Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи се "ҷосус"-и амрикоӣ дар Эрон


Рӯзи якшанбе дар додгоҳи Теҳрон се ҷавони амрикоии муттаҳам бо ҷосусӣ, айбномаро рад намуда, иброз доштанд, ки гуноҳе надоранд.

Шейн Бауэр, Ҷош Фаттал ва хонум Сара Шаурд дар соли 2009-ум ҳангоми кӯҳнавардӣ дар марзи миёни Эрон ва Ироқ дастгир шудаанд. Додситонҳои эронӣ мегӯянд, бар асоси шаҳодатҳо ҳар се нафар бо хадамоти амниятии ИМА иртибот доштаанд, вале муттаҳамин исрор меварзанд, ки агар марзи Эронро убур карда бошанд ҳам, ин амал ҳадафмандона набудааст. Рӯзи душанбе телевизиони англисизабони эронӣ-Пресс ТВ суханронии Бауэрро намоиш дод, ки мегуфт ӯ ва се ҳамсафараш сайёҳ буданд, на ҷосус: “Ман ҳамроҳ бо номзадам Сара, Ҷош ва дӯстамон Шон Макфрессел ба ҳайси сайёҳ аз Курдистони Ироқ зиёрат кардам.”

То кунун рӯзи ҷаласаи навбатии додгоҳи амрикоиҳо эълон нашудааст, вале ба гуфти вакили мудофиаи кӯҳнавардон Масъуд Шафеӣ, эҳтимол рӯзҳои наздик мурофиа аз сар гирифта шавад.

Моҳи сентябр баъди супурдани 500 ҳазор доллар васиқапулӣ, додгоҳ иҷозат дод, ки хонум Шаурд ба Амрико баргардад. Дар ҷаласаи рӯзи якшанбе ӯ ҳузур надошт ва изҳороти ӯро вакилаш Шафеӣ ироа намуд.

Мақомоти эронӣ ба раҳсонаҳои хабарӣ ва сафири Швейтсария дар Эрон Ливия Леу Агостӣ, ки дар қаламрави Эрон аз манофеи ИМА ҳимоят мекунад, иҷозати ширкат дар мурофиаи амриоиҳоро надоданд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Шафеӣ гуфт, ки то оғози мурофиа ӯ имкон надошт бо афроди зери ҳимояташ вохӯрад. Шафеӣ илова кард, ки ҳар ду амрикоӣ дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешаванд.

Вақте ин се амрикоӣ дар марзи миёни Эрону Ироқ боздошт шуда буданд, онҳоро ибтидо бо убури ғайриқонунии марз муттаҳам карданд, вале баъд айбномаи ҷосусӣ ҳамроҳ шуд. Рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо расонаҳои эронӣ додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарӣ-Давлатободӣ гуфт, ки ҷиноятҳои марбут бо ҷосусӣ дар тамоми кишварҳо ба таври ҷиддӣ арзёбӣ мешаванд. Ба қавли ин додситони эронӣ, санадҳое, ки амрикоиҳо бо худ доштанд, ҳадафҳое ки пиёда мекарданд ва пинҳонкорие, ки ба чашм мехӯрд додситониро ба тафтиши иловагӣ водор намуд.

Мақомоти Амрико борҳо таъкид кардаанд, ки амрикоиҳои боздоштшуда сайёҳ буда, айбномаи онҳо комилан беасос аст. Соли гузашта президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз ИМА даъват кард, ки дар ҷавоб ба раҳоии Шаурд, Амрико ҳашт эрониро аз зиндонҳои ИМА раҳо кунад.

Шаурд хонуми 32 солаи амрикоӣ дар Лос Анҷелес ба дунё омада, солҳои ахир ба Димашқ кӯчида буд. Бауэр, ки ба роҳат ба забони арабӣ ҳарф мезанад, аз кишварҳои мухталифи Ховари Миёна гузориш таҳия кардааст. Дар Димашқ Шаурд ва Бауэр дар ташкили гирдиҳамоиҳо бар зидди ҷанги Ироқ саҳм гирифтаанд. Муттаҳами сеюм-Фаттал ҳомии муҳити зист ва муаллим аст.

Зимнан Шаурд ва Бауэр дар зиндон расман номзадиашонро эълон карданд. Шаурд мебоист моҳи ноябр ба Теҳрон баргардад, вале ӯ аз бозгашт сарфи назар кард.
XS
SM
MD
LG