Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигаргуниҳо дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон


Раисиҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳайати ҳукумат дигаргуниҳое ба вуҷуд овард.

Бино ба фармонҳои охири раисиҷумҳур Давлаталӣ Ҳотамов, ки дар мақоми мудири Бунгоҳи "Тоҷикстандарт" кор мекард, сафири Тоҷикистон дар Эрон таъин шуда, ба ҷои ӯ Бахтиёр Шукуров раиси "Тоҷикстандарт" муқаррар гашт.

Ҳамчунин бо амри президент Талбак Салимов раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Музаффар Исҳоқов мудири кулли ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Сафиаллоҳ Девонаев сардори Хадамоти муҳоҷират, Далер Рашидбеков мудири Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Амонулло Ашӯр, ки аз мақоми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон барканор шуд, мудири Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Алимурод Маҳмадалиев пас аз барканорӣ аз вазифаи мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» сардори Идораи хоҷагии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Интизор мерафт, тағйир дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи он рӯзи 17-уми январ ба вуқӯъ мепайваст, аммо ин ҳамоиш бидуни таҳаввулоте ба поён расида, раванди тағйири кадрӣ бо қарорҳои ҳукумат ва фармонҳои раисиҷумҳур ҷараён ёфт.
XS
SM
MD
LG