Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори бе рақобати солим


Таъмини шароит барои рақобати солим дар миёни корхонаҳои тавлидии давлатӣ ва хусусӣ, мавзӯи баҳс дар миёни мақомоти давлатӣ ва коршиносон аст.

Ин баҳс баъд аз он сурат гирифт, ки Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, кам кардани арзиши аслии маҳсулоти тавлидиро омили асосии рақобатпазирии корхонаҳои тавлидӣ дар бозор хонд.

Коршиносон ба ин назар мувофиқанд. Вале ба эътиқоди онҳо давлат ин шароитро фароҳам накардааст. Баръакс, бо додани имтиёз ба бархе аз корхонаҳо рақобати носолимро ба вуҷуд овардааст.

Барои "Талко" 8 дирам, барои дигарон 28

Барои мисол, нерӯи барқ омили аслии таъмини рушди иқтисод дар Тоҷикистон аст. Вале на ҳама корхонаҳо нерӯи барқро аз давлат ба як қимат мехаранд. Масалан, корхонаи алюминиюми тоҷик агар як киловат соат нерӯи барқро 8 дирам бихарад, дигар корхонаҳо, бахусус, корхонаҳои нассоҷӣ, ки дар барномаи дурнамои давлат бояд сутуни иқтисоди ҷумҳуриро ташкил кунанд, як киловат соат нерӯи барқро ба 28 дирам ва аз ин ҳам бештар мехаранд.

Аммо Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, ба ин иддао розӣ нест. Вай афзуд, "корхонаи алюминиюм нерӯи барқро ба миқдори зиёд мехарад. Ба ин далел давлат ба ин корхона имтиёз додааст. Ин корхона ҳамчунин андозҳои ғайримустақим низ ба буҷа пардохт мекунад."

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Проффесор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ин иддаоро намепазирад. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон барқи зиёдатие тавлид намешавад, ки онро умда бифурӯшанд.

Вай мегӯяд, "Нархномаҳое, ки дар фурӯши барқ таъйин шудаанд, ба меъёрҳои муносибатҳои бозорӣ муғойират дорад. муносибатҳои бозорӣ нархномаи ягонаро тақозо мекунад ва новобаста аз он, ки он корхонаи алюминиюм аст ё корхонаи нассоҷӣ ва ё гӯшту нонпазӣ, тариф ё нархнома бояд як хел бошад."

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Фасод ва манфиатдорӣ

Оқои Умаров омили аслии гуногунии нархномаҳои фурӯши барқ, имтиёзҳои додаи давлат ва рақобати носолимро вуҷуди фасод ва манфиатдории бархе аз мақомоти давлатӣ дар корхонаҳо хонд.

Вай гуфт, "коррупсия намебуд, албатта, сатҳи рақобати солим баланд мешуд. Ин ба назари ман ҳамин хел аст, ки нархи барқро аз ҳисоби дигар корхонаҳо барои корхонаи дигаре, аз ҷумла "Талко" арзон мекунанд. Корхонаҳое ҳаст, ки ҳеҷ кас парвои онҳоро надорад. Корхонаҳое ҳаст, ки аз сӯи мақомдоре пуштибонӣ мешавад. Ба ин корхонаҳо имтиёзи андоз, гумрук ва нархи арзон қоил мешаванд."

Фирӯз Саидов аз Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба ин гуфтаҳо мувофиқ аст. Ба гуфтаи вай, ширкати "Барқи тоҷик" монополисти бозори фурӯши барқ аст ва то замоне, ки рақиб пайдо накунад, танзими нарх сурат намегирад.

Вай гуфт, "то замоне, ки "Барқи тоҷик" монополист боқӣ мемонад ва ширкатҳои дигар ба фурӯши барқ роҳ намеёбанд, қиммати барқро худаш таъйин мекунад ва маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон тавлиқ мешавад, дар муқобили моли тавлидотӣ дар кишварҳои минтақа рақобатпазир нахоҳад буд."

Фирӯз Саидов
Ба гуфтаи Фирӯз Саидов нархномаҳои барқ бояд дар фасли тобистон, ки барқ зиёд аст, барои ҳама корхона ва муассиса арзон шавад ва имтиёзҳо дар мавриди бархе аз корхонаҳо лағв карда шавад. Дар он сурат имкон дорад то ҷое рақобати солим таъмин шавад.

Фирӯз Саидов:Корхонаҳо муфлис мешаванд

Дар ҳамин ҳол, Сайидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, гуфт, ки давлат чунин тасмимро дорад. Вай афзуд, "мо тасмим дорем дар оянда дар фасли тобистон қиммати барқро барои бархе аз корхонаҳо аз рӯйи нархномаи мавсимӣ арзон кунем."

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба 28 корхона дар пардохти андозу нархномаҳои гумрукӣ ва нерӯи барқ имтиёз додааст. Аз ҷумла, ба ширкати "Талко", ширкати "ТоҷИрон", корхонаи "Сементи тоҷик" ва чанд корхонаи сохтмониву тавлидии дигар.

Ба бовари проффесор Ҳоҷимуҳаммад Умаров "дар чанд соли ахир ба далели вуҷуди рақобати носолим шоҳиди он будем, ки ҳудуди чиҳил корхонаи хусусии миёна ва кӯчак кори худро қатъ карда, ба кишварҳои дигари минтақа рафтанд."

Чанде аз корхонаҳои нассоҷӣ низ ба далели гаронии нерӯи барқ ва андозҳо ва адами рақобат дар бозор, фаъолияти худро маҳдуд карда, бархе аз онҳо аз кор мондаанд. Зеро моли тавлидкардаи ин корхонаҳо ба фурӯш нарафта, ҳудуди 14 корхона ба муфлисшавӣ рӯ ба рӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG