Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар ҷустуҷӯи бомбгузорони Домодедово


Раисиҷумҳури Русия хатои амниятиро сабаби таркиши Домодедово номид ва муҷозоти омилонро талаб кард.

Бар асари таркиши муқтадири шоми душанбе дар яке аз пуриздиҳомтарин фурудгоҳҳои Маскав, дастикам 35 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти амниятии Русия эътироф мекунанд, ки аз имкони чунин ҳамла ҳушдор дода буданд, вале натавонистаанд аз он ҷилавгирӣ кунанд.

Медведев дар паёми телевизионияш пас аз лаҳзаи сукут дар гиромидошти хотираи қурбониёни таркиш эҳсосотӣ буд ва ашки худро пок мекард.

Вай гуфт: "Терроризм таҳдиди асосӣ ба давти мост, таҳдиди асосие ба Русия ва шаҳрвандонаш."

Медведев мудирону маъмурони амниятии фудургоҳи "Домодедово"-ро шадидан танқид кард. Вай гуфт, камбуд дар таъмини амният дар ин ҷо ба бомбгузорони худкуш имконият дод, дар пуродамтарин ҷои фурудгоҳ таркише ба амал оварда, дарёи хунро ҷорӣ намоянд. Вай афзуд, раҳбарони фурудгоҳ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Сарони фурудгоҳ интиқодҳоро напазируфтаанд ва мегӯянд, чораҳои амниятӣ ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ буданд ва полиси нақлиётии Русия сабабгори фоҷиа шудааст.

Коршиносони амниятӣ камбуди амният дар фурудгоҳи "Домодедово"-ро иқрор мекунанд. Соли гузашта аз ин фурудгоҳ 22 миллион нафар гузаштаанд.

Семен Бару, олими Фарҳангистони удуми Русия, ки дарвозаи муайянкунандаи ташашшӯи ҳастаӣ ихтироъ кардааст, мегӯяд, фурудгоҳи "Домодедово" танҳо як чунин дарвозаро харидорӣ карда, аммо бо баҳонаи он ки худи он ташшаӯи хатарнок дорад, аз истифодааш даст кашидааст.

Бисёриҳо мегӯянд, тафтиши амниятӣ дар фурудгоҳ бештар як чораи расмӣ ва зоҳирист ва он мавҷудияти маводи таркандаи ғайрифилизиро кашф намекунад.

То ҳол ягон шахс ё гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо гумон рӯи ситезаҷӯёни исломии минтақаи ноороми Қафқози Шимолӣ афтодааст. Пажӯҳишгарон гуфтаанд, таркишро марди тануманди тақрибан 30-35- сола анҷом додааст. Бино бар гузоришҳои дигар, зани худкуш низ мумкин аст, дар ин воқеа ширкат карда бошад.

Шӯришгарони Қафқози Шимолӣ масъулияти чандин ҳамла ба Русияро бар дӯш гирифтаанд. Ба монанди гаравгонгирӣ дар мактабе дар Беслан дар соли 2004, ки бар асари он зиёда аз 330
нафар кушта шуданд.

Моҳи марти соли гузашта ду зани худкуш аз Доғистон 40 мусофирро дар метро ба ҳалокат расонданд. Агар ҳамлаи шоми душанбе аз тарафи ошӯбгарони Қафқози Шимолӣ ба амал омада бошад, ин аз тағйири шеваи кори онҳо ва баргузида шудани маҳалҳое бо ҳузури хориҷиён хабар медиҳад.

Вазорати умури изтирории Русия мегӯяд, ҳашт шаҳрванди хориҷӣ дар ин ҳамла кушта шудаанд. Ду шаҳрванди Британия, як нафар аз Олмон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Булғористон ва Украина.

Аммо бархе аз коршиносон мухолифи ишора ба мардуми Қафқози Шимоляинд. Руслан Мартагов, журналист ва сиёсатшиноси чечен, ки қаблан дар Бунёди зиддитеррори Маскав кор кардааст, мегӯяд: "Ман ҳоли ҳозир аз сухане дар бораи нақши дасти қафқозиён худдорӣ мекунам. Бояд пажӯҳиш шавад. Вале як чиз гуфта метавонам, ки барои мақомоти Русия қафқозиҳо як баҳонаи осон шудаанд. Ҳар қадар ки интихобот наздиктар ояд, ҳар қадар ки вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ бадтар шудан гирад, таркишу бомбгузориҳо бештар мешавад. Ва ҳар дафъа аз нақши дасти қафқозиён сӯҳбат мекунанд. Дар ниҳояти амр, ҳамаи ин вертикали қудратро тақвияти бештар медиҳад."

Мусалламан, ҳамла тавоноии Русияро дар таъмини амнияти маъракаҳои бузурги байнулмилалӣ, ба монанди Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочӣ, ки бо Қафқози Шимолӣ ҳамсоя аст ва Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018-ро зери суол мебарад.

Лаҳзаи таркиш дар фурудгоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00
Линки мустақим


Фурудгоҳ баъд аз таркиш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG