Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳае дар гузаргоҳи ҳероини Афғонистон


Дар ин деҳа қариб хонаводае нест, ки аз маводи мухаддир осеб надида бошад. Вале ҳоло мардум гӯё ба ҳуш омаданд.

Чаҳорумин фарзанди Ғоиб Қурбонов, сокини деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯрообод бо гуноҳи даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир ба мӯҳлати 10 сол зиндонӣ шуд.

Ғоиб Қурбонови 70-сола мегӯяд, аз 7 писараш ҳоло се нафар
Ғоиб Қурбонов
дар маҷмӯъ ба мӯҳлати 41 сол ҳукми ҳабс гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфти ӯ, як писари дигараш бо исми Қурбонмад Қурбонов пас аз 7 соли маҳбусӣ ба бемории сил гирифтор шуда, дар маҳбас даргузаштааст ва писари дигараш бо номи Бахтиёрро қочоқчиён барои бозпас нагардонидани пул аз ҳисоби маводи мухаддир ба зарби гулӯла куштаанд.

Деҳи Қавоқ, дар ноҳияи Шӯрообод, ҷануби Тоҷикистон даҳ километр дуртар аз марз ҷойгир шудааст. Шӯрообод бо Афғонистон 156 километр марзе дорад, ки назорат бар он душвор аст. Пас аз фурӯпошии шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳравандӣ шурӯъ шуд ва муҳофизати пурраи марз аз даст рафт. Қочоқчиён аз ин истифода карда, дар деҳоти наздимарзӣ бо сокинони одӣ ва бархе аз мансабдорони маҳаллӣ ҳамкор шуданд.

Зиндагии сокинони манотиқи наздимарзӣ ба мисли деҳи Қавоқ, ки зироат хуб парвариш намеёбад, мушкил шуд. Чун аъзои хонаводаҳо, ки шуғли дурусте барои зиндагонӣ надоштанд, дар ҳамкорӣ бо қочоқчиёни афғон ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир даст заданд.

Ғоиб Қурбонов, сокини ин деҳа ҳам аз шумули он нафаронест, ки чанд фарзандаш ба гуфти худаш давоми чанд соли ахир мавриди истифодаи қочоқчиёну қарор гирифтаанд.

Вай мегӯяд: “ Ҳоло писарам Туйчӣ ба мӯҳлати 16 сол суд шудааст, Маҳмадалӣ 15 сол, Саидмурод 10 сол. Онҳоро истифода бурданд ва фиреб доданд. Ду писари дигарам мурд. Қурбонмад дар маҳбас силкасал шуда мурд ва рафта мурдаашро бо як азоб оварда гӯронидем. Худораҳматии Бахтиёрро дар шикор афғонҳои қочоқчӣ паррониданд. Ғами фарзандон маро ба ҳама дардҳо гирифтор кардааст. Насиб ҳамин будааст.”

Ҳоло аз 7 фарзанд танҳо се фарзанди Ғоиб Қурбонов солим ва дар озодӣ ба сар мебаранд ва каму беш падарро нигоҳубин мекунанд.

Деҳае дар чорроҳаи интиқоли маводи мухаддир

Аслан, дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯробод, кам нестанд хонаводаҳое, ки чанд тан аз аъзояш барои интиқоли маводи мухаддир дар маҳбас ба сар мебаранд. Ҳуснигул Қурбонова, яке аз фарзандони бобои Ғоиб мегӯяд, дар деҳаи Қавоқ наздики сад хонавода ба сар мебарад ва тақрибан оилае нест, ки як узви он дар маҳбас набошад.

Ҳуснигул Қурбонова
Ҳуснигул мегӯяд, аслан ин ҷо гуноҳи мардум нест: “Сарҳадро маҳкам кардан даркор буд. Мардум чӣ гуноҳ дорад? Омаданд ба деҳаҳо онҳо, ки дигар ягон кор надоштанд, ҳамроҳашон ҳамкорӣ карданд. Дар бисёр вақт вазифадорон сокинонро истифода бурданд ва боз ба милисаву суд супориданшон. Ҳамин додари хурдии ман ҳам “паставит” буд. Ба ӯ гуфтанд, ки як афғон биёр як бародаратро озод мекунем, вале афғонро овард, пулаш доданд, ки ба Русия рав. Ӯ рафт дар ҷустуҷӯ доданд ва баъди омадан қапида ҳабсаш карданд”.

Бозори озоди маводи мухаддир

Баъзеҳо ин деҳаро чорроҳаи интиқоли маводи мухаддир мегӯянд, ки аз ҳақиқат дур нест. То ҳол маълум нест, ки чанд тонна маводи мухаддир аз ин деҳа интиқол шудааст ва чанд нафар аз истеъмоли он дар Тоҷикистону саросари ҷаҳон мӯътод гашт. Аммо мақомот борҳо аз ин деҳа ва канораҳои он теъдоди зиёди маводи мухаддир кашфу мусодира ва чандин нафарро ба мисли фарзандони бобои Ғоиб боздошту ҳабс кардаанд.

Як сокини ин деҳа, ки нахост номаш ошкор шавад гуфт, то чанд соли пеш дуртар аз деҳа бозори фурӯши маводи мухаддир мавҷуд буд.

“Ҳо, ҳатто русҳо чизе намегуфтанд. Дар сарҳад русҳо буданд он вақт. Дар даруни Сияҳҷангал, поёнтари деҳа бозор буд. Харидорон мерафтанд, мехариданд мебурданд. Қариб то солҳои 2003-2004 буд ҳамин бозор. Вале баъдтар дигар пинҳонӣ ба одамҳои алоҳида бор медоданд.”-мегӯяд, ӯ.

“Камбағал дигар маводи мухаддир намебарад”

Мақомоти интизомии ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, феълан интиқоли маводи мухаддир тариқи ин ноҳия нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст. Шояд чун фарзандони бобои Ғоиб аксари он қочоқбарон ҳабс шудаанд ва ё аз тарси маҳбусӣ шудан сокинон дигар бо қочоқчиён ҳамкорӣ намекунанд?

Як сокини ноҳияи Шӯрообод. Нуриддин Расулов мегӯяд: “Не, фақат вазъият тағийр ёфтааст. Дар аввал, ки сарҳад кушода буд, мардуми камбағал ба умеди бой шудан ба чунин кор даст заданд. Онҳо ҳам аз дасти қочоқчиён гирифта, аз як ҷо ба ҷои дигар мебурданд ва ягон пулашон медоданд. Ҳозир дигар намекунанд. Аксарашон суд шуданд. Ин кор ҳам мафия шуд. Ҳозир ҳамон гурӯҳҳои калон ба ин чиз сару кор доранд, ки на милиса ба онҳо сару кор гирифта метавонад, на дигар мақомот. Озод омада мебаранд ва фақат мо мошинҳои хориҷии қиматбаҳояшонро мебинем, ки дар ҳамин кӯҳу пушта пайдо мешаванд. Агар мавод намебаранд, пас чӣ кор мекунанд? Баъд дигар ин миллисаҳо ягон камбағалро ёфта, “паставит” мекунанд ва “резултат” нишон медиҳанд.”

Як тонна дар як сол

Ҳарчанд, Шариф Наимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод мавридҳои бо фиреб ба дом афтондани сокинонро рад ҳам кунад, мегӯяд, ҳоло ҳам қочоқчиён талош доранд, то аз марзи ин ноҳия маводи мухаддир интиқол диҳанд. Ба қавли Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод, дар маҷмӯъ мақомоти интизомӣ аз ҳудуди ноҳия Танҳо дар давоми як сол беш аз 1 тонна маводи мухаддир мусодира кардаанд.

Аммо дар ин миён зарари сокинон аз ҳисоби маводи мухаддир ба зиндагии оддии аксари онҳо таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Сокини ноҳияи Шӯрообод, Ҳошим Зарипов мегӯяд: «Бисёр сокинон дуҷонибаву сеҷониба зарар диданд. Ҳамин бобои Ғоибе, ки шумо мегӯед, як фарзандаш аввал ҳабс шуд ва баъд кочоқчиён натавонистанд, пулашонро бигиранд ва фарзанди дигариашро парронданд. Чандин сокин ғайринақдӣ маводи мухаддирро мегирифтанд, вале одамашон дар маҳбас меафтод ва кочоқчиён омада, молу гов ё фарзандонашонро ба гарав мебурданд.

“Нимтаи нон -- роҳати ҷон”

Бобои Ғоиб мегӯяд, агар фарзандонаш аз маҳбас озод шаванд, дигар ҳаргиз даст ба маводи мухаддир намезананд. «Кӯр як бор асояшро гум мекунад». – мегӯяд бобои Ғоиб. Ва илова мекунад, ки мардум бояд аз паи дороӣ ба ин роҳ нарафта, балки масали «нимтаи нон -- роҳати ҷон»-ро пеша мекарданд.

Ба чунин мазмун Аламхон Раҳматов, сардори қисми сарҳадоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ҳоло сокинон дигар кам андар кам бо қочоқчиён ҳамкорӣ мекунанд.

Ӯ мегӯяд: “Мардум фаҳмиданд, ки ин кор оқибати хуб надорад. Мо ба мардум дар сарҳад сӯҳбат доштем, ҳама аз ҳамин қочоқи маводи мухаддир безоранд. Онҳое, ки як бор ба ин роҳи хато рафта буданд, ҷазояшонро гирифтанд ва ба дигарон дарси ибрат шуд.”

Ягона хоҳиши бобои Ғоиб

Ҳоло Бобои Ғоиб дар як боғе дуртар аз деҳаи Қавоқ боғбон аст ва ягона умедаш ин аст, ки ҳади ақал бо назардошти вазъи сангини зиндагиаш фарзанди хурдиаш мавриди авф қарор гирифта, аз маҳбас озод шавад.

«Модарашон аз ғами фарзандон фишор дорад. Ин се бачаи дигар ба зӯр зиндагии худашонро пеш мебаранд. Ақаллан ҳукумат раҳми моро хӯрда ҳамин бачаи хурдиамро аз маҳбас озод мекард, дигар ҳеҷ орзу надоштам. Бачам агар даҳ сол дар маҳбас шинад, ҳайф мешавад».

Ин орзуи бобои Ғоиб шояд орзуи тамоми онҳое бошанд, ки дар деҳоти наздимарзии ноҳияи Шӯрообод наздиконашон бо иттиҳоми даст доштан дар интиқол ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG