Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири саноати Эрон ба Тоҷикистон наомад


Дар шаҳри Душанбе нишасти гурӯҳи кории кумитаи муштараки саноат ва маъдани Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Дар ин нишаст масоили густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ҳар ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд, нахустин нишасти кумитаи саноатӣ ва маъдан дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Алиакбар Меҳробиён, вазири саноат ва маъдани Эрон сурат бигирад.

Аммо гуфта мешавад, ба далели "ноамниҳо дар Эрон" сафари ҷаноби Меҳробиён ба ҳафтаҳои баъд ба таъвиқ гузошта шудааст.

Ба ин далел, ҳайати эрониро дар нишасти муштараки ҳамкориҳои саноатӣ ва маъдан Муҳаммад Сурурниё, мушовири вазири саноат ва маъдани Эрон раҳбарӣ намуд.

Тоҷиниссо Азизова, сухангӯи Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО гуфт, дар ҷаласаи гурӯҳи кории кумитаи саноат ва маъдан масоили марбут ба ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати барқ ва электроника, тавлиди лампаҳои каммасраф, коркарди сангҳои қиматбаҳо, мошинҳо ва мошинолоти кишоварзӣ, саноати хурокворӣ, нассоҷӣ, коркарди чарм, истеҳсоли пойафзол, дучархаҳо, семент ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Хонум Азизова гуфт, пас аз табодули назар, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масоили матраҳшуда бо ширкату муассисоти ҳар ду тараф мавриди омӯзиш қарор дода ва пешниҳодҳоеро ба манзури таҳияи санадҳои лозима ироа хоҳанд кард.

Ба ин тартиб интизор меравад, санадҳо тавассути коршиносони ҳар ду кишвар омода шуда ва дар ҷараёни сафари Алиакбар Меҳробиён, вазири саноат ва маъдани Эрон ба Тоҷикистон, ки бояд дар охири моҳи ҷорӣ сурат бигирад, ба тасвиб хоҳанд расид.

Меҳробиён дуввумин мақоми эронӣ аст, ки сафараш ба Тоҷикистон ба таъвиқ уфтодааст.

Қаблан эълом шуда буд, ки ба таърихи 4-5-уми феврал, Ҳамид Бақоӣ, ноиби раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Ба гуфтаи сафорати Эрон дар Душанбе сафари ҷаноби Бақоӣ ба иллати коҳиш дар парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Теҳрон ба таърихи 10-уми феврал ба таъхир гузошта шуд, аммо боз ҳам анҷом нашуд.

Зимнан, Тоҷикистон ва Эрон аз равобиту ҳамкориҳои густардае дар бахшҳои мухталиф, ба хусус дар арсаи энергетика ва саноат бархӯрдоранд.

Эрон дар соли 2010 бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон дониста шуда ва ҳудуди 300 миллион доллар сармояи Эрон ба Тоҷикистон сарозер шудааст.
XS
SM
MD
LG