Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

12 варзишгари ҷавони хатлонӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон дар соли 2012-ум имконоти воқеӣ доштаанд.

Фирӯза Шарифова, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, гуфт, бар асоси як барномаи вижа, ҳукумати Хатлон сарпарастии 12 варзишгари ҷавони маҳаллиро, ки дар навъҳои олимпӣ тамрин мекунанд, ба ӯҳда гирифтааст.

Ҳамаи 12 варзишгар аз ин ба баъд ҳар моҳ стипендияи махсуси раиси вилояти Хатлонро дарёфт хоҳанд кард.

Хонум Шарифова афзуд, ширкати варзишкорони мазкурро дар мусобиқоти ҷаҳонию байналмилалӣ барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Лондон мақомоти Хатлон таъмин хоҳанд кард: "Умеди зиёд аз рӯйи намудҳои вазнбардорӣ, гӯштии дзюдо, бокс дорем. Ҳоло аз пешгӯӣ худдорӣ мекунам, аммо то охири соли ҷорӣ қадамҳои устуворе барои дарёфти ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012 хоҳем гузошт. 12 варзишгари хатлонӣ имконоти воқеии аз худ кардани роҳхат ба олимпиадаро доранд. Барои ҳамин, ҳимояту сарпарастии онҳоро ҳукумати Хатлон ба ӯҳда гирифтааст."

Фирӯза Шарифова
Мақомоти Хатлон бовар доранд, ки муштзан Мавзуна Чориева, қаҳрамони мутлақи Осиё, Искандари Рустам, қаҳрамони Осиё аз намуди гӯштии тарзи озон, Инъом Саидов ва Сумайяи Амирӣ, қаҳрамонҳои чандинкаратаи ҷумҳурӣ ва Осиё аз тенниси рӯйи миз ва вазнабардор Баҳром Сангов, ширкатдори олимпиадаи Пекин дар соли 2008-ум, шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Лондон ҳимоят хоҳанд кард.

Вазнабардор Баҳром Сангов мегӯяд, ҳарчанд шароити машқ барои варзишкорони ҳирфаӣ дар вилояти Хатлон таъмин нест, талош хоҳад кард, холҳои заруриро барои дарёфти роҳхат ба олимпиадаи тобистонаи Лондон дарёфт намояд.

Коршиносон ҳам мегӯянд, дар ҳоле ки мактабҳои варзишии қаламрави Хатлон аксаран фарсудаву асбобҳои машқу тамринашон корношоям шудаанд, тарбияи варзишгарони қавӣ ва ҳирфаӣ бо чунин шароит ғайриимкон ба назар мерасад.

Музаффари Тағоймуроди 15-сола, қаҳрамони Тоҷикистон аз рӯйи намудҳои самбо ва дзюдо дар миёни наврасон, мегӯяд, толори варзишии мактабе, ки ӯ таҳсил мекунад, низ хеле таъмирталаб буда, шароити машқ, ҳатто сарулибоси варзишӣ надоштааст. Вай гуфт, тамоми хароҷоти машқу тамринашро пайвандонаш таъмин мекардаанд.

Варзишгари ҷавон Музаффари Тағоймурод
Сарфи назар аз ин, Музаффар мегӯяд, орзу дорад, ӯ низ Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва Олимпиада намояндагӣ кунад: "Орзу дорам, ки гӯштӣ ва ҳунари худро дар давлатҳои дигар, мусобиқоти калони байналмилалӣ намоиш дода, дар Олимпиада ҳам аз номи Тоҷикистон ширкат варзам. Ҳоло азбаски шароити дуруст нест, падарам ва амакҳоям ба ман кӯмак мекунанд, ки ба дзюдо машғул шавам ва иштироки маро дар мусобиқот асосан онҳо маблағгузорӣ мекунанд."

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, барои ҷалби шумораи ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба намудҳои олимпии варзиш мактабҳои варзишии қаламрави вилоят дубора ба кор андохта шуда, ҳоло наздики 500 устоди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои кор дар чунин мактабҳо ҷалб гардидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG