Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, пас аз пирӯзӣ дар бозии охирини сабқати гурӯҳии мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар тими “Нефтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 5-0 ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии охирини “Истиқлол” дар сабқати гурӯҳи “А” бо қаҳрамони Қирғизистон 18-уми январ дар Қасри бозиҳои варзишии «Зенит» баргузор шуд. Голҳоро дар нимаи дуввуми дидор Маҳмадалӣ Содиқов, Комил Саидов (ду гол), Фатҳулло Фатҳуллоев ва Иброҳим Рабимов ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» «Интер»-и Озарбойҷон бар «Искра-Стал»-и Молдова бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.

Ба ин тартиб «Интер» бо 9 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 7-0) дар ин гурӯҳ ғолиб шуд. “Истиқлол” (таносуби тӯбҳо – 6-4) ва «Искра-Стал» (таносуби тӯбҳо (2-2) 4-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” мақоми дуввумро касб кард ва ҳамроҳи “Интер” ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, роҳ ёфт.

"Истиқлол" дар чаҳорякфинал бо ғолиби гурӯҳи "В" - тими "Сконто"-и Латвия ва "Интер" бо дастаи "Мика"-и Арманистон, ки дарин гурӯҳ мақоми дуввумро касб кард, қувва меозмоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG