Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ: Мушарраф аз нақшаи қатли Бҳутто огоҳ буд


Додгоҳе дар Покистон ҳукми боздошти Парвиз Мушарраф, раҳбари пешини ин кишварро содир кард

Додгоҳе дар Покистон ҳукми боздошти Парвиз Мушарраф, раҳбари пешини ин кишварро содир кард

Додгоҳ оид ба парвандаҳои марбути терроризми Покистон дар мавриди ҳабси раисҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф ҳукм содир намудааст.

Додситонӣ мегӯяд, Мушарраф аз нақшаи ифротгароҳо барои куштори Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон, огоҳ буд ва аммо барои ҷилавгирӣ аз сӯиқасд аз чораҳои зарурӣ кор нагирифт.

Бино ба иддаои додситонӣ, таҳқиқоти анҷомшуда дар заминаи куштори хонум Бҳутто, ҳокӣ аз он аст, ки Парвиз Мушарраф ба масъулияти худ ба унвони раисҷумҳур барои ҳифозат ва муроқибат аз нахуствазири пешини кишвараш амал накардааст.

Беназир Бҳутто, нахуствазири пешини Покистон, дар моҳи декабри соли 2007, замоне ки Парвиз Мушарраф раёсати ҷумҳури ин кишварро ба ӯҳда дошт, бар асари сӯиқасд дар ҷараёни як маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Равалпиндӣ кушта шуд.

Пас аз террори Беназир Бҳутто давлати Покистон ва созмони иктишофии Амрико Байтуллоҳ Маҳсуд, яке аз раҳбарони гурӯҳи "Толибон" дар Покистонро масъули қатли ӯ донистанд.

Маҳсуд соли гузашта дар яке аз ҳамлаҳои амрикоиҳо дар хоки Покистон ба қатл расид.

Ҳукми боздошти Парвиз Мушарраф дар ҳоле содир шудааст, ки пештар низ як комиссияи Созмони милали муттаҳид гуфта буд, ки давлати собиқи Покистон ба раҳбарии Парвиз Мушарраф дар муҳофизати хонум Бҳутто пеш аз террори ӯ дар соли 2007 ноком будааст.

Гузориши ин комиссияи масъули таҳқиқ дар бораи ҳодисаи террори Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқи Покистон, ҳамчунин ҳикоят аз он мекунад, ки пас аз қатли ӯ, созмонҳои иктишофии ин кишвар амалан дар раванди таҳқиқ ва бозрасӣ дар ин бора монеа эҷод кардаанд.

Дар ҳоле ки то кунун ду мақоми пулиси Покистон дар иртибот бо парвандаи қатли Беназир Бҳутто дастгир шудаанд, иддае дар ин кишвар бар ин ақидаанд, ки худи Парвиз Мушарраф дар ин террор даст доштааст. Иттиҳоме, ки Парвиз Мушарраф онро қатъан радд мекунад.

Генерал Парвиз Мушарраф, раҳбари пешини Покистон, дар соли 2008, пас аз истеъфо ва канорагирӣ аз қудрат ба Лондон рафт ва дар ҳамон ҷо зиндагӣ ихтиёр кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG