Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпромнефт"-и Русия - монополист дар Тоҷикистон?


Дар пайи болоравии роҳкиро ва фонди роҳ дар Русия нархи як литр бензин дар Тоҷикистон аз 1 доллар убур кардааст.

Давлати Русия 6 моҳ қабл дар содироти маводди сӯхт боҷи давлатӣ роҳандозӣ карда буд ва ба як тонна бензини воридотӣ 220 доллари амрикоӣ илова шуда буд.

Ахиран Русия қавл дода буд, ки дар авоили соли 2011 боҷи давлатиро лағв мекунад, вале то ба ҳол ин боҷ лағв нашудааст. Дар ҳоле, ки ширкати «Газпромнефт»-и Русия бозори маводди сӯхти Тоҷикистонро контрол мекунад ва монополисти ин бозор ба ҳисоб меояду қиммати маводди сӯхтро худаш таъин мекунад.

Хатари ҷиддӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Суҳроб Шарифов, раиси Маркази пажӯҳиши стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки монополия кардани бахше аз иқтисод дар дасти як кас ё ширкат амнияту суботи ҷумҳуриро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад.

Суҳроб Шарифов, раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон
Вай афзуд: «Воридоти маводди сӯхт ба Тоҷикистонро Русия монополия кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистонро хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ахиран давлат қарор карда буд, ки монополия шикаста шавад. Ва иҷозат дод, ки маводди сӯхт аз Қазоқистон, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон ворид карда шуавад. Вале мақомоти фасодзадаи мо, ки бо монополисти бозор забон як кардаанд, намегузоранд, ки ширкатҳои ватанӣ маводди сӯхтро аз кишварҳои дигар ворид кунанд».

Раиси Маркази пажӯҳиши стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки давлат ба хусус оҷонси зиддиинҳисории давлат муваззаф аст, шароити рақобатпазириро дар миёни ширкатҳои воридкунандаи маводди сӯхт фароҳам созад, то монополияи як ширкат аз байн биравад. Мақомоти давлатие, ки аз монополист пуштибонӣ мекунанду манфиати ин ширкатро дунбол мекунанд, шиносоӣ карда, муҷозот шаванд.

Ӯ афзуд, ин вазифаи аввалиндараҷаи оҷонси зиддииншисории давлат аст. Агар рақобати солим дар миёни ширкатҳои воридкунандаи маводди сӯхт таъмин шавад, дар он сурат нархи бензин дар Тоҷикистон осмонӣ намешуд.

"Бозори воридоти маводди сӯхт озод аст"


Аммо Акбар Хоҷаев, сардори раёсати оҷонси зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон, иддаоҳои Суҳроб Шарифов дар бораи вуҷуди фасод дар равобити кормандони давлатӣ бо монополистҳоро рад кард. Ӯ гуфт: «Дар бозори маводди сӯхт беш аз 170 ширкату тоҷири инфиродӣ ворид ҳастанд. Вале ширкати «Газпромнефт»-и Русия мавқеи бартарӣ дорад ва беш аз 70 дарсади ин бозор дар дасти ин ширкат аст. Бо вуҷуди ин воридот озод аст, ҳар кас ва ё ширкат метавонад худаш ворид кунад ва мо тарафдори он ҳастем, ки ширкатҳои зиёд дар ин бозор саҳм бигиранд».

Фахриддин Неъматов, тоҷире, ки қаблан ба воридоти маводди сӯхт машғул буд, гуфт, ки баъд аз омадани ширкати «Газпромнефт»-и Русия ба Тоҷикистон ширкатҳои дигар аз фаъолият монданд. Ба ин далел, ки ин ширкат тавони молии зиёд дорад ва замони арзонии маводди сӯхт ҳафми зиёди бензинро ба Тоҷикистон ворид карду бозорро ба даст гирифт ва пас ба боло бурдани нарх шурӯъ кард.

Ҷаноби Неъматов далели фаъолият накардани дигар ширкатҳои ватанӣ дар ин бозорро тавзеҳ дода гуфт: «Ҳар як соҳибкор ё тоҷир ҳақ дорад, маводди сӯхт ворид кунад, ба шарте, ки қарзи хуби яксола аз бонк дарёфт карда бошад. Вале ба қавли маъруф, дар беша, ки паланг пайдо шуд, рубоҳ аз он ҷо фирор мекунад. Ширкати бузург тавони молӣ дорад ва бозорро аз худ мекунад. Ман, ки пули зиёд надорам ва давлат барои рақобати мо бо «Газпромнефт» шароит фароҳам намекунад, маҷбурем аз ин бозор хориҷ шавем».

Ширкатҳои ватанӣ ба кумак ниёз доранд

Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, агар давлат хоҳад, метавонад монополияи ширкати «Газпромнефт»-и Русияро аз байн бубарад, дар сурате, ки аз тариқи бонкҳои тиҷоратӣ ба ширкатҳои ватанӣ дар вориди масодди сӯхт қарзҳои хуби яксола бидиҳад.

Дар ҳоли ҳозир ширкати «Газпромнефт»-и Русия на танҳо 70 фоизи маводди сӯхти Тоҷикистонро таъмин мекунад, балки аксарияти кулли нуқтаҳои бензинфурӯшӣ дар пойтахт ва шаҳру навоҳии ҷумҳуриро аз соҳибкорони ватанӣ харидааст ва дар ин бозорёбӣ бархе аз мақомоти Тоҷикистон ба ин ширкат кумак мекунад.

Ҳоло қиммати як литр бензин дар Тоҷикистон ба як доллар мерасад. Ва ахиран Русияро қимати бензини содиротиро ба далели болоравии қиммати роҳ ва аксизи андоз боло бурд. Вале Оҷонси зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон умедвор аст, ки бо лағви боҷи далватӣ дар содироти маводди сӯхт аз сӯи Русия қиммати он дар Тоҷикистон арзон хоҳад шуд.

Акбар Хоҷаев, раиси раёсати Оҷонси зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: «Русия аксизи андоз, нархи нигоҳдории фонди роҳро боло бурд ва агар боҷи давлатиро лағв кунад, эҳтимол дорад, қиммати бензин то 25 дарсад арзон шавад».

Ҳомии "Газпромнефт" кист?


Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, манзури раиси маркази пажӯҳиши стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ширкати «Газпромнефт» нест, балки ба гуфтаи ин коршиносон, манзур бархе аз мақомдорони Тоҷикистон аст, ки ҳамин ширкатро ба Тоҷикистон оварданд ва фаъолияти онро низ контрол карда, онро бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон моил карданд.

Ва ба ин далел дигар ширкатҳои ватанӣ наметавонанд аз бонкҳои тиҷоратӣ қарзи хубе барои воридоти маводди сӯхт дарёфт кунанд.
XS
SM
MD
LG