Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мегӯянд, "Хатлон - дело тонкое".


Носирҷони Маъмурзода
Носирҷони Маъмурзода

Вақте мардум ё ниҳодҳои давлатӣ дар вилояти Хатлон рӯйдод ё бархӯрдҳои ғайримаъмулиро шарҳ доданӣ мешаванд, чизи дигаре гуфта наметавонанд, ҷуз ин ки «Хатлон - дело тонкое».

Ҳафтаи гузашта як манбаи хабарӣ аз Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон аз вуқӯи рӯйдоди камназире иттилоъ дод.

Кормандони хадамоти гумрук дар марз бо Афғонистон беш аз 100 кило маводи шубҳаоварро мусодира кардаанд. Чанд нафар ҳам бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуданд.

Ҳарчанд афроди дастгиршуда мегуфтанд, ки гуноҳе надоранд, касе ба ҳарфашон гӯш намедод. Кормандони гумрук "хушҳол" буданд, ки акнун нишондиҳандаҳои ҳисоботашон ба "боло" беҳтар шуда, аз раҳбаронашон барои мусодираи ҳаҷми зиёди маводи мухаддир "офарин" мешунаванд.

Барои муайян кардани сифат ва навъи тақрибан 100 кило "ҳероин"-у 17 кило "афюн", ин мавод ба ташхисгоҳ ё лабораторияи оҷонсӣ интиқол дода шуд. Ташхисгоҳ дар давоми 4 соат таркиби моддаҳои мусодирашударо мушаххас мекардааст.

Дар ин миён соҳибони "бор" мавриди пурсуҷӯи мақомот қарор гирифтанд. Муфаттишон ҳайрон буданд, ки чаро "нашъаҷаллобон" садҳо километр марзи тақрибан осонгузару "бехатар"-ро монда, маводашонро аз роҳи дидбонгоҳи расмӣ "гузарониданӣ" шудаанд.
Варақи рӯйи дасташро гирифта бинам, ба ҳуруфи сириллик навишта шудааст: "хатлон-собачка-майл.ру"


"Охир, ягон одами баақл ин корро намекунад-ку",- гуфтанд онҳо ва хулоса карданд: "инҳо ягон одамони соддаву бечораву гаранг будаанд-да…" Аммо пас аз чанд соати ташхис натиҷаҳои кори лаборатория муайян шуду "тарбуз аз бағал афтод", аз бағали муфаттишон.

Ташхисҳо нишон додаанд, ки дар таркиби маводи мусодирашудаи шубҳаовар модаҳои нашъаовар не, балки қиёми зирк ва хокаи сафед (пудра) будааст. Зирк ба афюн ва пудра ба ҳероин монанд буда, маҳз ҳамин сабаб шуда, ки боис ба шакку шубҳаи мақомот гардад ва ин мавод мусодира шудаву омилонаш гумонбар шаванд.

Аз масъули Оҷонси зидди маводи мухаддир шарҳи ин рӯйдодро пурсидем. Дар ҷавоб танҳо ҳамин қадар гуфта тавонист, ки "қисме аз нашъаҷаллобон кормандони ҳифзи ҳуқуқро қасдан имтиҳон мекунанд, ки то кадом дараҷа ба бағочи шаҳрвандон аҳамият медода бошанд…"

Ниҳоят мақомот водор шуданд, ки маводи мусодиракардаашонро ба "нашъаҷаллобон" баргардонанд ва онҳоро раҳо кунанд. "Мавод нест – ҷиноят нест!",- гуфтанд онҳо.

Тарси ягонаи "нашъаҷаллобон" ҳам ҳамин буд, ки мабодо барқасд "шумо моро аҳмақ карданиед?" гуфта, дар миёни пудраву зиркашон ягон грамм "сафедӣ"-и ҳақиқӣ партофта, онҳоро воқеан ба ҳабс мегиранд. Ин хел нашуд.

Воқеан, ин гуна иштибоҳҳои гоҳе хандаовари мақомоти Хатлон ҳар дафъа ба мушоҳида расида, шояд барои таҳияи як китоби латифаҳову ҳикоёти танзомез ҳам кифоят кунад. Мисли он ки аз масъули шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хостам, ки нишонии торнамои интернетии ҳукумати вилоятро бароям навишта кунад.

Вай, ки худ ҳам намедонистааст, гуфт "як лаҳза истед, пурсида меоям" ва ба утоқи кории ёвари раиси вилоят рафт. Баъд аз чанде баргашт ва гуфт: "ана, аз рӯйи ҳамин варақ навишта гиред". Варақи рӯйи дасташро гирифта бинам, ба ҳуруфи сириллик навишта шудааст: "хатлон-собачка-майл.ру" (!) Дубора пурсидам, ки оё ин нишонии торнамои интернетии ҳукумат аст? Гуфт, ки бале.

Аз масъули шӯъба дубора хостам, ки "лутф кунед, ҳамчунин нишонии имейли ҳукуматро ҳам бароям навишта диҳед…" Дар ҷавоб сар хориду гуфт: "Носирҷон, ҳоло пурсида омадам, боз рафта имейлашро гирам, "неудобно". Ин дафъа оед, навишта мемонам, гирифта истифода мекунед. Хуб?"

Ноилоҷ ба ҳамин "сомонаи интернетиаш" ҳам раҳмат гуфта, аз утоқаш берун рафтам… Дарвоқеъ, ин ду мисол агар аз як сӯ шояд хандаи касро ояд, аз сӯйи дигар одамро водор мекунад, ки биандешем: "Чаро мақомотро "имтиҳон" мекунанд?", "Оё чунин "имтиҳон" лозим аст?" ва ин ду мисоли дар назар одӣ гувоҳи чӣ ҳол аст?

Ана акнун, ба ман гӯед, ки воқеан "Хатлон – дело тонкое" нест?
XS
SM
MD
LG