Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовирони русӣ дар марз бошанд ё на?


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз

Даври нахусти музокироти Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ ба поён расид ва даври баъдии он дар баҳори имсол доир мешавад.

Дар ин музокирот ҳайати Тоҷикистонро фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Шералӣ Мирзоев ва ҷониби Русияро Анатолий Михеев, фармондеҳи гурӯҳи фаврии нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон раҳбарӣ менамуданд.

Музокироти Тоҷикистон ва Русия дар мавриди масоили марзӣ пушти дарҳои баста сурат гирифта ва ҳайатҳои ду ҷониб мавзӯи мавриди баррасӣ дар давраҳои баъдии музокиротро баҳс намудаанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: «Он гурӯҳҳои корие, ки омаданд, пешакӣ бо ҳама ҳуҷҷатҳо шинос шуданд, ҳуҷатҳоеро, ки ҳоло кор карда нашудаанд, бурданд, баъди чанд вақти дигар боз ба музокира менишинанд ва гуфтушунидро идома медиҳанд».

Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ироаи ҳар гуна иттилои бештар роҷеъ ба ҷузиёти ин музокирот худдорӣ мекунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, замони эътибори созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳузури мушовирони русӣ дар ҳайати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба поён мерасад. Ва мавзӯъи меҳварии ин музокирот метавонад, ҳузури ҳайати мушовирони русӣ бошад. Ин созишнома дар соли 2004 имзо шуд ва дар соли 2006 баъди тасвиб шуданаш, ба ҳоли иҷро даромад. Бар асоси ин созишнома, гурӯҳи фаврии нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон амал мекунад ва дар назди ҳар ҷузвутоми марзбонии Тоҷикистон мушовирони русӣ ҳузур доранд.

Акнун суоле, ки матраҳ мешавад зарурати ҳузур ва адами ҳузури мушовирони русӣ дар марзҳои Тоҷикистон аст.

Саидамир Зуҳуров
Сайидамир Зуҳуров, вазири амнияти пешин ва фармондеҳи собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, он чӣ гап дар мавриди институти мушовирони русӣ меравад, Тоҷикистон барои ҳузури онҳо ҳанӯз ниёз дорад. Оқои Зуҳуров мегӯяд: «Инҳо мушовиранд, инҳо ҳоло даркоранд. Мо дар хеле ҷиҳатҳо, камбудӣ дар масъалаи система зиёд дорем. Ба ин хотир, ин мушовирон зарур ҳастанд».

Дар ҳамин ҳол, ин фарзия ҳам матраҳ аст, ки Русия талош дорад, дар ин музокирот таҳти унвони институти мушовирони марзбон, ҳузур ва нуфузи худро дар муроқибат аз марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин густариш диҳад. Русия аз ду ноҳия, яке фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон ва дигаре афзоиши қочоқи маводи мухаддир нигарон аст.

Қосимшоҳ Искандаров, мудири маркази мутолеъоти минтақаӣ ва низоъшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ин маврид далелест ба дасти Русия, ки баҳси густариши ҳузури худ дар марзҳои Тоҷикистонро матраҳ кунад.

Оқои Искандаров мегӯяд: «То вақте, ки вазъияти Афғонистон норӯшан аст, як дастгоҳи мушовирони марзбони русӣ дар Тоҷикистон метавонанд фаъолият кунанд. Аммо бозгашти худи нерӯҳои марзбони Русия фикр мекунам зарурат надорад. Русия манфиатдор аст, ки дар шаклҳои гуногуне, ки бошад, марзбонони Русия ва умуман нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд. Ва имрӯз, ки масъалаи пойгоҳҳои доимии Амрико дар Афғонистон матраҳ шудааст, ин масъала ҳам метавонад русҳоро водор кунад, ки ҳузури низомии худашон дар Тоҷикистонро тақвият бубахшанд».

Баҳси идомаи ҳузур ё адами ҳузури мушовирони русӣ дар марзҳои Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки аз чанд моҳ ба ин ҷониб бархе расонаҳо аз майли дубораи русҳо барои бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон низ хабар медиҳанд. Аммо мақомот мегӯяд, ин масъала ҳанӯз мавриди баррасии ду ҷониб ва аз ҷумла дар чаҳорчӯби музокироти ахири ҳайатҳои ду кишвар қарор надоштааст. Ҳарчанд бархе аз мақомоти русӣ гуфтаанд, агар Тоҷикистон ба ин масъала мувофиқ бошад, Русия моил аст ба марзҳои Тоҷикистон баргардад.

Марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша аз сӯи нерӯҳои русӣ муҳофизат мешуд. Баъди фурӯпошии шӯравӣ низ то соли 2004 марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин тавассути ҳамин нерӯҳо назорат мешуд. Дар соли 2004 марзбонони тоҷик ҳифозати марзҳои Тоҷикистонро ба сурати куллӣ ба дасти худ гирифтанд. Ва аз нерӯҳои русӣ танҳо ҳайате аз мушовирон боқӣ монд, ки зарурати ҳузури онҳо низ акнун мавриди баҳс аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG