Пайвандҳои дастрасӣ

Якумр ташнаи илму дониш мондаам


Асалмоҳ Давлатова ва наберааш Воситҷон

Асалмоҳ Давлатова ва наберааш Воситҷон

Ман, Асалмоҳ Давлатова, сокини деҳаи Шайнаки ноҳияи Ҳисор, 75 сол дорам ва мехоҳам, қиссаи худро ҳикоят кунам.

Дар айёми мактабхониам, ки ба аввали солҳои 1940-ум, даврони фақру қимматӣ, ташкили колхозу совхозҳо рост омад, дар қалби кӯчакам орзуи таҳсил ҷӯш мезад. Вале вазъи ногувори мактаби деҳаамон нагузошт, ки орзуям ҷомаи амалӣ пӯшад.

Ҳоли мактабҳои ҳозираи деҳотро баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мебинаму вазъи мактаби деҳаи худамон дар он солҳо ба ёдам меояд. Вақте аз радио шунидам, ки 5 ҳазор духтар дар кишварамон аз мактаб дур мондаанд, росташ, дилам хун гирист.

Солҳои мактабхонии ман, ёдам ҳаст, теъдоди зиёди муаллимони мо ба ҷанги зидди фашизм рафтаву барнагаштанд ва ё маҷрӯҳу маъюб баргаштанд. Як муаалим чанд риштаро дарс медод ва ё хонандагони синфҳои болоӣ муаллимонеро, ки ба ҷанг рафта буданд, иваз мекарданд. Ҳоло ҷанг нест, аммо ҳамин гуна ҳолат аст.

Ба замми ин, он солҳо китобу дафтар намерасид, зеро мамлакат дар ҳоли ҷанг буд ва касе ғами ин чизҳоро намехӯрд.

Фарқ миёни мактаби деҳаи мо дар он солҳо ва мактабҳои ҳозира ҳамин аст, ки муаллимони мо барои сарнагун кардани фашизм рафтанду муаллимони ҳозира ба муҳоҷират, яъне барои ёфтани бурдаи нон ва сер кардани шиками фарзандонашон.

Ман, ки ташнаи дониш будам, сатҳи дониши муаллимонамон маро қонеъ намекард ва ба худомӯзӣ шурӯъ кардам. Хонаводаи мо рӯҳонӣ буд, вале падарам, ки марди бозаковате буд, шавқу талошҳои маро дар роҳи илмомӯзӣ дида, мувофиқи тавонаш бароям василаи таълимро дар мактаб ва хона муҳайё мекард. Аз китобхонаҳои пойтахт китобҳои гуногунро бароям меовард. Ман онҳоро мехондам ва дар ҷустуҷӯи китобҳои нав меафтодам.

Солҳои баъдӣ баробари боло рафтани сатҳи мактабу маориф шароити мактаби деҳаи мо низ беҳтар шуд, вале ман аз худомузӣ даст набардоштам. Ҳамин талошҳо буд, ки фанҳои дақиқро ба монади алгебраву химия, физикаву геометрия ва ҳам забону адабиёт ва таърихро аз худ кардам.

Вақте ба синни балоғат расидам, ҳамдеҳагон ва устодону масъулони ҳукумати маҳаллӣ, ки аз донишу заковати ман ба хубӣ огаҳ буданд, маро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мекарданд ва кӯшиши онро доштанд, ки ман таҳсиламро дар Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ идома диҳам. Афсӯс, ки он солҳо хонаводаҳои деҳот ба таҳсили духтарон бартарӣ намедоданд, чӣ расад ба оилаи мо ки эшонзодаанд.

Шавҳар кардам ва соҳиби 5 фарзанд шудам, вале шавқи хондану омӯхтан ҳаргиз маро тарк накард.

Баъзан пайвандон ва ҳамсояҳоям китоберо ва ё рӯзномаву маҷаллаеро бинанд, шӯхиомез мегӯянд барои Асалмоҳ бубаред, хонад ва маънояшро гӯяд.

Ман аз сӯҳбати занони деҳа, меҳмониҳои тӯлонӣ ва ғайбати ҳамсояҳо ҳамеша худро дур мегирам ва ба ҷои он хондани як китобро авлотар медонам. Фарзандонам ва набераҳоямро худам омӯзиш медиҳам. То ба мактаб рафтанашон ба онҳо ҳамаи фанҳоро меомӯзам, яъне замина барои таҳсилашонро дар хона мегузорам. Ин аст, ки борҳо аз муаллимонашон ва маъмурияти мактаб аҳсану офарин шунидаам.

Бо писарону арӯсон ва наберагон

Ҳамаи фарзандон ва набераҳоям донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардаанд. Солҳои охир, ки таҳсил пулакӣ шуд, ман чандин говҳои зотии ҷӯшоиямро фурӯхта, набераҳоямро ба донишгоҳ дохил кардам.

Барои ман фарқ надорад, ки писар аст ё духтар, ҳамсоя чӣ мегӯяду намегӯяд, ҳамаи онҳоро хонондам.

Бисёрии онҳо бо дониши худ дохил шуданду донишгоҳҳои мухталифро хатм карданд. Агар баҳои ду мегрифтанд ва ё аз имтиҳон меафтоданд, аз тарси ман, то баҳояшонро ислоҳ накунанд ва ё имтиҳонашонро насупоранд, ба хона намеомаданд. Духтаронам яке муаллим, дигаре духтур, саввумӣ мураббии боғча шуда, кор мекунанд, вале писарон бо сабаби камии маош солҳост, ки дар муҳиҷиратанд. Аммо донишу малака, ки доранд, дар ҳеҷ куҷо хор намешаванд. Нонашонро меёбанд.

Синнам агарчӣ ба 80 наздик мешавад, тан ба пирӣ намедиҳам. Дар баробари рӯзаву намоз, ки қарзи Худованд аст, фарзи онро низ ки аз гаҳвора то гӯр хондану дониш омӯхтан аст, ба ҷо меорам.

Ҳоло ки дурии фарзандон, ғаму дарди замона асои пирӣ ба дастам додааст ва бемории қалб ба бистарам кашиданист, хонаи хилват ихтиёр кардаву айнакҳоямро монда, рӯзномаву маҷалла ва китобҳои бадеиро мехонам.

Набераҳоямро дар атрофам ҷамъ карда, маънои китобҳои хондаамро нақл мекунам. Ба суолҳои беохири онҳо ҷавоб медиҳам.

Бо талошу пофишориҳоям писарон ва набераҳоям ба худ ҷуфти таҳсилкарда интихоб карданд. Чунки одами бесаводро дӯст намедорам. Барои хонаводаи мо маросими аскаргуселкунӣ ҳамеша хотирмон мегузарад. Ташаббускори он низ манам. Зеро аз хурдиашон ин маъниҳоро, ки «Ватан ва модарро интихоб намекунанд, хидмат ба ватан хидмат ба модар аст»-ро ба гӯши фарзандон мерезам.

Чанде пеш хабар омад, ки набераам Воситҷон, ки дар хидмати ватан аст, савганд ёд мекунад. Ман, ки он рӯз худро чандон хуб ҳис намекардам ва бемории қалб азиятам медод, тамоми қуваамро ҷамъ карда, аз ҷой хеста либосҳои наву идонаамро пӯшидаму ҳамроҳи падару модари Воситҷон ба қисми ҳарбиаш рафтам.

Бароям хеле аҷиб ва хотирмон буд дидани мароими савганди асакрбачаҳо. Онҳо бо қаду қомат, дасту бозӯ, андому пайкарҳои гуногун якояк баромада, матни савгандро аз китоби зебову мунаққаше мехонаданд.

Вақте навбати Воситҷони ман шуд ва ӯ савганди вафодорӣ ба ватанро ба забон меовард, ҷониби ман нигоҳе андохту сарашро баланд карда, савгандро бо як садои баланду мутантан аз ёд ба забон овард ва парчами миллиамонро бӯсид.

Ман ашк мерехтам. Ашки ман ашки андӯҳ набуд, балки ашки шодмониву қаноатмандӣ буд. Яъне, талошҳои ман, ки як зани оддии деҳот, вале як умр ташнаву дар талоши илму дониш будам, имрӯз самар медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG