Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти «Истиқлол» дар бозии дуввуми санҷишӣ дар Қазон


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2011 дар шаҳри Қазони Тотористон пас аз пирӯзӣ бар тими ҷавонони «Рубин» бо ҳисоби 2:0 дар бозии дуввуми санҷишӣ аз тими дублёрҳо ё ҳайати захиравии «Рубин» бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид.

Ин бозӣ 10-уми январ дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд. Нахуст Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқлол», дар дақиқаи 40-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Вале баъдан мизбонон ду гол ба самар расонда, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев (Фарҳод Юлдошев, 46), Умед Ҳабибуллоев (Сергей Абрамов, 73), Соҳиб Сувонқулов, Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Дилшод Восиев, 52), Маҳмадалӣ Содиқов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Юсуф Рабиев (Комил Саидов, 81), Фарҳод Тоҳиров (Иброҳим Рабимов, 49).

Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Қазон то 13-уми январ идома хоҳад кард. Вай афзуд: «Мо дар ин ҷо бар асоси реҷаи корӣ омодагӣ мебинем ва 11-уми январ
боз як бозии санҷишӣ бо дастаи «Рубин-2» анҷом медиҳем. Дар ин марҳила ба мо ҳисоби бозӣ чандон муҳим нест. То оғози Ҷоми Иттиҳод ҳоло боз имкон дорем, ки аз паи рафъи камбудиҳо шавем ва ба мусобиқоти байналмилалӣ хуб омодагӣ бигирем».

Ба иттилои Олимҷон Рафиқов, футболбозони тоҷик 14-уми январ аз Қазон ба шаҳри Санкт-Петербург, ки дар ин ҷо 15-уми январ мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ мешавад, сафар мекунанд.

«Истиқлол» дар гурӯҳи «А» бо «Интер»-и Озарбойҷон, «Искра-Стал»-и Молдова ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии «Истиқлол» 15-уми январ бо тими «Искра-Стал»-и Молдова баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2011 бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ сурат мегирад. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ барои ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, ҳуқуқ пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG