Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, дар сабқати гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ИДМ дар ду бозӣ як имтиёз ба даст оварда барои ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфтан талош дорад.

Қаҳрамони Тоҷикистон нахуст бозиашро дар Қасри бозиҳои варзишии «Зенит» бо тими «Искра-Стал»-и Молдова бо ҳисоби 1-1 анҷом дод. Фарҳод Тоҳиров, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 46-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди ду дақиқа молдавиҳо ҳисобро баробар намуданд. Голи ҷавобиро Килакевич ба самар расонд.

Ҳайати "Истиқлол" дар ин бозӣ чунин буд: Тӯйчиев, Раҷабов, Д.Эргашев, Сувонқулов, Ҳабибуллоев, Фатҳуллоев (Сабуров, 84), Давронов, Содиқов (Рабимов, 88), Ҷалилов (Восиев, 52), Тоҳиров (Саидов, 90), Рабиев.

Дар даври дуввуми мусобиқот, ки дар Маҷмааи варзишиву фарҳангии «Петербург» баргузор шуд, “Истиқлол” аз тими «Интер»-и Озарбойҷон бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Ҳисоб дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ кушода шуд. Пас аз зарбаи легионер Бронислав Червенка тӯб ба сари Даврон Эргашев, ҳимоятгари «Истиқлол», бархӯрда, вориди дарвоза гардид.

Дар нимаи дуввуми бозӣ қаҳрамони Озарбойҷон боз ду голи дигар зад. Легионери латвиягӣ Гиртс Карлсонс голи дуввумро дар дақиқаи 64-ум ба самар расонд. Шаҳриёр Рагимов, бозигари «Интер», ки дар нимаи дуввум ба майдон омад, 11 дақиқа қабл аз анҷоми қувваозмоӣ ҳисобро афзун намуд.

“Истиқлол” дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ҳунарнамоӣ кард:
Тӯйчиев (Юлдошев, 88) , Раҷабов (О.Эргашев, 78), Д.Эргашев, Сувонқулов, Ҳабибуллоев (Абрамов, 48), Фатҳуллоев, Давронов, Содиқов (Рабимов, 69), Восиев (Сабуров, 68), Тоҳиров, Рабиев (Саидов, 72).

Дар ду бозии дигари гурӯҳи «А», «Интер»-и Озарбойҷон бар «Нефтчӣ»-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 ва «Искра-Стал»-и Молдова бар «Нефтчӣ»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб «Интер» бо 6 имтиёз дар ин гурӯҳ пешсаф аст ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо «Искра-Стал» (18-уми январ) ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Қаҳрамони Молдова бо 4 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифтааст. «Истиқлол» бо як имтиёз севвум аст. Ҳарду даста барои роҳхати дуввум талош доранд.

«Истиқлол» бозии охиринашро дар сабқати гурӯҳӣ 18-уми январ бо тими «Нефтчӣ»-и Қирғизистон анҷом хоҳад дод. “Истиқлол” танҳо дар мавриди пирӯзӣ бар “Нефтчӣ” ва бохти “Искра-Стал” аз тими “Интер” бо ҳисоби бузург имкон дорад, ки ба чаҳорякфинал барояд. Вале футболбозони қирғиз, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгиранд, имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст додаанд.

Мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, иштирок хоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби ҷавонони Русия танҳо дар сабқати гурӯҳӣ ширкат меварзад.

Мавқеъи дастаҳо
Гурӯҳи А

Ҷ

Даста

Б

Ғ

М

Б

Гз

Гс

И

1

"Интер" (Озарбойҷон)

2

2

0

0

6

0

6

2

"Искра-Стал" (Молдова)

2

1

1

0

2

1

4

3

"Истиқлол" (Тоҷикистон)

2

0

1

1

1

4

1

4

"Нефтчӣ" (Қирғизистон)

2

0

0

2

0

4

0

Гурӯҳи В

Ҷ

Даста

Б

Ғ

М

Б

Гз

Гс

И

1

"Сконто" (Латвия)

2

1

1

0

3

1

4

2

"Тобол" (Қазоқистон)

2

1

1

0

4

3

4

3

"Бунёдкор" (Узбакистон)

2

0

1

1

2

3

1

4

"Мика" (Арманистон)

2

0

1

1

2

4

1

Гурӯҳи С

Ҷ

Даста

Б

Ғ

М

Б

Гз

Гс

И

1

"Шахтёр" (Беларус)

2

1

1

0

3

2

4

2

"Зенит" (Русия)

2

1

1

0

2

1

4

3

"Флора" (Эстония)

2

1

0

1

3

1

3

4

"Небитчӣ" (Туркманистон)

2

0

0

2

1

5

0

Гурӯҳи D

Ҷ

Даста

Б

Ғ

М

Б

Гз

Гс

И

1

Мунтахаби ҷавонони Русия

2

2

0

0

5

2

6

2

ХИК (Финляндия)

2

1

0

1

1

1

3

3

"Динамо" К (Укроин)

2

0

1

1

1

2

1

4

"Экранас" (Литва)

2

0

1

1

3

5

1

15-уми январ (шанбе)

1. «Интер» (Озарбойҷон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3-0.
2. «Искра-Стал» (Молдова) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)- 1-1.
3. «Тобол» (Қазоқистон) – «Бунёдкор» (Узбакистон) – 2-1.
4. «Небитчӣ» (Туркманистон) – «Шахтёр» (Беларус) – 1-2.
5. «Динамо» К (Укроин) – ХИК (Финляндия) – 0-1.
6. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Экранас» (Литва) – 4-2.
7. «Зенит» (Русия) – «Флора» (Эстония) – 1-0.
8. «Сконто» (Латвия) – «Мика» (Арманистон) – 2-0.

16-уми январ (якшанбе)

9. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Интер» (Озарбойҷон) – 0-3.
10. «Нефтчӣ» (Қирғизистон) - «Искра-Стал» (Молдова) – 0-1.
11. «Мика» (Арманистон) - «Тобол» (Қазоқистон) – 2-2.
12. «Бунёдкор» (Узбакистон) – «Сконто» (Латвия) – 1-1.
13. «Экранас» (Литва) - «Динамо» К (Укроин) – 1-1.
14. «Флора» (Эстония) – «Небитчӣ» (Туркманистон) – 3-0.
15. ХИК (Финляндия) – мунтахаби ҷавонони Русия – 0-1.
16. «Шахтёр» (Беларус) – «Зенит» (Русия) – 1-1.

18-уми январ (сешанбе)

17. «Интер» (Озарбойҷон) – «Искра-Стал» (Молдова).
18. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
19. «Тобол» (Қазоқистон) – «Сконто» (Латвия).
20. «Мика» (Арманистон) - «Бунёдкор» (Узбакистон).
21. ХИК (Финляндия) - «Экранас» (Литва).
22. «Шахтёр» (Беларус) - «Флора» (Эстония).
23. Мунтахаби ҷавонони Русия – «Динамо» К (Укроин).
24. «Зенит» (Русия) – «Небитчӣ» (Туркманистон)

19-уми январ (чоршанбе)

¼ финал


25. А1 – В2.
26. Д1 - С2.
27. В1 – А2.
28. Д1 – С2.

21-уми январ (ҷумъа)

½ финал

29. Ғолиби бозии 25 – ғолиби бозии 26.
30. Ғолиби бозии 27 – ғолиби бозии 28.

23-юми январ (якшанбе)

Финал

31. Ғолиби бозии 29 – ғолиби бозии 30.

XS
SM
MD
LG