Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилди нави "Санъати мусиқии Помир" чоп шуд


Санъатшиносони тоҷик пажӯҳиши чиҳилсолаи худ дар бораи дирӯзу имрӯзи мусиқии суннатии мардуми вилояти Бадахшонро ба анҷом расонидаанд.

Низом Нурҷонов, санъатшиноси тоҷик ва Файзулло Кароматов, муарриху санъатшиноси тоҷики муқими Узбакистон, ҳанӯз дар соли 1959 бо дастури Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба пажӯҳиши мусиқии суннатии мардуми Помир шурӯъ карданд. Онҳо натиҷаҳои аввали пажӯҳиши худро дар ду ҷилд рӯйи чоп оварда буданд.

Оқои Нурҷонов мегӯяд, дар тӯли ин солҳо маводи зиёде дар бораи мусиқии сунатии Бадахшон гирдоварӣ кардааст, ки ба камияш 5-6 ҷилд китоб мешавад, вале бо сабабҳои мухталиф ин пажӯҳиш ба дарозо кашидаву ӯ натавонистааст ҷилдҳои дигари китобро ба чоп расонад.

Низом Нурҷонов, санъатшиноси тоҷик
"Сабабҳо бисёр буданд. Аввал ин ки саломатиям начандон хуб буд. Дигар ин, ки тадқиқот вақту маблағи зиёдро талаб мекунад. Баъдан, донишманди хуби мо Файзулло Кароматов ба Тошканд кӯчида рафт ва медонед, ки рафту омад ва ҳамкориҳо начандон дилхоҳанд. Ман натавонистам ин кори хайрро ба зудӣ анҷом диҳам. Бо кӯмаки Донишгоҳи осиёии воқеъ дар шаҳри Бишкек ва ҳамдастии донишманди ҷавони Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Баҳриниссо Қобилова мо ин корро аз нав шурӯъ кардем ва ду ҷилди аввали китобро бори дигар ва ҷилди нав ва севвуми ин китобро ба табъ расонидем"
,-афзуд ӯ.

Ахиран се ҷилди китоби "Санъати мусиқии Помир" бо пуштибонии молии Донишгоҳи Осиёи Миёна дар Бишкек рӯйи чоп омада, дар маркази "Исмоилиҳо" дар машаҳри Душанбе муаррифӣ шуд.

Мусиқии қадимии мардуми Бадахшон таваҷҷӯҳи на танҳо санъатшиносону бастакорон, балки коргардонҳову филмноманависони маҳалливу хориҷиро ҷалб кардааст. Намунаҳое аз мусиқӣ ва таронаҳоро, ки вазъу ҳол ва таъриху санавишти мардуми кӯҳистонро дар тӯли таърих бозгуӣ мекунад, мешавад дар намоишномаҳои театрӣ ва филмҳои мустанаду ҳунарии истеҳсоли филмбардорони дохиливу хориҷӣ вохӯрд.

Баҳриннисо Қобилова, корманди Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо гурӯҳи Низом Нурҷонов дар ин экспедитсия барояш муфид ва пурбор будааст. Зеро ӯ бо намунаҳои хеле зебо ва камназири мусиқии сунатии мардуми тоҷик шинос шуда, андаке ҳам бошад дар ҳифзу гиромидошти он саҳм гузоштааст.

Вай мегӯяд, Фарҳангистони улум дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ чунин пажӯҳишҳо гузаронидааст, вале тамоми ин тадқиқот собит кардаанд, ки нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар мусиқии қадимиву суннатӣ дар Бадахшон ба таври асил ва дастнохӯрдаву таъсирнадида боқӣ мондааст. Ӯ бар ин аст, ки вазифаи ҷонии на фақат донишимандону санъатшитносон, балки мақомоти маҳаллӣ ва кулли мардуми кишвар аст, ки ин ганҷи бебаҳоро ҳифз созему барои наслҳои оанда ба мерос гузорем.

Баҳриннисо Қобилова афзуд, "мо ин намунаҳои мусиқиро сабт карда, ба нота дароварда дар шакли китобҳои махсус чоп кардем ва онҳоро дар фиттаҳо гузаронида дар ихтиёри донишгоҳҳои мусиқӣ консерватория ва мактабҳои мусиқӣ хоҳем гузошт. Муҳим ин аст, ки ҳунармандони ҷавоне ба монади Нобовар Чаноров ин мусиқиҳои қадимиро ҳатто бо эстрада ҳам хуб иҷро мекунанд ва мо донишмандон мебинем, ки таъсир ва тағйирот тақрибан дар онҳо ворид нашудааст. Ҳайф аст, ки чунин ганҷина аз назарҳо дур монад ва фаромӯш шавад ва ё махлут бигардад."

Ба ин тартиб, Пажӯҳишгоҳи таъриху этнографияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Миёна дар Бишкек тасмим доранд, дар баробари се ҷилди китоби донишмандону санъатшиносони тоҷик бо номи "Санъати мусиқии Помир", ки аз мусиқии маросимӣ, тӯю мотам иборат аст, дар ояндаи начандон дур, ду ҷилди дигари онро низ бо се забон, тоҷикӣ русӣ ва англисӣ ба табъ расонанд.
XS
SM
MD
LG