Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Чин: Муҳимтарин дидор дар сӣ соли ахир


Ҳу Ҷинтао ва Барак Обама, раҳбарони Чин ва ИМА, бар аҳамияти равобит ва эҳтироме, ки миёни онҳо вуҷуд дорад, таъкид карданд.

Ҳу Ҷинтао эълом кард, ки Чин омода аст, то бар пояи эҳтироми ду ҷониба ва адами дохила дар умури дохилии Чин, гуфтугӯ дар хусуси ҳуқуқи башарро пайгирӣ кунад.

Ҳу Ҷинтао, ки дар нишасти хабарӣ пас аз дидор бо ҳамтои амрикоии худ Барак Обама сухан мегуфт, таъкид кард ки дар заминаи ҳуқуқи башар дар Чин “ ҳанӯз корҳои бисёре бояд анҷом шавад”

Дидори раҳбарони Амрико ва Чин, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Сафед анҷом шуд, муҳимтарин дидори раҳбарони ду кишвар дар 30 соли ахир ба шумор меравад. Барак Обама сафари Ҳу Ҷинтао ба Амрикоро “пояе барои сӣ соли дигар аз равобит миёни ду миллат” номидааст.

Раиси ҷумҳури Чин пас аз ин дидор дар нишасти хабарии муштараки худ дар Кохи Сафед бо пурсишҳои гуногун дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Чин рӯбарӯ шуд.

Ҳу Ҷинтао пас аз бепосух гузоштани суолҳои аввал дар мавриди ҳуқуқи башар дар Чин, пас аз такрори ин пурсишҳо изҳор дошт: “Чин ҷаҳоншумул будани ҳуқуқи башарро ба расмият мешиносад ва ба он эҳтиром мегузорад, аммо дар айни ҳол мӯътақидем, ки дар заминаи ҳуқуқи башар шароити мутафовити кишварҳоро низ бояд дар назар дошт.”

Вай бо таъкиди ин нуқта, ки “кори зиёде дар заминаи ҳуқуқи башар дар Чин бояд анҷом шавад” афзуд: “Чин як кишвари дар ҳоли тавсеаи ҷамъияти бузург аст ва кишвар дар ҳоли тавсеае аст, ки дар марҳалаи ҳаётӣ аз ислоҳоти худ ба сар мебарад.”

Раиси ҷумҳури Чин бо ин ҳол дар идома гуфт, ки кишвараш дар пайванд бо ҳуқуқи башар “пешрафти бузурге” кардааст ва “ ҳамеша мутааҳҳид” ба ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва густариши ин ҳуқуқ будааст.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар ин нишасти хабарии муштарак изҳор дошт, ки Пекин ва Вошингтон дидгоҳҳои мутафовит дар робита бо ҳуқуқи башар ва озодӣ доранд. Вай гуфт : “Низоми сиёсии Чин бо мо тафовут дорад в Чин нисбат ба мо дар марҳалаи мутафовите аз тавсеа қарор дорад.”

Барак Обама бо афзудани ин, ки масоиле монанди озодиҳои баён ва мазҳаб гоҳ-гоҳ маншаи таниш миёни ду кишвар мешаванд, изҳор дошт: “Аммо ба назари ман аз замони нахустини оддисозии муносибот миёни ИМА ва Чин дар 30 соли пеш, кишвари Чин роҳи такомулро паймудааст.”

Раиси ҷумҳури Амрико дар идома гуфт: “Интизори ман ин аст, ки 30 сол пас аз ин, мо шоҳиди такомул ва дигаргуниҳои бештаре бошем.”

Кохи Сафед маросим ва муносибатҳои гуногунеро барои пазироӣ аз раиси ҷумҳури Чин тадорук дидааст ва Ҳу Ҷинтао қарор аст дар ин сафар бо шуморе аз қудратмандтарин раҳбарони тиҷории Амрико аз ширкатҳое чун “General Electric”, “Coca-Cola”, ва “Boing” дидан кунад.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико пеш аз сафари Ҳу Ҷинтао ба Амрико, аз Чин дархост кард мухолифонро озод кунад. Хонум Клинтон дар остонаи ин сафари оқои Ҳу Ҷинтао дар суханоне гуфт, ки ҳуқуқи башар ҷаҳоншумул аст ва масоили вобаста ба он дар Чин баёнгари он аст. ки давлати ин кишвар “ ба ваъдаҳои худ амал накардааст.”
XS
SM
MD
LG