Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳур дар ҷаласаи Шӯрои амниятӣ ба “тақвият ёфтани экстремизми динӣ” ишора кардааст.

Ӯ аз ҷумла аз “фаъолияти роҳбарон ва аъзои равияву ҷараёнҳои ғайриқонунии экстремистии динӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Суғд, баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор" изҳори нигаронӣ намудааст.

Аммо ин навъи нигаронӣ барои бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ номафҳум аст.

Онҳо мегӯянд, ки аз ноҳияи шахсиятҳои мазҳабӣ ва динӣ ба сурати амалӣ таҳдидеро ба низоми қонунӣ ва сохти давлатии Тоҷикистон эҳсос намекунанд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини пешини сарвазири Тоҷикистон ва аз раҳбарони мухолифини собиқи давлат, дар ин замина мегӯяд: "Хатар барои тағйир додани сохти қонунӣ дар Тоҷикистон аз тарафи шахсиятҳои исломӣ нест. Намедонам, ҳадаф аз буғранҷ нишон додани вазъи кишвар чист: муташанниҷ кардани авзоъ, маҳдуд намудани озодиҳои
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
динӣ ва сиёсӣ ё чизи дигар. Албатта, аз баъзе қонунҳое, ки амалҳои мазҳабиро маҳдуд мекунанд, ин ҷо ва он ҷо масҷидеро мебанданд ё зидди ришу ҳиҷоб корҳое, ки шуда буд, мардум изҳори нороҳатӣ ва норозигӣ мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо мехоҳанд зидди ҳукумат мубориза кунанд ва барои тағйири ҳукумат коре анҷом диҳанд. Не, ин ҳарфҳоест, ки дар матбуот ҳам ошкоро ба он ишора шудаааст."


Бо ин вуҷуд, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Шӯрои амниятии кишвар сухан мегуфт, аз вазъи ҷиноӣ ва даҳшатафканӣ дар кишвар ва боз ҳам ба сурати хос дар минтақаҳои алоҳида, ки ғолибан Суғду Рашт дар назар аст, изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҷаноби Раҳмон ба мақомоти ҳуқуқӣ ва низомӣ вазифа додааст, ки сабабу омилҳои ба вуҷудорандаи ҳодисаҳои соли гузашта дар кишвар, хосса дар "минтақаҳои алоҳида"-ро решаёбӣ кунанд.

Раисҷумҳур аз мақомоти ҳуқуқӣ, амниятӣ ва интизомӣ интиқод карда, гуфтааст, “нишонаҳои таҳдид аз ҷониби масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат воқеъбинона, сари вақт ва дуруст арзёбӣ намешаванд. Дар натиҷа якчанд ҷиноятҳои махсусан вазнине, ки моҳҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша содир гардиданд, пешгирӣ карда нашуданд."

Вай ҳамчунин ба нокифоятии кори дастгоҳи Шӯрои амният таъкид карда, гуфтааст, норасоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҷое аз нокифоя будани сатҳ ва сифати фаъолияти Дастгоҳи Шӯрои амният гувоҳӣ медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои амният ба авзои кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ки гирифтори низоъ ва ташаннуҷ шудаанд ишора карда, хостори андешидани тадобири пешгирона аз густариши ин зуҳурот дар минтақаҳои дигар шудааст.

Ҳамчунин интизор мерафт, баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният ва арзёбии кори ниҳодҳои интизомӣ ва қудратӣ бархе тағйироти кадрӣ дар сатҳи ин ниҳодҳо анҷом шавад. Аммо ин кор зоҳиран то анҷоми кори онҳо дар шарқи Тоҷикистон ва бозгашти комили субот ба таъхир афтодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG