоди фурӯши рӯзномаҳо коҳиш ёфт ва то якуним ҳазор нусхаи «Фараж» аз фурӯш бозмондааст: «Аз теъдоди панҷунимҳазор нусхае, ки ин ҳафта ба нашр расид, беш аз якунимҳазор ҳазор ба фурӯш нарафт. Яъне фурӯшандаҳо имкон пайдо накарданд, ки рӯзномаро ба муштариён пешниҳод кунанд»

Якуним ҳазор нусхаи «Фараж» теъдодест, ки дар хиёбони марказии пойтахт бояд фурӯхта мешуд ва ҳафтаномаҳои дигар низ ба мисли «Азия Плюс», «Миллат», «Озодагон», «СССР», «Чархи Гардун» наздики ҳамин теъдод фурӯхта натавонистаанд.

Ба қавли сардабирони ҳафтаномаҳо, чунин ҳолат пеш аз ҳама ба вазъи иқтисодии рӯзномаҳо зарба мезанад ва тавони худкифоии онҳоро заъиф мекунад. Фурӯши севунимҳазор рӯзнома ҳатто ба хароҷоти чопи шумораи нашрия кифоят намекунад. Илова ба ин, харҷи маоши кормандон, телефонпулӣ, пардохти андозу иҷорапулӣ аз масълаҳои дигари молии нашрияҳо ба шумор меояд. Кормандони рӯзномаҳо мегӯянд, ки агар ба ин масъала бознигарӣ нашавад, ин метавонад баъзе аз нашрияҳоро ба зону дарорад.

Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» мегӯяд, ки дар ин ҳафта беш аз 1000 нусхаи «Пайкон» баргаштааст. Вай намедонад, ки чӣ гуна маоши кормандонро пардозад дар ҳоле, ки Идораи андози шаҳри Душанбе бо як қарори худ дастур додааст, ки моҳонаи кормандони рӯзномаҳо на камтар аз 562 сомонӣ бошад: «Мо намедонем дар ин вазъият чӣ кор кунем, дар як дуроҳа қарор гирифтаем»

Дар ҳамин ҳол Раиси иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралии Саттор гуфт, ки бо пеш омадани чунин ҳол, як системаи нави фурӯши рӯзномаҳоро ба роҳ хоҳанд монд: «Бо дарназардошти ҳалли ин масъала, як умури ҷадиди фурӯши рӯзномаҳо таҳти унвони «Кооперативи фурӯши рӯзномаҳо» ба кор оғоз хоҳад кард. Дар чаҳорчӯбаи он, мо ба ҳамаи рӯзномафурӯшони шаҳр ҳуҷҷат медиҳем, онҳо либоси махсус дар бар мегиранд ва бо мошинҳо нусхаҳоро ба нуқтаҳои асосии фурӯш бурда мерасонем. Фикр мекунам, ки ин наҳваи кор метавонад ин печидагиҳоро дуруст кунад».

Аммо сардабирон мегӯянд, то замоне, ки ин Кооператив ба фаъолият шурӯъ мекунад, вазъи рӯзномаҳо боз ҳам печидатар хоҳад шуд, зеро теъдоди зиёди нусхаҳои рӯзномаҳо дар хиёбони марказии пойтахт фурӯхта мешаванд.

Шаҳрдори Душанбе фурӯши рӯзномаҳо дар хиёбони марказиро иҷозат додааст, вале фурӯшанда бояд бо борхалата рӯзномаҳоро ҳамроҳаш гардонад.

Сардабирони рӯзномаҳо мегӯянд, ки фурӯшандаҳои аслии онҳо солхӯрдагони зери 60-сола ҳастанд, ки тавони бардоштани вазни 25-30 килограмро надоранд.
XS
SM
MD
LG